Қазоқистон ба сифати кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон 100 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) мефиристад.
Бино ба иттилои хабаргузории Фергана, ин маълумотро зимни брифинг дар хадамоти коммуникатсияҳои марказӣ муовини вазири тандурустии ин кишвар Людмила Бюрабекова тасдиқ кардааст.
Қаблан рӯзноманигор Ерканат Копжасарули изҳор дошта буд, ки ҳукумати Қазоқистон барои харидории 100 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ҷиҳати ирсол ба Тоҷикистон 63,2 млн танга (153 ҳазор доллар) ҷудо мекунад.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ норозигӣ изҳор намуда, хотиррасон карданд, ки ҳозир “вазъият хеле бад буда, ба худи ҷумҳурӣ кумак лозим аст”.
Дар навбати худ дар Вазорати танурустӣ қайд карданд, ки кумак ба дигар кишварҳо таҷрибаи маъмул дар саросари ҷаҳон аст.
“Ҳозир ҳама давлатҳо ба ядигар кумак мекунанд ва мо низ дар канор намемонем. Пештар аллакай ба дигар кишварҳо кумак кардем. Айни замон ҳукумати Қазоқистон масъалаи то охири сол расонидани кумаки башардӯстона ба Тоҷикистонро бо дастгоҳҳои нафасиҳии сунъӣ баррасӣ дорад. Ин ҷо сари пурра муҷаҳҳаз гардонидани мошинҳои ёрии таъҷилӣ сухан меравад, яъне ин дастгоҳҳо баро интиқоли беморон истифода бурда мешаванд”, - гуфтааст Бюрабекова.
Муовини вазири тандурустии Қазоқистон зикр кардааст, ки чунин дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ дар вилояти Акмолински ин кишвар истеҳсол мешаванд.
Қобили зикр аст, ки аз оғози пандемия Қазоқистон аз Русия, Чин, ИМА, Амороти Муттаҳидаи Араб, Покистон, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо кумаки башардӯстона гирифтааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.