Ҷавононро дар интернет “имомони дурӯғин” ба гурӯҳҳои ифротӣ ҷалб мекунанд, оё метавонанд имомхатибони тоҷик муқобили онҳо муборизаи онлайнӣ баранд?
Мувофиқи омор аксар ҷавонони тоҷик чӣ дар қаламрави Русия ва чӣ дар Тоҷикистон маҳз ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ҷалб мешаванд. Ба ин мақсад чунин гуруӯҳҳо аз “имомони дурӯғин”- и интернетӣ истифода мекунанд, ки бо шарҳи ғалати сураҳои Қуръон, ҳадис ва ривоёти динӣ наврасону ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои худ моил ва ҷалб мекунанд.
Коршиносон ва ҷомеашиносон бар ин назаранд, ки имомхатибон ва таҳлилгарони масоили динӣ, барои пешгирӣ аз гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ бояд аз усулҳои худи онҳо кор гиранд. Яъне мебояд дар шабакаҳои интернетӣ барои муллоҳои суннатии мо саҳифаҳо, гурӯҳҳо ва ё сомонаҳое таъсис дод, ки дар онҳо бештар масоили динии барои шаҳрвандони Тоҷикистон муҳим баррасӣ шаванд.
То куҷо имомхатибони мо имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифа доранд ва фаъоланд? То куҷо онҳо омодаанд, ки бар муқобили «имомхатибони дуруғин» - и гурӯҳҳои ифротӣ истодагарӣ намоянд? Чӣ бояд кард, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ имомхатибон фаъол шаванд ва бар муқобили «имомхатибони дурӯғин» - и гурӯҳҳои ифротӣ мубориза баранд?
Дар ин мақола кӯшиш намудем ба ин саволҳо аз коршиносон ва худи имомхатибн посух ёбем.
Омӯзиши Имомхатибон
Воқеан мушоҳидаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳанд, ки дар муқобили ҳуҷумҳои катбию лафзӣ ва баҳсҳои мазҳабӣ бо экстремистону террористон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ягон имомхатиб ва ё умуман донандаи хуби ислом ҳузур надорад, то бо овардани ояҳои қуръонию аҳодиси набавӣ теғи забони онҳоро барои ҳамеша кунд кунад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Кумитаи дин, анъана ва ҷашну маросим дар якҷоягӣ бо Маркази исломшиносӣ, Шурои уламои Тоҷикистон ва созмонҳои дигар барои имомхатибони Тоҷикистон ҳамасола доир ба ин мавзуъҳо курсҳои омӯзишӣ мегузаронанд. Соле пеш “Пажӯҳишгоҳи инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон” (IWPR) дар чанд шаҳру ноҳияҳои кишвар машғулиятҳои омӯзишӣ баргузор намуд. Гуфта мешуд, ки ҳадафаш баланд бардоштани саводи расонаии имомхатибон ва омӯзиши онҳо ба равишҳои муосири мубориза бо тундгароии хушунатомез дар интернет мебошад.
Котиби матбуотии Кумитаи дин анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Афшини Муқим гуфт, ки дар соли 2019 бо иштироки 1472 ходими дин зиёда аз 10 курси бозомӯзӣ гузаронида шудааст.
“Яке аз мавзӯҳои асосии ин омӯзишҳо амнияти иттилоотӣ ва таъмини фазои амнияти иттилоотӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад. Дар ҳошияи ин дарсҳо бо дарназардошти мавқеи шабакаҳои иҷтимоӣ дар фазои иттилоотӣ тарзи истифода аз онҳо ба имомхатибон омӯзонида мешавад. Имрӯз шумораи муайяни ходимони дин дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаи худро доранд ва талош менамоянд, дар фазои иттилоотии кишвар нақш дошта бошанд”, - гуфт Афшин Муқим.
Панду андарз бар муқобили мубаллиғони ифротӣ
Таҳлили мо нишон дод, ки чанд нафар имомхатибон ва умуман уламои дин дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» саҳифа доранд. Ҳарчанд зиёд фаъол нестанд, вале аҳён-аҳён оид ба баъзе масъалаҳои динӣ назарашонро менависанд. Аммо дар баҳсҳо дар қариб тамоман ширкат намекунанд.
Муфтии вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозодаи 65 сола аз уламои дини фаъол дар шимоли кишвар аст, ки дар шабкаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла “Фейсбук” фаъол аст ва доир ба масъалаҳои динӣ назари худро менависад.
“Ба ҳар як мақолае, ки бар зидди миллату давлат аз ҷониби гурӯҳҳои ифротагро дар интернет нашр ва паҳн мешавад, бо истифода аз ояту сураҳои Қуръон, ҳадисҳои Пайғомбар (с) ва аз нигоҳи мазҳаби Имоми Аъзам вокуниш нишон медиҳам. Ҳамчунин, касе ояту ҳадисҳоро нодуруст шарҳ диҳад, нодуруст будани онро исбот намуда, шакли дурустии онро пешниҳод менамоям”, - мегӯяд Мусозода.
Ба таъкиди ӯ имомхатибони кишвар дар шабкаҳои иҷтимоӣ ҳузур доранд ва вобаста ба масъалаҳои мавриди баҳс мавқеи худро муайян мекунанд, мақолаҳо менависанд ва аз нигоҳи динӣ ва ақидавӣ вокунишҳои илмӣ баён менамоянд.
“Бояд имомхатибон дар шабкаҳои иҷтимоӣ фаъол бошанд, чунки ин талаби замон аст. Сабаби кам ҳузур пайдо кардани уламои динӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ шояд бехабарӣ аз роҳҳои истифодаи шабакаҳои интернетӣ ва кор бо компютеру телефонҳои ҳушманд бошад. Имрӯз уламои динии кишвар бар муқобили “имомхатибони дурӯғгин”-и гурӯҳҳои ифротӣ истодагарӣ карда метавонанд, чун мардуми тоҷик низ ба онҳо эътимод доранд”,- гуфт имомхатиб.
Ба хотири фаъол шудани имомхатибон дар шабкаҳои иҷтимоӣ, мавсуф пешниҳод намуд, ки имомхатибон аз илми замонавӣ бохабар шавад.
“Агар технологияи ҳозиразамонро истифода бурда натавонанд, аз дигарон маслиҳат гиранд ва ё аз наздикони худ хоҳиш намоянд, ки назари онҳоро дар масъалаи мавриди баҳс нависанд ва паҳн намоянд”, - таъкид дошт Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода.
Ҷавоб бо исломи ноб ва далелу ҳуҷҷат
Имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Ҳисор Афзалшоҳ Шарифзодаи 45 сола қариб дар ҳамаи семинарҳои омӯзишие, ки масъулон бо имомхатибони кишвар баргузор мекунанд, ширкат менамояд ва инак чор сол боз дар Facebook фаъол аст. Вай дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки дар масъалаҳои тарбиявӣ ва панду ахлоқӣ зиёд менависад ва ба ин восита мардумро аз панду андарзҳои бузургони ислом огоҳ менамояд.
«Гоҳ-гоҳ маводҳо вобаста ба дину мазҳаб низ менависам ва кӯшиш манамоям, ки мардум аз исломи ноб бохабар шаванд. Мутаассифона, дустони фейсбукӣ дар мавриди шарҳи ояту сураҳои Қуръон пурсиш намекунанд, агар пурсанд албатта омодаам посух диҳем. Аммо ба баҳсҳои мазҳабӣ кам ворид мешавам», - мегӯяд мавсуф.
Ба гуфтаи ӯ маҳз набудани имомхатибони касбӣ дар интернет сабаб шудааст, ки “имомхатибони дурӯғин” - и гурӯҳҳои ифротӣ майдонро холӣ дида, бо истифода аз номи дини ислом ва бо шарҳи нодурусти масъалаҳои он ба ҷалби мардум ба гурӯҳҳояшон машғул ва муваффақ шаванд.
“Имомхатибон ва уламои динии мо метавонанд, дар муқобили мубаллиғони гурӯҳҳои ифротӣ истодагарӣ кунанд ва ҳар мавзӯе ки онҳо нодуруст шарҳ медиҳанд, рад карда, асли масъаларо баён намоянд. Аммо аз сабаби надонистани технологияҳои нав камфаъоланд. Имомхатибони ҷавон ва миёнасол бо ҳар роҳу восита дар шабакаҳои иҷтимӣ ҳузур пайдо мекунанд ва ба қадри имкон доир ба масъалаҳои доғ мавқеашонро баён менамоянд”, - мегӯяд номбурда.
Ӯ пешниҳод мекунад, ки имомхатибон бояд доир ба масъалаҳои мавриди баҳс руякӣ назарашонро нагӯянд ва бар зидди “имомхатибони дуруғин” - и гурӯҳҳои ифротгаро посухҳои аниқ ва дар пояи ҳуҷҷату далел пешниҳод намоянд.
“Солҳои пеш бетарафӣ дар мавриди ворид шудан ба шакабкаҳои иҷтимоӣ ва роқобат бо гурӯҳҳои ифротӣ ҷой дошт, вале вақтҳои охир дар ин самт уламои дин сарҷамъ шудаанд ва барои ҳимоя аз мазҳаби ҳанафӣ садояшон баландтар шудааст”, - иброз дошт имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Ҳисор Афзалшоҳ Шарифзода.
Ҷавонон кам мавъиза гӯш мекунанд
Абдуҷамол Ҳомидови 37 сола, имомхатиби масҷиди марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз имомхатибони ҷавонест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифа дорад. Ҳарчанд ӯ кам мавод чоп мекунад, кӯшиш менамояд ҳамеша “онлайн” бошад.
“Кӯшиш мекунам ба баҳсҳои мазҳабӣ умуман ширкат накунам, фикр мекунам илми комил надорам, ки вориди баҳс шавам. Аксари имомхатибон калонсоланд ва кор бо телефонҳои ҳушманд ва интернетро он қадар сарфаҳм намераванд”, - мегӯяд Абдуҷамол.
Ба ақидаи ӯ агар имомхатибон дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол ҳам шаванд, на ҳамаи аҳолӣ, хусусан ҷавонон ба онҳо гӯш медиҳанд. Ба таври мисол ӯ аз мавъизаҳои пеш аз намози ҷумъа ёдовар гардид, ки қариб 70 фисади ҷавонон дар он ширкат намекунанд.
Фазоро набояд ба «имомхатибони дурӯғин дод
Масъулони баргузории омӯзишҳо мегӯянд, ки дар курсҳои омӯзишӣ имомхатибон ва умуман уламои дин бояд мағзи пайравони гурӯҳҳои ифротиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо боз кардани саҳифа, шустушӯ диҳанд ва аз ақидаҳои нодуруст пок созанд.
Афшини Муқим, котиби матбуотии Кумитаи дин анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки ҳузури ходимони дин метавонад дар самти пешгирӣ аз сӯистифода гардидани минбари шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ашхоси манфиатдор омили таъсиргузор бошад. «Зеро вақте фазо холӣ мемонад, ҳар нафаре метавонад худро ба ном ходими дин муаррифӣ карда, шабакаҳои иҷтимоиро ба минбари фатвои худ табдил диҳад».
«Намешавад гуфт, ки танҳо бо фаъол гардидани ходимони дин дар шабакаҳои иҷтимоӣ мо мушкилоти марбут ба гароиши ҷавонон ба ҷараёнҳои ифротиро пурра ҳал мекунем, аммо ҳузури онҳо то ҷое дар самти дастрасии мардум ба иттилои саҳеҳу санҷидашуда ба фоидаи кор хоҳад буд. Масалан, як ходими дин то оне ки имомхатиб таъйин мешавад, донишҳояш санҷида мешавад. Баъдан, истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ низ метавонанд ба иттилои як ходими дини расмӣ такя кунанд», - мегӯяд Афшин Муқим.
Вай илова кард, ки барои ҷалби ходимони дин ба шабакаҳои иҷтимоӣ бояд дар доираи машғулиятҳои омӯзишӣ тарғиб ва зарурати воқеии ҳузури онҳо дар ин шабакаҳо фаҳмонида шавад.
Ба ходимони дин минбар бояд дод
Ҳузури имомхатибон дар шабакаҳои иҷтимоӣ коршиносонро ба ду сангар қарор додааст. Қисме мегӯянд имомхатибон на танҳо дар шабкаҳои иҷтимоӣ, балки дар садову симо низ ба онҳо бояд минбар дод. Ҷониби дигар бар ин назаранд, ки будани имомхатибон дар шабкаҳои иҷтимоӣ муҳим нест, чунки мабаллиғони гурӯҳҳои ифротгароӣ бештар на ба масъалаҳои динӣ, балки масъалаҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ баҳс меороянд.
Низоъшинос Саидаҳмад Қаландаров мегӯяд ҳоло вақти он расидааст, ки имомхатибон ва уламои дин ба шабакаҳои иҷтимоӣ баргарданд ва мақомоти марбута бояд барои онҳо минбар ва фазо муҳайё намоянд.
“Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки тарафи муқобил ё тундравҳо тӯли як соли охир хело фаъол шудаанд ва сатҳи баҳси онҳо хело боло рафтааст. Аммо имомхатибҳо ва уламои Тоҷикистон дар ҳамон сатҳи пешина боқӣ мондаанд. Яъне сатҳи дониши иттилоотии онҳо хеле поин аст. Бисёр шумораи ками онҳо бо интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ сару кор доранд ва огоҳ нестанд, ки дар ин майдон чӣ баҳсҳо мешавад”, - мегӯяд коршинос.
Ӯ яке аз сабабҳои фаъол набудани онҳоро дар шабкаҳои иҷтимоӣ заъфи суръати интернет ё дастрасӣ ба он дар Тоҷикистон, махсусан дар минтақаҳо унвон намуд.
“Мутаассифона, кӯшишҳое ҳам Маркази исломшиносӣ, Кумитаи дин, анъана ва танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон, ки масъули баланд бардоштани сатҳи дониши муосири мубориза алайҳи ҳар гуна ифрот ҳастанд, чандон натиҷа надодааст. Чунки насли имомхатибҳои мо насли нисбатан “консервативӣ” аст. Агар ба масҷидҳо назар кунем, шумораи хело ками имомхатибон бо интернет пайвастанд ва тавассути телефонҳои ҳушмандашон аз шабкаҳои иҷтимӣ истифода мекунанд. Ин сабаб мешавад, ки ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба масъалаҳои мавриди баҳсашон посухи сиҳат намеёбанд”, - мегӯяд Қаландаров.
Ба таъкиди ӯ ҳамчунин дар телевизиону радио ба хатибон, имомхатибон ва уламои дин бояд минбар дода шавад, то онҳо ҳарфашонро ба мардум расонанд.
Мавсуф дар мавриди истодагарӣ намудани имомхатибон ва уламои дини тоҷик ба муқобили имомхатибони дурӯғини гурӯҳҳои ифротӣ гуфт, ки “Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад, Ба дониш дили пир барно бувад...”.
“Доштани дониши динӣ кифоя нест. Бодя донишҳои дуниявӣ ва технологӣ бояд дошт. Дар сурати андешидани тадбирҳои судманд онҳо метавонанд, то андозае барои ҷомеаи Тоҷикистон пушту паноҳ шаванд. Аммо дар сатҳи мубаллиғони гурӯҳҳои ифротӣ баробар шудан ва ба онҳо посухи мустанад додан, дар вазъе, ки мо имрӯз дорем мушкил аст”,- мегӯяд коршинос.
Ба шабакаҳои иҷтимоӣ бо дониши қавӣ
Коршиноси масоили динӣ Виркан Музаффарпур ҳам бар ин назар аст, ки будани имомхатибон дар шабакаҳои иҷтимоӣ зарур аст. Вале мегӯяд бо вуҷуди гузаронидани чанд тренинг дар ин бора мушаххас ягон имомхатиберо намедонад ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол бошад ва мардум ҳарфи ӯ гӯш диҳанд.
“Агар ҳам ҳастанд бояд мушаххас бо зикри вазифаашон муаррифӣ шаванд ва бо дониши ҳамаҷониба дар баҳсҳо ва муборизаи идеологӣ бо мубаллиғони ҳаракатҳои ифротӣ ба майдон ворид шаванд ва нишон диҳанд, ки то чӣ андоза таблиғи тарафи муқобил хато ва тафсири нодуруст аз ислом медиҳад”, - мегӯяд коршинос.
Ӯ барорбари надонистани технологияҳои нав надоштани саводи кофиро аз сабабҳои дигари фаъол набудани имомхатибон дар шабакаҳои иҷтимоӣ медонад.
“Ҳанӯз ҳам донишҳои ҳамаҷониба ва дақиқ надоштани онҳо аз усули дин, тафсиру ҳадис, омодагии сиёсӣ надоштан, надоштани мантиқи қавӣ дар муқобили мутахассисони тарафи муқобил, ки махсус барои ҷалби мусулмонон бо таъсиррасонии идеологию психологӣ таълим гирифтаанд, камҳавсалагии худи имомхатибон дар ин соҳа ва то ҳанӯз баъзеашон ба таври пинҳонӣ ҳаводори он гурӯҳҳо будан яке аз сабабҳои камфаъолии онҳо дар интернет аст”, - таъкид дошт Музафарпур.
Номбурда мегӯяд, ки истодагрӣ намудан бар муқобили таблиғгарони ин гурӯҳҳо аз маҳорату дониш, обрую эътиборе, ки имомхатибони мо дар байни мардум доранд, вобаста аст.
«Имомхатибон бояд роҳнамои ростини мардум дар самти дин бошанд. Танҳо дар ҳолати намунаи ибрат будан, дониши саҳеҳ доштан ва онро дуруст ба мардум фаҳмонидан, суханонашон нишонрас хоҳад буд. Махсусан, дар ин давраи карантинӣ, ки дари масҷидҳо баста аст, фаъолияти созандаи онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ зарур аст”,- таъкид мекунад Виркан Музафарпур.
Фақат дониши динӣ кифоя нест
Вале коршинос Рустам Азизӣ дар мавриди ҳузури имомхатибон дар шабкаҳои иҷтимоӣ назари дигар дорад. Ӯ мегӯяд, хуб аст, ки онҳо дар шабкаҳои иҷтимоӣ нестанд ва дар акси ҳол мубаллиғони ифротӣ онҳоро “муфт мехӯранд”.
«На бо дониши динӣ, балки бо доштани малакаҳои лозимӣ. Онҳо дар самти баҳс ва омода кардани мавод пешсафанд. Имомхатибони мо чизҳое медонанд, ки дар ин баҳсҳо лозим намешавад. Баъзе нуктаҳои нозуки фиқҳиву донистани забони арабӣ барои ин баҳсҳо умуман лозим нестанд”, - мегӯяд номбурда.
Вай пешниҳод мекунад, ки агар хоҳем, ки имомхатибон танҳо бо донишҳои худ дар ин баҳсҳо ба ширкат кунанд, дар онҳо малакаҳои омода намудани маводи хуби расонавӣ, маводи хуб барои фазои иттилоотӣ, тарзи бурдани баҳсҳо омӯхта шавад.
“Бештари мубаллиғони ифротӣ оид ба масъалаҳои динӣ баҳс намекунанд, онҳо баҳси идеологӣ-сиёсӣ мекунанд, ки аксарияти рӯҳониёни мо дар ин масъала сухани гуфтанӣ надоранд. Ҳатто доштани имомхатибони то андозае аз ин чизҳо бохабар ҳам чизеро дар шабкаҳои иҷтимоӣ тағйир намедиҳад, зеро вазифаи вай ҷамъиятӣ аст, вақташ барои баҳс ҳам намерасад, зеро пайваста дар байни мардум аст ва фурсати дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишастанро ҳам надорад”, - мегӯяд Азизӣ.
Ба таъкиди вай бурдани баҳсҳо ва мубориза дар фазои иттилоотӣ фурсат, вақт, маблағ талаб мекунад ва имомхатибони мо он қадар фурсат ҳам надоранд.
Эҳтиёт! Набояд аудиторияи онҳоро гарм кард
Коршинос зидди овардани имомхатибон ба шабкаҳои иҷтимоӣ аст, чунки ҷониби дигар даъваташ муназзам нест.
“Бештари паёми ифротиён ба масъалаҳои динӣ вобаста нест. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки дар мавриди таъмини адолат ва масъалаҳои иҷтимоӣ баҳс кунанд. Паём ва мавзӯъбандии онҳо бештар ба масъалаҳои рӯзмарраи дунявӣ вобаста аст, на нозукиҳои таълимоти динӣ”, - мегӯяд коршинос.
Номбурда пешниҳод мекунад, ки дар ин маврид, бояд ба онҳо касе посух надиҳад.
“Баръакс бо посух додан ба онҳо аудиторияи онҳоро гарм мекунем. Чунки онҳо дар бораи мушкилоти умумӣ ва умдае суҳбат мекунанд, ки ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеч куҷо тамом намешаванд. Ҳар нафаре, ки мубаллиғи ифротиро аз ин пеш намедонист, вақте мебинад, ки як устоди донишгоҳ, коршинос ё рӯҳонии шинохта посух додааст, хулоса мекунад, ки арзише доштааст, ки ба ӯ посух додаанд. Ҳоло он ки то дирӯз ӯ як ҷинояткор ё шахси ношинохта буд, имрӯз барои ӯ тамоми шабкаҳои давлатӣ як кишвар посухи расмӣ медиҳанд”,- таъкид мекунад коршинос.
Рустам Азизӣ мегӯяд, ки аз сабаби надоштани донишҳои лозимии рақамии муосир имомхатибон ва уламои дин дар шабкаҳои иҷтимоӣ саҳифа надоранд ва ё дошта бошанд ҳам фаъол нестанд.
Ба гуфтаи мавсуф нашри видеоҳои имомхатибон ва муллоҳо дар байни солҳои 2015-2016 дар телевизионҳои давлатӣ, ки оқибат баъзеи онҳо ба додгоҳ кашида шуданд, як зарбаи дигар барои фаъол нагаштани онҳо гардид.
“Имомхатиб ҳарчанд як вазифаи ҷамъиятӣ бошад ҳам, вале аз ҷониби ниҳоди давлатӣ таъйид мешаванд. Аз ин рӯ, барои имомхатиб мисли кормандони давлатӣ дар фазои иттилоотӣ будан меъёри фаъолияти корӣ нест ва онҳо намехоҳанд дар фазои иттилоотӣ матраҳ шаванд. Барои онҳо муҳим аст, ки супоришҳои бевоситаи роҳбарияти худро анҷом диҳанд”, - мегӯяд Азизӣ.
Номбурда илова намуд, ки дар кишвар механизмҳои амалии ҷалб намудани онҳо барои фаъолияти ифротзудоӣ вуҷуд надорад. Масалан, дар ҳамаи стратегияву барномаҳо танҳо як ҷумла дарҷ шудааст: “Нақши ходимони дин дар мубориза бо ифротагроён зиёд карда шавад”, вале мушаххасан механизмҳои воқеии татбиқи он вуҷуд надорад.
Месазад, ки мутасаддиён дар замони ҷанги иттилоотӣ аз неруи зеҳнии муллоҳои суннатии кишвар ба таври шоиста истифода бурда, баҳри даст ёфтан ба фанновариҳои ҷадид барояшон шароити омӯзишу кор фароҳам оваранд ва ба ин васила саҳми қавии хешро дар милликунонии шуури динии ҳамагон ва омӯзиш дидани ҷавонон гузоранд. Дар навбати худ имомхатибон ва уламои динро ҳам зарур аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои худро боз намоянд, то мардум тавонанд шарҳи масъалаҳои диниро аз онҳо пурсон шаванд.
Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта.” омода шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!
Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!
В России предложили проверять школьников на «склонность к экстремизму и терроризму»
Таджикистан увеличил экспорт шиповника
Свершилось. Таджикистан и Кыргызстан завершили делимитацию общей госграницы
Как падение курса рубля повлияло на жизнь таджикистанцев?
Традиционная китайская одежда: философия и эстетика, передаваемые из поколения в поколение
На таджикско-узбекской границе появится зона свободной торговли
В Генпрокуратуре Таджикистана раскрыли подробности дела осужденного адвоката Файзи Оли
«Истиклол» завершил своё участие в Лиге чемпионов Азии-2 поражением от «Сепахана»
Рубль упал, но причем тут трудовые мигранты?
Таджикистан на мировой арене ритейла: Асадулло Рахмонов поделился секретами успеха на ПЛАС-Форуме в Ташкенте
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста