Бар асари пандемия ва баста шудани сарҳадҳо бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ дохил шудаанд ё дар курсҳои гуногуни ин мактабҳо аллакай таҳсил мекунанд, ба ҳеҷ гунае ба таҳсил рафта наметавонанд. Дар ҳамин ҳол, онҳо мехоҳанд бидонанд, ки оё дар ватан онҳоро ба хизмати ҳарбӣ даъват карда метавонанд?

“Ман имсол ба мактаби олии Русия дохил шуда, бар асари коронавирус аз Тоҷикистон ба Русия рафта наметавонам. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар бораи дохил шуданам ба мактаби олӣ дорам. Мехоҳам бифаҳмам, ки оё маро ба хизмат дар артиш даъват карда метавонанд?”.

“Дар Русия таҳсил мекунам, лекин айни замон дар Тоҷикистон қарор дорам. Дар бораи таҳсилам дар Русия ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро бо худ дорам. Маро ба хизмати ҳарбӣ даъват карда метавонанд?”.

Довталабону донишҷӯён бо чунин суолҳо ба “Азия-Плюс” ва мо дар навбати худ ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон муроҷиат кардем, то ки аз дар чӣ вазъ қарор доштани масъалаи ба таҳсил фиристодани ҳамватанонамнон ба хориҷи кишвар, аз ҷумла Русия воқиф шавем.

Ба мо хабар доданд, ки масъалаи ба қаламрави Русия роҳ додани донишҷӯёни тоҷик мавриди баррасии ҷониби Русия қарор дорад.

“Алҳол оид ба ин масъала қарор қабул нашуда, вақте ки қабул шуд, фавран онро дар сомонаамон нашр мекунем”, - гуфтанд дар Вазорати корҳои хориҷӣ.

Дар бораи қабул ё таҳсил ба мактаби олӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда лозиманд

Ҳуқуқшиноси тоҷик Нваврӯз Одинаев дар посух ба ин суоли довталабону донишҷӯён ба “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки агар донишҷӯёни дар мактабҳои олии хориҷӣ таҳсилдошта ё довталабоне, ки имсол ба онҳо қабул шудаанд, бо худ ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар ин бора дошта бошанд, мувофиқи қонуни ҶТ “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, ба даъвати онҳо ба хизмати ҳарбӣ ҳуқуқ дода намешавад.

Мутобиқи моддаи 21, банди “В”-и қонуни ҶТ “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, ба онҳое, ки бори аввал дар шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таълимии маълумоти олии касбӣ таҳсил мекунанд, муҳлати даъваташон ба хизмати ҳарбӣ дар давраи таҳсил ба таъхир андохта мешавад.

Ҳанӯз нимаи моҳи апрел дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор дошта буданд, ки давоми таҳсил ба донишҷӯён аз хизмат дар артиш таъхири муваққатӣ дода мешавад.

“Бар асари хуруҷи коронавирус қариб дар ҳамаи мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ таътили муваққатӣ эълон шудааст. Вақте ки пандемия ба охир мерасад, онҳо ба таҳсил идома дода метавонанд. Дар давоми таҳсил хизмати донишҷӯён, аз ҷумла, шаҳрвандони Тоҷикистон низ муваққатан ба таъхир гузошта мешавад. Аз ин рӯ, онҳо аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озоданд”, - гуфта буд он замон котиби матбуотии Вазорати мудофаи ҶТ Ориф Нозимиён.

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти ВКХ Тоҷикистон, айни замон зиёда аз 4 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар мактабҳои олии Русия таҳсил мекунанд, дар ҷумҳурӣ қарор доранд. Аз ин шумор беш аз 1 ҳазор нафарашон имсол дохил шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.