Созмони байналмилалии муҳоҷират – Оҷонси муҳоҷирати Созмони Милал (СБМ) дар ҳамкории наздик бо ҳукумати Тоҷикистон ба бозгашти наздик ба 300 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар марзи Қазоқистон бо Ӯзбекистон дармонда буданд, мусоидат намуданд.
Гурӯҳи нави муҳоҷирони тоҷик, ки дар гузаргоҳи марзии Жибек Жоли дармонда буданд, 17-уми сентябр баргаштанд. Ин ибтикорро ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон ҳамоҳанг намуд ва онро намояндагиҳои СБМ дар ҳар се ҷумҳурӣ созмон доданд. Ин амалиёти интиқол бо ёрии молии Подшоҳии Норвегия сурат гирифт.
Қаблан низ бо мусоидати СБМ гурӯҳи иборат аз 300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан баргардонида шуданд.
Аз оғози маҳдудиятҳои марбут ба бемории фарогир, Созмони байналмилалии муҳоҷират ба бозгашти наздик ба 2500 шаҳрванди Тоҷикистон аз Қазоқистон тавассути Ӯзбекистон ба ватан мусоидат кардааст. Дар ин миён, занону кӯдакон, муҳоҷирони корӣ ва донишҷӯён низ ҳастанд, ки дар марзи Қазоқистон бо Ӯзбекистон бо умеди идомаи роҳ ба Тоҷикистон ҷамъ омада буданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Афиша от «Азия-Плюс»: Дни японского кино, концерт Чоршанбе Аловатова и ярмарка «МартАртМаркет»
В Вахдате открыли первый ресторан KFC
Почему указ о весеннем призыве в Таджикистане в этом году издан в феврале?
Все осужденные по делу о «госперевороте» обжаловали приговор Верховного суда Таджикистана
Убитые оперативниками ФСБ в Пскове «члены МТО» оказались таджикистанцами
В школах должны быть рады всем. Что такое инклюзия и зачем она нужна в образовании в Таджикистане?
Французы проявили интерес к строительству ГЭС на реке Зарафшон
В Кыргызстане введены новые правила захоронений: каждому жителю бесплатное место и недорогой памятник
Кулябский «Равшан» принял вызов российской команды на 1 миллион рублей
В Узбекистане ветеранам Второй мировой войны выплатят по 10 тысяч долларов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста