Тоҷикистон марзҳояшро барои донишҷӯён ва дигар муҳассилини Афғонистон, ки дар Тоҷикистон таҳсил мекунанд, боз мекунад. Ин нуктаро сафири Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Душанбе Муҳаммад Зоҳир Ағбар дирӯз дар як маросими ин сафорат барои таҷлил аз “Ҳафтаи шаҳид” ба хотири гиромидошти солгарди марги Аҳмадшоҳ Масъуд ва Бурҳониддин Раббонӣ, баён дошт.
Ба гуфти Ағбар, Тоҷикистон зимни як тавофуқ барои вуруди донишҷӯён ва дигар муҳассилини Афғонистон сар аз 24-уми сентябр иҷоза медиҳад.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам ин хабарро таъйид мекунад ва мегӯяд, ки дар воқеъ чунин як дастур содир шудааст. Як манбаъ аз Раёсати иттилоот ва матбуоти ин вазорат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки тибқи тавофуқи ҳосилшуда муҳассилини Афғонистон бо риояи тамоми талаботи беҳдоштӣ ва қоидаҳои пешгирӣ аз коронавиурс вориди Тоҷикистон мешаванд.
Ба гуфтаи ин манбаъ, ҷузъиёти вуруди муҳассилини Афғонистонро Ситоди ҷумҳурявии пешгирӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон мушаххас мекунад.
Сухангӯйи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯяд, ки муҳассилини Афғонистон мувофиқи қоидаҳое, ки Ситод муқаррар кардааст, вориди Тоҷикистон мешаванд.
“Ҳамаи онҳо тест мешаванд, дар сурати ошкор шудани беморӣ ё аломатҳои беморӣ, қарантин карда мешаванд”,-гуфт Эмомалӣ Мирзоев.
Гуфта мешавад, ки ҳоло дар Тоҷикистон наздик ба 500 шаҳрванди Афғонистон дар риштаҳои гуногун таҳсил мекунанд, ки 195 нафари онҳо мунтазири баргашт ба Тоҷикистонанд.
Тоҷикистон дар пайи шуйуъи вируси куруно 16 март марзҳояшро ба рӯйи Афғонистон баста буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Звездопад на Tarona Music Award 2024
Путин рассказал, при каких условиях готов вести переговоры с Зеленским
«Не хватает рабочих рук»: Путин высказался о путях решения проблемы миграции в России
Власти Тюменской области запретят мигрантам торговать табачными изделиями
Манучехр Беназирзода одержал победу на FORMULA55 CUP по FC25
Каждый житель Таджикистана ежедневно выбрасывает 100 граммов пластика
Во Франции мужчину, который в течение 10 лет накачивал свою жену наркотиками и насиловал, приговорили к 20 годам
Центральноазиатские страны лидируют в репатриации граждан из лагерей Сирии
Демографический бум Центральной Азии помог экономике?
«Когда правда становится жертвой клеветы». Бывший партнер героини материала о семейном насилии отвергает ее обвинения
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста