Ба як созмони ҷамъиятие, ки бо қурбониёни хушунат дар вилояти Суғд кор мекунад, дар як соли ахир шикояти мардон аз хушунатҳои хонаводагӣ зиёд шудааст.
Масъулони ин марказ мегӯянд, ки “агар соле пеш 58 мард бо сабабҳои гуногун муроҷиат карда бошанд, имсол ин шумора ба 95 нафар расидааст. Дар байни ин мардон гирифторони хушунати хонаводагӣ ҳам ҳастанд”.
Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар вилояти Суғд ҳам ба “Азия-плюс” гуфтанд, ки “дар давоми 10 соҳи соли равон 1350 ариза вобаста ба зӯроварӣ ва хушунат дар оила ворид шудааст, ки нисбати соли гузашта камтар мебошад. Соле қабл дар ин давра 1449 муроҷиати шаҳрвадон ба қайд гирифта шуда буд.
Аммо соли ҷорӣ муроҷиати мардоне ки ба хушунат гирифтор гардидаанд, бештар шудааст. Аар соли 2019 182 ҳолати зӯроварӣ ва хушунат нисбати мардон ба қайд гирифта шуда бошад, имсол он ба 191 ҳолат баробар гардидааст”.
Ҳарчанд РВКД Суғд аз камшавии мавридҳои хушунат мегӯяд, аммо масъулони Маркази заноне, ки бо қурбониёни хушунат кор мекунанд, мегӯянд, ки муроҷиати сокинон дар замони ҳамагирии коронавирус ба онҳо зиёд шудааст. Давоми 10 моҳи соли равон ба ин марказ 1805 нафар муроҷиат кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 400 нафар зиёд мебошад.
Ин марказ асосан бо онҳое кор мекунад, ки яккаву танҳо монда, ба хушунат ва зӯроварӣ дар оила гирифтор шудаанд.
Муовини раиси ин марказ сабаби бештар шудани муроҷиати сокинонро ба ҳамагирӣ рабт медиҳад.
“Тавассути телефони боварӣ ва мусоҳибаи рӯ ба рӯ муроҷиати шаҳрвандонро қабул мекунем ва то ҳадди имкон ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонида, маслиҳатҳои ҳуқуқиву равонӣ медиҳем. Дар ҳолатҳои зарурӣ муроҷиаткунандагонро муваққатан дар паноҳгоҳи марказ ҷой медиҳем”.
Акбар Шарифӣ, сардори Дафтари матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар вилояти Суғд ба “Азия плюс“ изҳор дошт, ки барои пешгирӣ аз ин гуна ҳолатҳо ва дар доираи ислоҳоти милиса дар ин самт корҳо пурзӯр карда шудааст.
“Дар доираи ислоҳоти милитсия дар якчанд шаҳру навоҳии вилоят, аз ҷумла Хуҷанд, Панҷакент ва Исфара нозири кор дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила ташкил карда шудааст, ки онҳо бо аҳолӣ кор мекунанд. Аз ин лиҳоз, дар маҷмӯъ сабти ҳолатҳои зӯроварӣ ва хушунат дар оила дар Суғд коҳиш ёфта истодааст”, - илова кард Акбар Шарифӣ
Ҳамасола дар вилоят аз 25-уми ноябр то 10-уми декабр аксияи 16-рӯзи мубориза бар зидди хушунат ва зӯроварӣ гузаронида мешавад, ки дар доираи он ҳар гуна чорабиниҳо баргузор мегарданд. Масъулин ин корро як роҳи пешгирии зӯргӯйӣ ва хушунат дар оила арзёбӣ мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Что такое хелсизм и чем он опасен? Рассказывает врач из Таджикистана
В Кыргызстане опубликовали декларацию о доходах президента. Сколько он заработал?
Высшая лига Таджикистана подешевела. Сколько стоят таджикские футбольные клубы?
В Тегеране неизвестный застрелил двух судей Верховного суда
Жители села на юге Таджикистана вынуждены использовать талую воду для своих нужд – другой у них просто нет
В угольной шахте в Таджикистане погибли трое горняков
Таджикский футболист Вахдат Ханонов вместе с «Сепаханом» завоевал Суперкубок Ирана
Кабмин Израиля одобрил сделку с ХАМАС о прекращении огня в Газе
Россия и Иран стали «всеобъемлющими стратегическими партнерами». Что это значит?
Аренда жилья в Таджикистане. Как правильно заключить договор?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста