Абу-Даби қоидаҳои вуруди сайёҳони хориҷиро ба аморат бозбинӣ намуда, дар бораи аз 24 декабр бекор шудани баъзе маҳдудиятҳои ҷоришуда бар асари пандемия хабар дод, менависад ТАСС бо истинод ба маркази матбуоти аморат.
Гуфта мешавад, дар навбати аввал дар бораи давлатҳо аз “рӯйхати сабз” сухан меравад, ки онҳо аз зарурати ба ду ҳафта карантин озод мешаванд.
Ба “рӯйхати сабз” давлатҳои зерин шомиланд: Австралия, Бруней, Ветнам, Юнон, Гренландия, Гонконг, Чин, Мавритания, Малайзия, Зеландияи Нав, Арабистони Саудӣ, Сингапур, Тоҷикистон, Тайван, Таиланд, Ӯзбекистон. Русия дар рӯйхат зикр нашудааст.
Барои шаҳрвандоне, ки дар ин рӯйхат зикр нашудаанду ба аморат меоянд, муҳлати карантин то 10 рӯз кам шудааст.
Сайёҳони ҳамаи кишварҳои хориҷӣ ба пешниҳоди маълумотнома дар бораи натиҷаи манфии сироятёбӣ уҳдадоранд, ки он бояд на дертар аз 96 соат то омадан дода шудааст. Бо расидан онҳо боз як тести дигар месупоранд. Ғайр аз ин, баъди якчанд рӯз аз онҳо бояд як тести дигар гирифта мешавад.
Муҳлати супоридани тести такрорӣ бозбинӣ шуд: агар қаблан такрорӣ супоридани тест дар рӯзи чорум ва ҳаштум талаб мешуд, пас акнун агар шахс дар кишвар муҳлати тӯлонитар ҳузур доштанӣ бошад, онро метавонад дар рӯзҳои шашум ва дувоздаҳум супорад.
Ҳамзамон Абу-Даби як қатор маҳдудиятҳоро нисбат ба вуруд аз дигар аморатҳо сабуктар кард, ки аз ҷумла, ба муҳлати амали тест ва такрорӣ супуоридани он дахл дорад. Ҳамчунин талаботи санитарӣ ба марказҳои савдо ва фароғату дилхушӣ, тарабхона ва кӯдакистонҳо низ бозбинӣ шуд.
Аз 23 декабр дар аморати Дубай, ки дар он барои вуруди хориҷиён дар шароити пандемия дигар қоидаҳо амал мекунанд, ваксиназании бепул оғоз мегардад.
Аз оғози пандемия дар Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) зиёда аз 195 ҳазор беморони коронавирус ошкор шуда беш аз 171 ҳазор кас шифо ёфтаанд. Шумори беморони фаъол 23,8 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар ин давра қариб 20 млн тест гирифта шудааст.
Ёдрас мекунем, ки АМА кишвари дуюмест, ки Тоҷикистон тобистон алоқаи мунтазами ҳавоиро бо ин кишвар барқарор намуд. Инчунин имрӯз аз Тоҷикистон ба Туркия низ парвозҳо анҷом дода мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.