Қарзи умумӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон аввали моҳи феврал бо назардошти бақияи солҳои гузашта ҳудуди 84,8 млн сомонӣ (7,5 млн доллар)-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.
Тайи соли ахир (аз феврали соли 2020 то феврали соли 2021) ҳаҷми қарз аз музди меҳнат 75%: аз 48,5 млн сомон то ба 84,8 млн сомонӣ афзуд.
Моҳи январи соли ҷорӣ корфармоҳо аз кормандони худ зиёда аз 4,2 млн сомонӣ (беш аз 370 ҳазор доллар) аз маош қарздор шуданд.
Афзоиши қарз аз пардохти музди меҳнат қариб дар ҳамаи навъҳои фаъолият ба мушоҳида мерасад.
Қарзи аз ҳама зиёд дар соҳаи саноати коркард (24,8 млн сомонӣ) ва истихроҷи канданиҳои фоиданок (16,6 млн сомонӣ) ба қайд гирифта шуда, қарзи умумии ин ду соҳа наздики нисфи қарзи умумиро ташкил медиҳад.
Музди моҳонаи миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ ба аввали моҳи феврал 1445 сомонӣ (128 доллар) ва ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақал (минималӣ) - 400 сомонӣ (36 доллар)-ро ташкил дод.
Маоши аз ҳама баландро дар кишвар кормандони соҳаи бонкдорӣ ва суғурта (3452 сомонӣ), иттилоот ва алоқа (2874 сомонӣ) гирифта, маоши пасттарин дар бахши кишоварзӣ – 630 сомонӣ сабт шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Подборка платформ, где вы можете учиться из дома на русском, таджикском и английском
Суд продлил арест еще трем фигурантам дела о теракте в "Крокусе", этапированным из Дагестана
В Пакистане произошли столкновения между полицией и сторонниками Имрана Хана
Как школьникам Таджикистана попасть в американскую программу Camp Rising Sun
Глава ВТБ: Без мигрантов экономика России не будет дышать
В Таджикистане задержан мошенник: он обманул 42 человека, обещая им поездку в Саудовскую Аравию
Стратегия выживания: Таджикистан готовится к изменению климата
Путин призвал не допустить дестабилизации ситуации в СНГ
В Таджикистане подешевели лимоны и морковь, а мясо и молоко подорожали
Навстречу «Талибану». В России решили создать механизм исключения организаций из списка террористических
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста