Чанде пеш чандин нафар ба идораи “Азия-Плюс” муроҷиат намуда, шикоят карданд, ки маълумотнома (справка)-ҳои онҳоро дар бораи гузаштан аз тест тариқи ташхиси ПСР дар фурудгоҳи Душанбе қабул накардаанд ва онҳоро лозим омадааст, ки дар пойтахт дубора тест супоранд.
Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти санитарӣ-эпидемиологии ҷумҳурӣ хабар доданд, маълумотномаи гузаштан аз тести сироят ба коронавирус тариқи ташхиси ПСР бояд ранги сурх дошта бошад.
“Ин маълумотнома бо ранги сурх фарқ мекунад. Ранги он махсус сурх карда шудааст, то ки пас аз гузаштан аз тести ташхиси коронавирус маълумотномаҳои қалбакӣ ё сохта дода нашаванд”, - мегӯяд Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати Хадамоти санитарӣ-эпидемиологии Вазорати тандурустӣ.
- Лекин мегӯянд, дар фурудгоҳи Душанбе танҳо маълумотномаи аз озмоишгоҳ (лаборатория)-и Душанбе гирифтаро қабул мекунанд ва аз дигар минтақаҳоро ба инобат намегиранд. Ҳамин тавр аст?
- Не. Мо ба ҳамаи озмоишгоҳҳо варақаҳои махсус барои сафарро фиристодем. Мусофирон 72 соат вақт дошта метавонанд, то ки бо ин маълумотнома ба дигар кишварҳо сафар кунанд.
Ҳолатҳои қабул нашудани маълумотномаи чанде аз мусофирон ба он вобаста аст, ки онҳо қалбакӣ буданд. Маҳз барои ҳамин дар фурудгоҳ ба онҳо тавсия медиҳанд, ки дар Душанбе аз тести такрорӣ гузаранду дубора ба дигар вилояту ноҳияҳо сарсон нашуда, ба хонаҳояшон барнагарданд.
Дар куҷо тест супурдан лозим ва нархи он чанд пул аст?
Душанбе
- Собиқ бинои асосии Нозироти санитариву эпидемиологӣ дар кӯчаи Саъдии Шерозӣ, 8 (назди Вазорати тандурустӣ). Нархаш - 120 сомонӣ;
- Озмоишгоҳи хусусии “Диамед” - 165 сомонӣ. Ташхиси антителаҳо дараҷаи IgM ва IgG - 155 сомонӣ;
- Озмоишгоҳи «Ахвар» - кӯчаи Бохтар, тел: 2234444. Нарх - 150 сомонӣ;
Хадамоти санитарӣ-эпидемиологии шаҳр - кӯч. Айнӣ, 12, нарх - 120 сомонӣ, тел: 446006002;
- Озмоишгоҳи Маркази ҷумҳуриявии "Шифобахш" (Қарияи Боло). Нарх - 120 сомонӣ;
- Озмоишгоҳи "Гемотест" - кӯч. М. Турсунзода, бинои 451. Тел.: +992 48 703 13 13. Нархи хизматрасонӣ - 165 сомонӣ.
Хуҷанд
- Озмоишгоҳи вирусологӣ дар бинои Маркази давлатии нозироти санитарӣ-эпидемиологӣ, инчунин дар озмоишгоҳи “Луқмони Ҳаким”;
- Филиали озмоишгоҳи “Диамед” (Беморхонаи шаҳрӣ, маҳаллаи 34, тел: 900011205 ва Беморхонаи вилоятӣ - кӯч. Гагарин , тел: 900011210).
Бохтар
- Озмоишгоҳи вирусологӣ дар Маркази давлатии нозироти санитарӣ-эпидемиологии вилояти Хатлон бо суроғаи кӯч. Сино, инчунин дар озмоишгоҳҳои хусусӣ.
Кӯлоб - дар озмоишгоҳ бо суроғаи Борбад, 40
Хоруғ - Маркази минтақавии Хадамоти санитарӣ-эпидемиологӣ бо суроғаи кӯч. Сайдмир Абдураҳмон (назди Беморхонаи вилоятӣ).
Арзиши гузаштан аз тести коронавирус тариқи ташхиси ПСР дар ҳамаи ин озмоишгоҳҳо аз 120 сомонӣ зиёд нест.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.