Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар бораи барқарор шудани парвозҳои доимӣ бо хатсайри Душанбе-Маскав-Душанбе хабар дод.
Парвозҳо дар ин масир ҳафтае як маротиба рӯзҳои сешанбе иҷро мешаванд. Вақти парвоз аз Душанбе соати 12:00, аз Москва 16:00 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти ширкат.
Арзиши чипта ба хатсайри Душанбе-Москва барои эконом класс 300 евро (4051 сомонӣ бо қурби ИАТА) ва самти баргашт 130 евро (1794 сомонӣ бо қурби ИАТА) мебошад.
Мусофиронро мебояд ҳатман маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (ПСР-тест)-ро, ки давоми 72 соат пеш аз вуруд дода шудааст, пешниҳод намоянд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд.
Маълумотнома бояд аслӣ, бо забони русӣ бошад, ҳатман ҳама навиштаҷоти он дар компютер ҳуруфчинӣ шуда бошанд (дастхат набошад).
Тибқи талабот, кулли мусофирон ҳатман бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд.
Гуфта мешавад, мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд.
Барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки азми сафар ба Душанбе доранд, доштани иҷозатномаи мақомоти ваколатдори ҶТ (Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии вируси COVID-19 дар ҶТ) барои вуруд ба қаламрави Тоҷикистон, раводид (агар лозим бошад) ва маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (ПСР-тест), ки давоми 72 соат пеш аз вуруд ба Тоҷикистон дода шудааст, зарур мебошад.
Агар ҳангоми вуруд ба фурудгоҳи Домодедово маълум шавад, ки маълумотномаи эминӣ аз COVID-19 беэътибор аст ва ё мусофир мубталои COVID-19 мебошад, тамоми хароҷотҳои аз ин сабаб бамиёномада ба зиммаи мусофир гузошта мешаванд.
Ба шаҳрвандони Федератсияи Россия, ҳамчунин шаҳрвандони АМА, Туркия, Ӯзбекистон ва Қазоқистон, ки тариқи роҳҳои ҳавоӣ ба Тоҷикистон меоянд, доштани иҷозатномаи мақомоти ваколатдори ҶТ барои вуруд ба қаламрави кишвар лозим нест.