"Мардикорбозорҳо" дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон аз субҳ серодаманд: далел ин аст, ки дар як соли ахир ба далели пандемияи коронавирус ва баста шудани марзҳо, бисёре аз тоҷикон натавонистаанд ба Русия барои корбираванд.

Агар дар минтақаҳо асосан мардуми маҳаллӣ ба ин гуна бозорҳо меоянд, пас дар бозорҳои Душанбе барои ҷустуҷӯйи кор бештар аз минтақаҳо меоянд. Онҳо бар инанд, ки дар Душанбе кор ёфтан осон ва сердаромадтар аст ва дар ҳама гӯшаву канораш сохтмонҳо дар авҷанд.

Мардикорбозорҳо дар Душанбе

Яке аз маъруфтарин "мардикорбозорҳо"-и пойтахт дар минтақаи собиқ бозори Шоҳмансур (зелёный) қарор дорад. Худи бозор хеле шуд тахриб шудааст, аммо одати ыамъ шудани мардикорон дар ин маҳал то ба имрӯз боқӣ мондааст. Мардикоронро дар ин ҷо хеле зуд фарқ карда мешавад, онҳо чанднафарӣ гирди ҳам меоянду мунтазири корфармо менишинанд. Агар мошине биояду дар наздашон қарор гирад  фавран ба сӯи он медаванд ва бо миёни ҳам рақобат низ мекунанд, то нархи кори худро бигӯянд.

Қурбоналии 38-сола аз ноҳияи Восеъ ба ҷустуҷӯи кор ба Душанбе омадааст. Мегӯяд, ки метавонад боркаш ё челонгар бошад. «Ман оилаву чор фарзанд дорам. Падару модарам низ бо мо зиндагӣ мекунанд, нафақа мегиранд, аммо ночиз аст. Тамоми шикасту рехти хона дӯши ман аст », - гуфт манбаъ.


Ӯ мегӯяд, ки пас аз он ки аз Русия ихроҷ шуд, се сол аст, ки мардикорӣ мекунад.  «Дар Русия ман пули хуб кор карда, ба оилаам мефиристодам ва ҳатто тавонистам хонаҳоро каме таъмир кунам. Вале дар ватан кор ёфтан душвор аст. Агар насиб кунад шояд 50 сомонӣ ба ҷайбатон биёя, агар не рӯзе мешавад, ки то бегоҳ мешинеду як тин ҳам кор намекунед”, мегӯяд Қурбоналӣ.

Ба гуфтаи ӯ, баъзан корфармоён бар сари нарх савдо мекунанд, аксаран сарватмандон ин корро мекунанд. "Баъзан шумо маҷбуред борро ба ошёнаҳои баландтари биноҳои нав бидуни харҷи иловагӣ бароред" гуфт ӯ. Қурбоналӣ интизор аст муҳлати ихроҷаш аз Русия тамом шаваду дубора ба ин кишвар биравад.

Баҳром Ҳамдамови 28-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ аст. Маълумоти миёна дорад, пас аз хатми мактаб дарҳол ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафт ва чанд сол дар ин кишвар кор кард. Аввали соли гузашта ӯ ба Тоҷикистон баргашт ва бинобар пандемия, ин ҷо монд.

«Дар ин ҷо кор нест, ҳар саҳар бо андешаи чӣ гуна хӯрондани оилаам аз хоб мехезам. Ба мардикорбазар меоям, аммо ҳоло дар ин коргар аз корфармо зиёдтар аст, ки нархи кор ҳам паст шудааст. Шумо метавонед дар як рӯз 30-40 сомонӣ ба даст оред, на бештар. Ин базӯр барои хӯрдан мерасад, - гуфт Баҳром.

Ғайр аз ӯ, ҳамсараш низ дар оила кор мекунад. Вай дӯзанда аст, аммо дар тӯли як соли охир, пандемия ба фармоиши дӯхтани либосҳои нав  низ таъсир расонд. “Ҳоло дархости либосдӯзӣ камтар аст, мардум ҳоло бештар дар бораи хӯрокворӣ фикр мекунанд. Нархҳои маҳсулотро бубинед, ки чӣ тур баланданд ”, - гуфт Баҳром.

Абубакри 24-сола аз Ҳисор аст. Пас аз мактаб ин ҷавон ба Донишгоҳи аграрӣ дохил шуд, аммо дере нагузашта барои давомоти нохубаш дар дарсҳо аз донишгоҳ ихроҷ мешавад, зеро барои зиндагӣ дар пойтахт бояд кор мекарду пули иловагӣ ба даст меовард. «Ман ҳанӯз издивоҷ накардаам, бо падару хонаводаи бародарам зиндагӣ мекунам. Бародар кор мекунад, аммо се фарзанд дорад, падарам нафақаи маъюбӣ мегирад. Ду сол аст ба ҳайси мардикор кор мекунам. Андовагарм, аммо қаблан онҳо барои як метри мураббаъ 10-15 сомонӣ медоданд,  ҳоло нисфи инро медиҳанд. Агар барои ягон иншоот кир кунанд он вақт пули хубтар мегирам, 1000 ё 1200 сомонӣ», - гуфт ҳамсуҳбатамон.

Сокини 43-сола Ваҳдат Зиёдулло Миров ду писар дорад, ки дар Русия кор мекунанд. Бо вуҷуди ин, ӯ ҳар саҳар ба бозори мардикор меояд, то "ризқу рӯзӣ" пайдо кунад. Маълумоти миёнаи махсус, электрик дорад. “Ман шаш фарзанд дорам. Ҳамаро бояд ба либосу хӯрок таъмин кард. Писаронам аз Русия пул мефиристанд, аммо пули онҳоро барои тӯйяшон ҷамъ мекунем. Шаш сол боз мардикорӣ мекунам. Рӯзе 40-50 сомонӣ ва баъзан то 100 сомонӣ меёбам», - гуфт ӯ.

Мардикорбозори занон дар Хистеварз

Дар ҷамоати Хистеварз (собиқ Кистакуз) -и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд мардикорбозори ғайрирасмие мавҷуд аст, ки занҳо он ҷо ҷамъ меоянд. Онҳо баро ҳар коре омодаанд - ҳосилғундорӣ, кори саҳрову гармхонаҳо. Вале барои ин корҳо музди ночизе мегиранд.


Умеда Рауповаи 42-сола, пас аз мактаб оиладор шуд ва соҳиби ду фарзанд аст. Шавҳараш ҳам мардикор аст.  «Дар як рӯз аз 20 то 40 сомонӣ кор мекунам. Ин кам аст. Ҳадди аққал 80 мебуд. Бо инсум барои хона ғаллдонагиву сабзавот мехарем - пиёз, картошка, сабзӣ, шалғам, биринҷ, мош, макарон", - мегӯяд ӯ.

Ба гуфтаи вай, барои кори саҳро зарур мешавад бори вазнинро ҳам бардоред, барои ҳамин хеле зуд хаста мешавад, зеро камхунӣ низ дорад. "Ман худро хуб ҳис накунам ҳам, кор мекунам",- гуфт Умеда.

Муҳайё 49-сола ҳам пас аз мактаб шавҳар карду ду фарзанд дорад. 20 сол аст, ки мардикорӣ мекунад. “Ман аз 30 то 50 сомонӣ ба хона меорам. Ин пул намерасад, мо базӯр рӯз мегузаронем. Ҳарчанд шавҳари ман ҳам кор мекунад ”, - афзуд ӯ.

Шавҳари Дилафрӯзи 31-сола дар Русия царор дорад, аммо бо вуҷуди ин, ӯ маҷбур аст кор кунад, ҳосилғундорӣ мекунад ва маҳсулоти кишоварзиро мекашонад. Собиқаи 8-солаи мардикорӣ дорад. “Дар як рӯз аз 20 то 40 сомонӣ мешавад ба даст овард. Бо ин пул шумо чизи зиёде карда наметавонед. Мо гӯштро кам мебинем. Асосан макарон, орд, равған, шакар, сабзавот ва ғалладона мехарем. Ҳоло, агар дар як рӯз 60-70 сомонӣ кор кардан имконпазир мебуд, ин кори дигар буд », - гуфт ӯ.

Мардикорбозири Бохтар 

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон низ мардикорбозор мавҷуд аст. Дар ин ҷо ҳам мардон ва ҳам занон ҷамъ меоянд. Онҳо низ тақрибан ҳама гуна корҳоро ба уҳда мегиранд ва бо умед ба ҳар мошине, ки ба бозор мерасад, интизор менишинанд.

Саиданвар Аҳтамзода як сокини маҳаллӣ аст, вай 34 сол дорад. Ӯ дар риштаи филология таҳсил кардааст, аммо зиндагӣ ӯро маҷбур кард, ки донишгоҳро тарк кунаду ба дунболи кор бошад. Соҳиби чаҳор фарзанд аст, ҳамсараш низ ба корҳои мавсимӣ - консервомодакунӣ дар тобистон, дар тирамоҳ чидани пахта ва дар баҳор дар гармхонаҳо машғули кор аст.

«Чор сол аст, ки ман ҳар рӯз ба ин ҷо меоям, одатан, тақрибан 30 сомонӣ кор мекунам, аммо баъзан рӯзҳое мешаванд, ки як тин ҳам кор намекунам. Ҳоло, агар 70-80 сомонӣ кор мекардам, пас зиндагӣ беҳтар мебуд ”, мегӯяд Саиданвар.

Ба гуфтаи ӯ, онҳо пули коркардаашонро барои орд, шакар, ғалладонагиҳои арзон сарф мекунанд. Гӯшт дар хонаи онҳо нодир аст. "Ман зуд-зуд бемор мешавам, хусусан дар зимистон," мегӯяд ин мардикор.

Вазири меҳнат дар мардикорбозори Бохтар

Абдулло Т.-и 31-сола маълумоти миёнаи махсус дорад, аммо ҳамчун боркаш кор мекунад. "Баъзан шумо маҷбур мешавед, ки муштариёнро ба масофаи дур бибаред диҳед ва аз ин ҳамагӣ 20-40 сомонӣ ба даст меоред, - мегӯяд Абдулло, - ман оилаву фарзанд ҳам дорам, аммо танҳо худам кор мекунам".

Ҳашт сол аст, ки ӯ ҳар рӯз ба ин ҷо, ба мардикорбазар меояд ва орзуи танҳо як чиз - пул кор карданро дорад. “Агар ман метавонистам 80 сомонӣ кор кунам, беҳтар зиндагӣ кардан мумкин буд. Ҳамин тавр - мо танҳо чизҳои зарурӣ - орд, равған, шакар, ширро дастрас карда метавонем», - мегӯяд ӯ.

Шарофиддин ҷавонтар аст - ӯ ҳамагӣ 25 сол дорад. Аммо, бо вуҷуди ҷавонӣ, ӯ аллакай се фарзанд дорад ва бо оилааш ҳамроҳи волидони худ зиндагӣ мекунад. "Ман мактаб, артишро хатм карда, баъд дар ин ҷо, ба мардикорбозор омадам", мегӯяд Шарофиддин,. "Танҳо худам кор мекунам, ба ҳисоби миёна 40 сомонӣ  дар як рӯз бо иловаи нафақаи волидонам ". Вай гуфт, ки тамоми пулро ба хӯрокворӣ - орд, равған, биринҷи реза, макарон ва шакар меравад. Барои хӯрондани чунин як оилаи серфарзанд ба шумо лозим аст, ки дар як рӯз ҳадди ақалл 100 сомонӣ кор кунед, мегӯяд Шарофиддин.

Вай ҳам мисли дигар мардикорон ба хадамоти шуғл муроҷиат накардаасту кумакпулӣ барои бекорӣ намегирад.

Тибқи иттилои Радиои Озодӣ, дар кишвар 23 "мардикорбозор" мавҷуд аст, аммо касе наметавонад шумораи дақиқи мардикоронро номбар кунад.

"Ҳама ин одамон аз ҳеч ҳуқуқи меҳнатие бархӯрдор нестанд, онҳоро на мақомоти давлатӣ ва на ташкилоти иттифоқҳои касаба ҳимоят намекунад",- мегӯяд Лутфулло Нарзиев, коршиноси масоили шуғл. "Онҳо аксар вақт маълумоти махсус надоранд, дар мақомоти шуғли аҳолӣ ҳамчун бекор ба қайд гирифта намешаванд ва ба дастгирии давлат умед баста наметавонанд".

Ба гуфтаи коршинос, Агентии шуғли аҳолӣ бояд кори худро муассиртар кунад. Он пеш аз ҳама бояд ҳамаи иншооти сохтмонро тафтиш кунад, ки бинобар он бозорҳои мардикор тухм мезананд: "Ширкатҳо мардумро ба кор мегиранд, ваъда медиҳанд, ки маоши муайяне медиҳем, вале вақте фурсати пардохт фаро мерасад, ин корфармоён ба фишору инсӯву онсӯкашонӣ мепардозанд ва ё кадом як гуноҳи ҷузъие пайдо мекунанду аз сохтмон пешг мекунанд.

Ба ҷойи онҳо коргарони мисли онҳо аз ҷиҳати ҳуқуқӣ камсаводро қабул мекунанд.  Одатан шартномаҳои меҳнатӣ бо ҳеҷ кадоме аз коргарон ё бо гурӯҳҳои сохтмонӣ баста намешаванд, ҳама чиз дар сатҳи гап. Барои ҳамин ингунаҳо мардикорбозорҳоро пур мекунанд, ба ҳеч касе эътимод надоранд".


Онҳо ҳамчунин ба он ҷойҳои холии коре, ки хадамоти шуғл пешниҳод мекунад, намераванд. Ба ҳисоби миёна, ҳар як мардикор орзу мекунад, ки дар як рӯз 80-100 сомонӣ ё дар як моҳ 2,5-3 ҳазор сомонӣ ба даст орад ва аммо хадамоти шуғли давлатӣ ҷойҳои холии кориро бо маоши 1000-1500 сомонӣ пешниҳод мекунад.

Қаблан, барои ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафан роҳе буд - ҳар сол беш аз як миллион муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба Русия, Қазоқистон ва дигар кишварҳо барои кор мерафтанд, ки аксари онҳо пас аз он дар онҷо муқим шудан, дар муддати иқомати муваққатӣ - то се сол зиндагӣ мекарданд. Аммо, пандемия ва баста шудани марзҳо боис шуд, ки ҳатто онҳое, ки иҷозати расмии истиқомати муваққатиро доранд, натавонистанд ба ҷои кор раванд ва ин боиси лабрез шудани бозори меҳнат дар Тоҷикистон шуд.

Ин матлаб бо дастгирии молии Институти «Ҷамъияти кушода» - Бунёди Мадади Тоҷикистон омода шудааст, вале баёнгари мавқеи ин ниҳод нест.