Раёсати фарҳанг ва сайёҳии Абу-Заби феҳристи кишварҳоеро, ки барои сайёҳонаш бо расидан ба пойтахти Амороти Муттаҳидаи Араб аз карантини 10-рӯза гузаштанашон лозим нест, нав кард, хабар медиҳад RUSSIAN EMIRATES.
Аз ҷумла Тоҷикистону Британияи Кабир аз рӯйхати “сабз” хориҷ шуда, Малта ба он илова шуд. Мебояд хотиррасон намуд, ки АМА низ дар рӯйхати “сурх”-и аз ҷониби ҳукумати Британияи Кабир тасдиқшуда қарор дошта, бо расидан ба ин кишвар сайёҳон аз АМА муддати 10 рӯз дар меҳмонхонаҳо ба карантин гирифта мешаванд.
Гуфта мешавад, то 13 июн, дар рӯйхати “сабз”-и Абу-Даби аз кишварҳои ИДМ Русия, Озарбойҷон, Қирғизистон, Молдова ва Ӯзбекистон боқӣ мондаанд.
Барои сайёҳоне, ки аз ин давлатҳо ба АМА меоянд, риояи карантин пас аз расидан ба Абу-Заби ҳатмӣ нест, лекин сайёҳону шаҳрвандон аз гирифтани ПСР-тести коронавирус пас аз фуруд омадан озод намешаванд.
Ин ҷо сари кишварҳое сухан меравад, ки аз он сайёҳон меоянд, на дар бораи кишвар ва шаҳрвандӣ.
Сайёҳоне, ки аз кишварҳои шомили рӯйхати “сабз” низ меоянд, пас аз 6 рӯзи вуруд ба қаламрави пойтахти Аморот ПСР-тест месупоранд.
Сайёҳони боқимонда кишварҳо бо расидан ба ин кишвар ва пас аз 8 рӯзи вуруд ба қаламрави Абу-Даби ПСР-тест супорида, инчунин ба карантини 10-рӯзаи ҳатмӣ гирифта мешаванд.
Алӣ Ал Шайба, директори иҷроияи Раёсати фарҳанг ва сайёҳии пойтахти АМА қаблан изҳор дошта буд, ки Абу Заби ба нақша гирифтааст, ки карантинро ба ҳамаи сайёҳони хориҷӣ то 1 июли соли 2021 бекор кунад.
Ӯ саҳеҳтар шарҳ додааст, ки Аморот ба низоми ПСР-тесте гузаштанист, ки айни замон дар Дубай истифода мешавад.
“Протоколҳои тестгирӣ барои сайёҳон аз кишварҳои дорои сатҳи баланд ва пасти хавф фарқ мекунад, лекин карантин баррасӣ намешавад”, - иброз доштааст Алӣ Ал Шайба.
Ҳамчунин равуо байни Дубай ва Абу-Заби сабуктар карда мешавад. “Мо метавонем барои сайёҳон расмиёти махсусе ҷорӣ кунем, то ки гузаштани сарҳад бештар осону қулайтар шавад”, - илова кардааст Ал Шайба.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Звездопад на Tarona Music Award 2024
Путин рассказал, при каких условиях готов вести переговоры с Зеленским
«Не хватает рабочих рук»: Путин высказался о путях решения проблемы миграции в России
Власти Тюменской области запретят мигрантам торговать табачными изделиями
Манучехр Беназирзода одержал победу на FORMULA55 CUP по FC25
Каждый житель Таджикистана ежедневно выбрасывает 100 граммов пластика
Во Франции мужчину, который в течение 10 лет накачивал свою жену наркотиками и насиловал, приговорили к 20 годам
Центральноазиатские страны лидируют в репатриации граждан из лагерей Сирии
Демографический бум Центральной Азии помог экономике?
«Когда правда становится жертвой клеветы». Бывший партнер героини материала о семейном насилии отвергает ее обвинения
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста