Шоми 1 июл шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон, бино ба маълумоти Вазорати тандурустии кишвар ба 13 ҳазору 523 нафар расидааст.
Теъдоди одамони сиҳатшуда 18 нафар афзудааст - тибқи омори расмӣ ҳоло шумораи онҳо 13 ҳазору 318 нафар ё худ 98,5%-ро ташкил медиҳад.
Дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон то ҳоло пойфишорӣ мекунанд, ки баъди хуруҷи дигарбораи коронавирус дар Тоҷикистон, то кунун ҳеч касе аз ин беморӣ нафавтидааст ва хабарҳои расонаҳо асос надоранд.
Рӯзи 30-юми июн, дар Вазорати тандурустӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки баъди мавҷи дувуми бемории ҳамагир то кунун ин ниҳод ҳеҷ мавриди маргро сабти ном накардааст.
Ин дар ҳолест, ки то кунун дар расонаҳои гуногуни Тоҷикистон дастикам аз марги 10 нафар бар асари гирифтор шудан ба коронавирус маълумот нашр шудааст.
Бархе аз наздикони нафароне, ки расонаҳо аз он ҳамчун қурбонии COVID-19 ном мебаранд, ба расонаҳо ҳадди аққал гуфтаанд, ки наздиконашон аз бемории дорои нишонаҳои коронавирус даргузаштанд.
Аксари ин нафарон ё дар беморхонаи маъруф ба “Якум Советский” бистарӣ буданд, ё дар беморхонаи бемориҳои сироятии маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе. Ҳоло дар Душанбе гирифторони бемориҳои коронавирусро танҳо дар ҳамин ду беморхона бистарӣ мекунанду халос.
Аммо аз 22-юми июн ба ин сӯ (аз замоне, ки Тоҷикистон расман сирояти дигарбораи шаҳрвандон ба коронавирусро таъйид кард), Вазорати тандурустӣ дар омори шумораи гирифторшудаҳо ба коронавирус аз мавридҳои нави марг низ чизе намегӯяд. Омори марг ҳамон 90 нафар боқӣ мондааст, ки ин 90 нафар то моҳи январи соли 2021 сабти ном шудаанд.
Сабаби марги дигар одамонро дар Вазорати тандурустӣ бемории илтиҳоби шуш (пневмония) маънидод мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Какие проверки проходят водители автобусов в Таджикистане перед тем, как выйти в рейс?
Генпрокуроры Таджикистана и Турции обсудили задержание и экстрадицию таджикских граждан, находящихся в розыске
Синоптики: Завтра Таджикистан накроет пыльная буря
ЕБРР предоставляет банку «Арванд» кредит в размере $10 миллионов
Первый рейс по маршруту Душанбе – Тбилиси запланирован на 22 мая
Таджикские дальнобойщики в ожидании нового порядка перевозок через Узбекистан. Объясняем, почему он пока не работает
В Уголовный кодекс Таджикистана добавили статью о колдунах и гадалках
В Таджикистане завершается весенний сев, но чувствуется дефицит воды
Сколько таджикистанцев въехало в Россию в первом квартале 2024 года?
В Таджикистане запретили «Идгардак», носить чуждую национальную одежду и встречать паломников
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста