Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабарҳои рӯзҳои ахир дар бораи марги чандин нафар аз бемории коронавирусро беасос медонад. Дар ин ниҳод мегӯянд, ки баъди хуруҷи дигарбораи коронавирус дар Тоҷикистон, то кунун ҳеч касе аз ин беморӣ нафавтидааст ва хабарҳои расонаҳо асос надоранд.
Ин дар ҳолест, ки то кунун дар расонаҳои гуногуни Тоҷикистон дастикам аз марги 10 нафар бар асари гирифтор шудан ба коронавирус, нашр шудааст.
Рӯзи 30-юми июн, дар Вазорати тандурустӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки баъди маҷи дувуми бемории ҳамагир то кунун ин ниҳод ҳеч мавриди маргро сабти ном накардааст.
Пойфишории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар ҳолест, ки бархе аз наздикони нафароне, ки расонаҳо аз он ҳамчун қурбонии COVID 19 ном мебаранд, ба расонаҳо ҳадди аққал гуфтаанд, ки наздиконашон аз бемории дорои нишонаҳои коронавирус даргузаштанд.
Аксари ин нафарон дар ё дар беморхонаи маъруф ба “Якум Советский” бистарӣ буданд ё дар беморхонаи бемориҳои сироятии маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе. Ҳоло дар Душанбе гирифторони бемориҳои коронавирусро танҳо дар ҳамин ду беморхона бистарӣ мекунанду халос.
Аммо аз 22-юми июн ба ин сӯ (аз замоне, ки Тоҷикистон расман сирояти дигарбораи шаҳрвандон ба коронавирусро таъйид кард), Вазорати тандурустӣ дар омори шумораи гирифторшудаҳо ба коронавирус аз мавридҳои нави марг низ чизе намегӯяд. Омори марг ҳамон 90 нафар боқӣ мондааст, ки ин 90 нафар то моҳия январи соли 2021 сабти ном шудаанд.
Вазорати тандурустӣ ва беморхонаҳо то ин вақт, марги нафаронеро, ки дар шабакаҳои иҷтимоиву расонаҳо аз коронавирус гуфта мешавад, бештар ба бемории илтиҳоби шуш рабт медиҳанд.
Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустӣ низ ба «Азия-Плюс» фавти шахсони гирифтори бемории коронавирусро дар Тоҷикистон рад карда, гуфт, ки «вақте расман фавти беморон тасдиқ гардид, маълумот дода мешавад» .
То имрӯз дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, манбаъҳои гуногун хешу таборон ва наздикони нафарони шахсони зерин гуфтаанд, ки марги онҳо ба далели сироят шудан ба коронавирус буд.
1. Қурбоналӣ Абдураҳимзода, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон;
2. Домулло Абдураҳмон Боқизода, бошандаи деҳаи Гулпарвари ноҳияи Рӯдакӣ;
3. Профессор Нигина Шаропова, муовини пешини сарвазири Тоҷикистон;
4. Наргис Ҳакимова, табиби дермато-косметолог аз Душанбе;
5. Роҳат, ҳамсари Шоири халқии Тоҷикистон Саидалӣ Маъмур;
6. Лайлӣ Мақсудова, сардори шуъбаи равобити байналмилалии “Тоҷикстандарт”.
7. Раҷабалӣ Саидвализода, роҳбари Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент;
8. Қобилхоҷа Қобилов, раиси собиқи дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ;
9. Ҳомидҷон Устоев, майор, корманди собиқи милитсияи шаҳру вилояти Қӯрғонтеппа;
10. Ҷамшед Ҷаҳонгирзода, корманди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе.
Вазорати тандурустӣ ба «Азия-Плюс» гуфт, ки ин нафароне, ки расонаҳо рӯйхати онҳоро нашр кардаанд аз коронавирус нафавтидаанд ва назари наздикони онҳо асос надорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Тоҷикфилм” соли оянда чанд филмро маблағгузорӣ мекунад?
ҲХДТ ба интихоботи парлумонӣ 28 номзад пешниҳод кард. Онҳо кистанд?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хашми подшоҳ бар надими худ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 декабри соли 2024
Кӯчаҳои камодам, сокинони ҳаросон, посбонӣ дар гирди гулхан. Гузориш аз як деҳаи Конибодом, ки дар як шаб 4 касро куштанд
Фавти 2 кӯдак аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар Шаҳристон
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар раиси ҲХДТ интихоб шуд. Ба вазифаи муовинони ӯ киҳо интихоб шуданд?
Мошинро аз дарё берун оварданд, вале ҷасадҳо нест. Ҷустуҷӯи ҷасади ронанда ва 2 мусофир идома дорад
Муҳокима дигарбора оғоз шуд. Манобеъ мегӯянд, “ба эҳтимоли зиёд то охири сол ҳукми чеҳраҳои шинохтаи боздоштшуда содир мешавад”
Даргузашти "Суқрот"-и тоҷик дар Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста