Тибқи пешгӯйии обуҳавошиносон, рӯзҳои наздик дар чанде аз ноҳияҳои кишвар тӯфони чангу ғубор, фаромадани сел ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо дар назар аст.
Тавре Агентии обуҳавшиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, рӯзҳои 27-30 июли соли ҷорӣ дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 15-20м/с, дар баъзе ноҳияҳо то 20-25м/с дар назар буда, дар минтақаҳои алоҳида тӯфони чангу ғубор ба амал меояд.
Дар давраи рӯзҳои 26-28 июл дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии вилояти Суғд, Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ сар задани селҳои хусусияти маҳаллӣ ва пиряхӣ аз эҳтимол дур нест.
Гуфта мешавад, бо сабаби болоравии ҳарорати ҳаво ин рӯзҳо дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.
Рӯзҳои 26-29 июли соли ҷорӣ дар шаҳрҳои ҷумҳурӣ шароити обу ҳаво метавонад ба пайдоиши нурҳои ултрабунафш (радиатсияи офтобӣ) дар қабати болоии атмосфера мусоидат намояд ва аз соати 1200 то 1500 таркиби нурҳои ултрабунафш ба нишондиҳандаҳои баландтар хоҳад расид, ки ин вазъият метавонад ба саломатӣ таъсири манфӣ расонад.
Зикр мегардад, ки баландшавии нишондиҳандаҳои нурҳои ултрабунафш дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои марказӣ ва шарқии НТҶ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва минтақаҳои шарқии ВМКБ боқӣ мемонад. Дар ҳамин давра мувофиқи ҳисобҳои пешакии вазъи обу ҳаво сатҳи баландшавии нурҳои ултрабунафш пас аз нисфирӯзӣ боқӣ хоҳад монд.
Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба сокинону меҳмонони ҷумҳурӣ тавсия медиҳад, ки ҳушёриро аз даст надода, солимии худро эҳтиёт кунанд ва ба хотири пешгирии ҳодисаҳои нохуш, бо истифода аз фурсатҳои мусоид селроҳаву наҳр ва ҷуйборҳоро аз партову дигар ифлосиҳо тоза намоянд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.