Дар Душанбе қариб ҳамаи омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ пурра ваксина гирифтанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Раёсати маорифи пойтахт.
Воя (доза)-и якумро муалимон ҳануз давоми моҳҳои апрел-май ва вояи дуюмро моҳҳои июн-июл гирифтанд.
«16 ҳазору 290 нафар омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ваксина гирифтанд, ки 92,3% аз шумори умумиро ташкил медиҳад. Танҳо он омӯзгорон ва кормандоне боқӣ монданд, ки бо тавсияи табибон ба онҳо ҳоло ваксина гузаронидан мумкин нест”, - гуфт Асомиддин Бобозода, мудири шӯъбаи муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии Раёсати маорифи шаҳри Душанбе.
Ба гуфтаи номбурда, дар ҷараёни ваксинзанӣ байни омӯзгорони шаҳр ягон мушкилие вуҷуд надошт.
"Аз он хурсандем, ки омӯзгорон ба ин чорабинӣ хеле масъулиятшиносона муносибат карданд ва ягон ҳолате набуд, ки кадоме аз онҳо аз ваксиназанӣ даст кашида бошад", - иброз дошт Бобозода.
Маъракаи эмгузаронӣ зидди коронавирус дар Тоҷикистон аз 23 март оғоз шуда, аз 3 июл он барои ҳамаи шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмӣ эълон шудааст.
Айни замон дар Тоҷикистон се ваксинаи зидди коронавирус дастрас аст: Moderna, AstraZeneca ва CoronaVac.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.