Рӯзҳои 15 ва 16 август дар баъзе минтақаҳои вилояти Хатлон ва Ноҳияҳои тобеъи марказ (НТМ) чангу ғубор боқӣ мемонад. Ин рӯзҳо дар ҷануби кишвар ва НТМ пурзӯр шудани суръати вазиши шамол то 17-22 м/с дар назар аст.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, аз имрӯз, 13 август то 16 август дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии вилояти Суғд, НТМ ва ғарби ВМКБ сар задани селҳои хусусияти маҳаллӣ аз эҳтимол дур нест.

Ҳарорати рӯзона дар Душанбе рӯзҳои истироҳат дар ҳудуди 33-35 дараҷа гарм шуда, дар ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳии НТМ борони кӯтоҳмуддат бо раъду барқ аз эҳтимол дур нест.

Аз рӯзи душанбе то охири ҳафтаи оянда тибқи маълумоти обуҳавошиносон, ҳарорат дар пойтахт ва НТМ дар сатҳи 34-36 дараҷа гарм қарор мегирад.

Дар минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ низ қариб ба ҳамин монанд обуҳаво бо фарқияти як дараҷа пасттар дар вилояти Суғд ва як дараҷа баландтар дар вилояти Хатлон пешгӯйӣ мешавад.

Ҳафтаи ояндаи дар ВМКБ ҳарорат нисбатан пасттар буда, 26-28 дараҷа гарм мешавад ва баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.