Дар Тоҷикистон 29,5 фоиз аҳолӣ бар зидди бемории COVID-19 воксин зада шудаанд. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтммоӣ хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки то 17 август, 77 фоизи сокинони шаҳри Душанбе воксин зада шудаанд.
Манбаъ менависад, ки ба ҳолати 17 август дар ҳудуди кишвар 1 миллиону 755 ҳазору 958 нафар шаҳрванд ба ваксинатсия фаро гирифта шуда, вояи дуюми ваксинаро беш аз 212 ҳазор шаҳрванд гирифтаанд.
- Аз давраи хуруҷи бемории COVID-19 бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон бобати ҳифзи аҳолӣ аз гирифторӣ ба беморӣ 4 миллиону 160 ҳазору 740 воя воксина вориди қаламравӣ кишвар гардонида шуда, иқдомоти амалӣ дар ин самт идома доранд,-менависад вазорат.
Дар идома ёдоварӣ мешавад, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19, ки санаи 3 июл ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18 сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад.
-Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад,-қайд мекунад манбаъ.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
«Таджик Эйр» выполнил первый рейс по маршруту Душанбе – Рашт
Кохлеарная имплантация в Таджикистане: Восстановит ли она слух полностью, и с какого возраста можно проводить операцию?
Стихи, ремесла и национальная одежда: в Иране прошел «Вечер Таджикистана»
BILD: Две трети человечества находится под властью мужчин старше 70 лет
Исследование РАНХиГС: в Россию вернулись 10% релокантов
В Таджикистане снизили ставку рефинансирования
Сергей Хмельницкий и зарождение архитектурной школы Таджикистана
Власти США решили в 30 раз сократить штат USAID
Таджикистан нарастил экспорт фруктов, но вдвое сократил поставки овощей в 2024 году
Швейцария вернет Узбекистану $182 млн из активов Гульнары Каримовой
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста