Дар Тоҷикистон вазъияти шиддатноки вобаста ба харидории чиптаҳои ҳавопаймо ба Русия тадриҷан аз байн меравад. Сабаби ин афзоиши парвозҳо ва коҳиши нархи чиптаҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии Русия аст.
Ширкати ҳавопаймоии ватании "Сомон Эйр" ҳоло ҳам нархномаҳоро паст накардааст, аммо мусофирон дигар билетҳои онро ба мисли мавсими фасли баҳор ва аввали тобистон ба маблағи 10-12 ҳазор сомонӣ (аз даст, бо пардохти иловагӣ) намехаранд.
Навбатҳои тӯлонӣ назди хазинаҳои билетфурӯшӣ аз байн рафтанд.
Чанде пеш ширкати русиягии «Уральские авиалинии» 40% арзон кардани чипта, инчунин “ЮтЭйр” ва S7 Airlines - тахфиф (камшавии нарх)-ро эълон карданд.
Имрӯз аз Русия ба Душанбе метавон бо нархи 2-2,5 ҳазор сомонӣ парвоз кард. Муҳоҷир Аҳрор Юнусов аз ноҳияи Рӯдакӣ инро тасдиқ мекунад. "Ман рӯзи 12 сентябр аз Маскав парвоз карда,, ба маблағи 14 ҳазор рубли русӣ чипта харидам",- гуфт ӯ.
Ширкатҳои ҳавопаймоии Русия арзиши сафари ҳавоӣ аз Тоҷикистон ба Русияро коҳиш дода, аммо ширкати ватанӣ ҳоло ин корро накардааст.
Тағйирот дар таърифаҳои парвозҳои Русия пас аз он ба амал омад, ки Русия ба ҷои парвозҳои чартерӣ парвозҳои мунтазам ҷорӣ кард.
Расман имрӯз нархи ҳадди ақали чиптаҳо ба Русия (аз ширкатҳои русиягӣ) то 3400 сомонӣ поин рафтааст. Аммо ба чанд хазинаи билетфурӯшӣ занг зада, бо ин миқдор маблағ билет наёфтем. Дар хазинаҳои фурӯши билетҳои ҳавопаймоӣ ба “Азия-Плюс” изҳор доштанд, ки арзиши чиптаҳо вобаста ба вақти парвоз ва самти хатсайр аз 5300 то 7600 сомониро ташкил медиҳад.
Аммо поинравии нарх маълум аст - қаблан чиптаҳо расман тақрибан 5,500 сомонӣ, вале дар асл - 8,10 ва ҳатто 12 ҳазор сомонӣ нарх доштанд.
Билетҳои арзонтарро барои моҳҳои ноябр ва декабр, яъне пешакӣ харидан мумкин аст. Билетҳо барои нимаи дуюми сентябр ва октябр қиматтаранд.
Таърифаи ягонаи ширкати “Сомон Эйр” мисли пештара расман 6500 сомонӣ буда, аммо чиптаҳо ба парвозҳои таъҷилӣ гаронтаранд.
Русия аз 27 август парвозҳои доимиро ба Тоҷикистон аз сар гирифт ва акнун парвозҳо дар хатсайрҳо аз Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб ба Маскав ва Санкт-Петербург, инчунин 17 шаҳри дигари Русия ба ҳамаи хоҳишмандон дастрасанд.
Нархи билетҳои ҳавопаймо ба Дубай, Истанбул ва Тошканд бетағйир мондааст.
...Дар ҳамин ҳол, шоҳидон мегӯянд, ки тайи як ҳафтаи ахир теъдоди шаҳрвандоне, ки тариқи гузаргоҳи “Дӯстӣ” ба Ӯзбекистон мераванд, кам шудааст. Сарфи назар аз нисбатан арзон будани билетҳо аз Ӯзбекистон ба Русия, бо назардошти хароҷоти убури сарҳад ва сафар аз Сари-Осиё то Самарқанд ва Тошканд, фарқияти нархи чиптаҳои ҳавопаймо аллакай начандон зиёд мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
От "Связи" до "Дусти": Как менялась главная площадь Душанбе?
Что будет, если в Землю врежется небольшой астероид?
Таджикская девушка-боец: Как Фотима Холова остается сильной
Какие достопримечательности можно посмотреть в Иране?
Google сам себе разрешил использовать ИИ для создания оружия и технологий слежки
Чемпионат Таджикистана – третий снизу в рейтинге лиг стран бывшего СССР
Президент США заявил о "неслыханном уровне коррупции" в USAID и потребовал его закрыть
Эмомали Рахмон подписал указ о повышении зарплат, пенсий и стипендий
Как изменились ставки земельного налога в Таджикистане?
Трамп допустил вероятность встречи с Зеленским на следующей неделе
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста