Пайвандони Абдурозиқ Қаҳҳоров, яке аз ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо ҳукми додгоҳи Қирғизистон ба ҳабси абад маҳкум шуданд, мегӯянд, аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва алайҳи Қаҳҳоров туҳмат кардаанд.

Рӯзи 14-уми сентябр додгоҳи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ду шаҳрванди Тоҷикистон - Абдурозиқ Қаҳҳоров ва Аскар Юнусовро бар асоси моддаи 380 "ҷиноят ба зидди сулҳ" ва 391 “ғоратгарӣ” - и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳабси абад маҳкум кард. Ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар робита ба муноқишаи марзии моҳи апрел дар моҳи майи соли равон боздошт шуда буданд.

Пайвандони  Абдурозиқ Қаҳҳоров дар суҳбат бо “Азия-Плюс” аз ҷузъиёти боздошт ва ҳукми абад гирифтани ӯ нақл карданд.

Акс бо сарбозон

Наргиз Ҷабборова, ҳамсари Қаҳҳоров мегӯяд, ин хонавода аз соли  2010 ба ин тараф дар заминҳои деҳаи Борбордуки ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, ки моликаш қирғизҳо буданд, боғдорӣ мекарданд ва дар он заминҳо хонаеро ҳам бунёд кардаанд.

Ба гуфтаи Наргиз, рӯзи 22-уми май мақомоти интизомии Қирғизистон аввал ӯ ва хусурашро даъват карда ,бозпурсӣ карданд ва баъдан шавҳарашро боздошт карданд. Дар ҳоле, ки баъди ҷанг дар охири моҳи апрел марз байни ду кишвар баста шуда буд, чаро ва чӣ тавр ин хонавода ба деҳаи қирғизнишин гузаштанд, номаълум аст.

“Ҳангоми кофтуков дар телефони шавҳарам як акси ӯро бо ду низомии тоҷик дар Хистеварз пайдо карданд ва ҳаминро асос карданд то ӯро боздошт кунанд. Ба аксгирӣ шавқ доштанд, ҳар ҷо ки мерафтанд, бо ҳамсӯҳбатон акси хотиравӣ мегирифтанд”, - гуфт Ҷабборова.

Наргиз Ҷабборова
Asia-Plus

Ба гуфтаи пайвандон, Абдурозиқ Қаҳҳоров дар гузашта 12 сол дар мактаб-интернат аз фанни забон адабиёти тоҷик дарс медод ва ду сол дар ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳайси ронанда кор кардааст. Чаҳор соли охир дар хатсайри №66 “Хистеварз-Гулистон” ронандагӣ мекард ва дар рӯзҳои муноқишаи марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон дар кор буд.

Ӯ бегуноҳ аст

Бародари Абдурозиқ - Абдуҳаким Қаҳҳоров ҳам мегӯяд, ӯву бародараш дар муноқишаи марзии охир умуман иштирок накардаанд ва ба он сӯйи марз нагузаштаанд.

“Агар додарам ҷиноят содир карда бошад бигзор барои он ҷазо гирад. Вале ӯ ҷиноят содир накардааст ва дар додгоҳ ҳам инро ба гардан нагирифт. Ягона айби додарам ин аст, ки баъди ҷанг назди сарбозон рафта, бо  онҳо акс гирифтааст. Наход барои ҳамин кораш чунин ҷазои сангин диҳанд!?”,- гуфт Абдурозиқ Қаҳҳоров

Наргиз Ҷабборова мегӯяд, шавҳараш дар мурофиаи додгоҳӣ иттиҳомотро ба гардан нагирифтааст ва онҳоро тӯҳмат номидааст. Ӯ гуфт, бо ду фарзанд ва хусураш ба мурофиаи додгоҳӣ ба Қирғизистон рафтанд, вале ба онҳо иҷозат надодаанд дар мурофиа иштирок кунанд, маҷбуран аз толор берун кардаанд.

“Шавҳарам ба ҷуз аз акси якҷоя бо сарбозони тоҷик, ки дар телефонашон гирифта буданд, дигар айбро ба гардан нагирифт. Ба гуфтаи мақомоти қирғиз, гӯё шавҳарам мағозаҳоро аввал дуздида, баъд оташ зада бошад, гӯё аксашро дар интернет бо яроқ дида бошанд. Ҳам ҷабрдидаҳо ва ҳам шоҳидон инро тасдиқ накарданд. Шавҳари ман одам накуштааст ба мағоза дуздӣ надаромадааст ё хонаи одамонро оташ назадааст”, – мегӯяд Наргиз.

Дар муноқишаи мусаллаҳонаи 28 - 29-уми апрели имсол дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аз ду ҷониб даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шудаву даҳҳо манзил дар коми оташ мондаву вайрон шуданд. Ду кишвар якдигарро ба оғози ҷанг гунаҳкор мекунанд ва додситониҳои кулли Тоҷикистону Қирғизистон дар робита ба ҳодиса парванда боз кардаанд.
Наргиз Ҷабборова
Asia-Plus

Хоҳиши кӯмак

Ба гуфтаи Ҷабборова, алҳол дар пайдо кардани ҳудуди 3 ҳазор сомонӣ маблағе, ки бояд ба вакили мудофеъи қирғиз барои навиштани аризаи даъвогӣ диҳанд, ночор мондаанд.

- Барои ин кор ба ӯ бояд 20 ҳазор сом, муодили 2 ҳазору 600 сомонӣ диҳем. Вале чунин маблағ надорем. Маблағи доштаамонро барои мурофиаи додгоҳии пешин пурра сарф кардем. Ҳатто чорвову тилловориҳоямро фурӯхтам, дигар чизе намонд. Ба ғайр аз ин, барои рафту омад ба вилояти Ботканд 10 ҳазор соми қирғизӣ лозим аст. Се фарзанди мактабхону донишҷӯ дорам. Намедонем чунин маблағи калонро аз куҷо пайдо кунем,- мегӯяд Наргиз.

Ба гуфтаи ӯ барои кӯмак дар ин самт ва умуман исбот кардани бегуноҳии шавҳараш онҳо ба ҳукумати вилояти Суғд муроҷиат кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.