Суди вилояти Ботканди Қирғизистон ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба ҳабси абад маҳкум кард. Суд онҳоро тибқи моддаҳои 380 (Ҷиноят ба зидди сулҳ) ва 391 (Ғоратгарӣ)-и Кодекси ҷиноятии Қирғизистон гунаҳкор эътироф намуд.
Тоҷикистониён бо гузаштаи муддати начандон зиёд пас аз муноқишаи мусаллаҳона дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳабс гирифта шуданд, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.
Гуфта мешавад, Тоҷикистон то ба ҳол дар бораи муҳокимаи шаҳрвандонаш дар кишвари ҳамсоя изҳори назар накардааст.
Аскар Юнусов ва Абдурозиқ Қаҳҳоров, моҳи майи имсол аз ҷониби нерӯҳои Қирғизистон дар шароити номаълум дастгир шудаанд. Онҳо дар як кӯча бо қирғизҳо дар мавзеи баҳсии наздисарҳадӣ зиндагӣ мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, муҳокимаи се шаҳрванди тоҷиктабори Қирғизистон низ дар робита ба муноқишаи марзии моҳи апрел дар Додгоҳи ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд идома дорад. Додситон 15-уми сентябр ба онҳо 20-солии ҳабс талаб кардааст. Интизор меравад, ҳукми онҳо 21-уми сентябр эълон шавад.
Бино ба санадҳое, ки Радиои Озодӣ дастрас кард, ин афрод ба "хиёнат ба ватан", "ғайриқонунӣ гузаштан" аз марз ва "қочоқи маводи мухаддир" муттаҳаманд.
Қобили зикр аст, ки охири моҳи апрел бар асари задухӯрди мусаллаҳона байни марзбонони тоҷику қирғиз аз ҳар ду тараф зиёда аз 50 нафар ҳалок ва беш аз 300 кас осеб диданд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Ҳамзамон 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Путин призвал не допустить дестабилизации ситуации в СНГ
В Таджикистане подешевели лимоны и морковь, а мясо и молоко подорожали
Навстречу «Талибану». В России решили создать механизм исключения организаций из списка террористических
Таджикистан вслед за другими странами ЦА прекратил обслуживание карт UnionPay Газпромбанка
ООН: Каждые 10 минут в мире от рук партнера погибает женщина
Китай становится главным торговым партнером Таджикистана?
«Они не считали нас людьми». Депортированный таджикистанец рассказал, почему больше не поедет в Россию
Душанбинская милиция предупредила о росте мошенничества на платформах частных объявлений
В Душанбе состоятся два Вечера киномузыки Болливуда
Как остановить домашнее насилие в отношении женщин?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста