Тибқи гузориши навшудаи Бонки Ҷаҳонӣ Groundswell ("Мавҷи нӯҳум"), тағирёбии иқлим метавонад ба кӯчонидани беш аз 2,4 млн нафар то соли 2050 дар Осиёи Марказӣ боис гардад.
Вуруди муҳоҷирони "иқлимӣ" ба водии Фарғона (қаламрави Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон), минтақаи пасткӯҳҳо дар ҷануби Тоҷикистон, аз ҷумла Душанбе, инчунин Тошканд ва минтақаҳои нисбатан сераҳолӣ дар шимоли Қазоқистон пешбинӣ шудааст.
Интизор меравад, ки мавзеъҳои сарҳади ҷанубии Қазоқистон, минтақаҳои ҳамсояи водии Фарғонаи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, инчунин заминҳои атрофи Бишкек минтақаҳои хуруҷ хоҳанд буд.
Кӯчидани аҳолиро ба ин қаламравҳо муаллифони гузориш ба "афзоиши пешбинишудаи дастрасӣ ба об ва ҳосилнокии зироатҳо" рабт медиҳанд.
Дар гузориш таъкид шудааст, ки то соли 2050 тағирёбии иқлим, ки ба як неруи таҳрикдиҳандаи муҳоҷират табдил меёбад, дар маҷмӯъ метавонад 216 млн нафарро дар шаш минтақаи ҷаҳон маҷбур кунад, ки ба дигар қисматҳои кишварҳояшон кӯчанд.
Гуфта мешавад, шумори муҳоҷирони дохилии иқлимӣ дар кишварҳои Африқои воқеъ дар ҷанубии Сахара метавонад ба 86 млн, Осиёи Шарқӣ ва минтақаи Уқёнуси Ором - 49 млн, Осиёи Ҷанубӣ - 40 млн, Африқои Шимолӣ - 19 млн, Амрикои Лотинӣ - 17 млн, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ - 5 млн нафар бирасад.
Омилҳои муҳоҷирати дохилии иқлимӣ метавонанд хеле зуд - то соли 2030 ташаккул ёбанд ва бо наздик шудани соли 2050, афзоши миқёс ва шиддати ин раванд идома хоҳад ёфт.
Аммо, муаллифони гузориш зикр мекунанд, ки роҳандозии тадбирҳои фаврии ҳамоҳангшуда барои коҳиши партобҳои глобалӣ ва дастгирии рушди экологӣ, фарогир ва устувор метавонад миқёси муҳоҷирати иқлимиро то 80% коҳиш диҳад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Как поехать учиться в другую страну в 2025 году: возможности и стипендии для граждан Таджикистана
В Таджикистане завершились съёмки фильма «Тропа гнева». Когда его покажут?
Skype всё? В мессенджере заметили сообщение о скором его закрытии
В Совете по правам человека ООН обвинили талибов в преступлениях против человечности
Под лавиной на трассе Душанбе – Чанак погиб водитель
Несколько СМИ, включая информагентство «Азия-Плюс», лишили права освещать парламентские выборы
Ушел из жизни таджикский филолог-востоковед Азим Байзоев
Мифы о старых автомобилях: стоит ли покупать авто старше 10 лет?
От Москвы до Вашингтона: где и как граждане Таджикистана могут проголосовать на выборах в парламент?
В России задумали разрешить мигрантам работать по одному патенту в столице и смежном регионе
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста