Вазорати тандурустии Тоҷикистон масъалаи гирифтани ваксинаи сеюми зидди бемории коронавирусро баррасӣ намуда истодааст. Аммо қабл аз он бояд на камтар аз 6 млн аҳолии кишвар ду ваксинаи заруриро бигиранд, иттилоъ дод ба «Азия-Плюс» Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати Хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ.
Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ваксиназании сеюм байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолиро ба нақша гирифта, баррасии он идома дорад.
“Вале дар аввал бояд на камтар аз 6 млн аҳолӣ ҳар ду ваксинаро гирифта бошанд ва баъдан масъалаи сеюм ҳалли худро пайдо мекунад. Айни ҳол эмгузаронӣ байни аҳолӣ идома дорад ва умедворем ба ин шумора низ мерасем”, - гуфт Ҷаъфаров.
Номбурда иттилоъ дод, ки Тоҷикистон тибқи нақша ба 12 млн воя ваксина эҳтиёҷ дорад ва то имрӯз беш аз 8 млн 400 ҳазор воя ба Тоҷикистон ворид гардидааст.
Гуфта мешавад, ки ҳоло дар Тоҷикистон 57 дарсади аҳолӣ вояи якум ва зиёд аз 47 дарсад вояи дуввуми ваксина ба зидди бемории СОVID-19-ро гирифтаанд.
Хотиррасон мекунем, ки дар Тоҷикистон ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18-сола боло ҳатмӣ мебошад. То имрӯз дар Тоҷикистон барои эмкунии шаҳрвандон аз ваксинаҳои зерин истифода мешавад: "Спутник V" (истеҳсоли Русия), CoronaVac (Чин), AstraZeneca (Аврупо), Moderna ва Pfaizer (ИМА).
Дар ҳамин ҳол, давоми як шабонарӯзи охир дар мамлакат ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Баходур Шерализода возглавил Федерацию фехтования Таджикистана
Доллар за неделю обесценился к таджикской валюте на 1,1%
Испытания на казахско-российской границе: история одной таджикской семьи, пытавшейся легализоваться в России
Большой театр Узбекистана приедет на гастроли в Душанбе
Внешний долг Таджикистана сократился на $87 млн за три месяца
«Почтаи точик» возобновила почтовую пересылку с Россией после годичного перерыва
Налог на транспорт в Таджикистане резко вырос — подорожал и техосмотр (КАЛЬКУЛЯТОР)
Перемещения мигрантов в Москве и Подмосковье будут отслеживать через приложение
NETS признана «Любимой маркой 2025» в номинации «Двигатель прогресса»
В Таджикистане стартовала уборка картофеля нового урожая. В этом году его засеяно на 20% меньше
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста