Муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия аз 29 декабр патент барои корро дар шакли корт бо чип мегиранд, ки аз сурати электронии рӯй ва изи ангуштони соҳиби он иборат аст. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба фармони вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев иттилоъ медиҳад.
“Шакли патенти додамешуда ба шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ, ки ба Русия бо тартиби бидуни талаби раводид меояд, дар шакли корт бо ҳомили электронии маълумот тасдиқ карда шавад. Фармони мазкур аз 29 декабри соли 2021 мавриди амал қарор мегирад”, - гуфта мешавад дар санад.
Мувофиқи фармон корт 8,5-3,5 см андоза дошта, дар тарафи пеши он сурат, силсила ва рақами патент, ному насаб ва номи хонаводаи молики он ҷойгир карда мешаванд.
Ғайр аз ин, дар он санаи таваллуд, шаҳрвнадӣ, силсила ва рақами ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, ихтисос (касб) ва рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА, ИНН) зикр мешавад.
Дар тарафи дигар номи субъекти Русия, ки соҳиби корт дар он ҷо кор мекунад, маълумоти аз ҷониби кӣ ва кай дода шудани патент ҷойгир мешавад.
Дар қисмати поёни тарафи қафо рақами варақаи патент аз 9 рамз, QR-код бо ному насаб ва номи хонавода, санаи ва ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ, инчунин силсила, рақам ва санаи ба охир расидани муҳлати амали ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, силсила ва рақами патенти додашуда дарҷ карда мешавад.
Ғайр аз ин, дар тарафи қафои патент ҳомили электронии маълумот дар шакли микросхема ҷойгир карда хоҳад шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.