Дар Тоҷикистон гузоштани арчаи солинавӣ дар мактабҳои миёна манъ шуд. Ин тасмимро дар раёсати маорифи шаҳри Душанбе ба "Азия-Плюс" таъйид карданд. Аммо аз ин ниҳод гуфтанд, ки гузоштаи арчаи солинавӣ дар боғчаҳо иҷозат аст.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар авоили моҳи декабр, чун анъана, баҳс дар бораи баргузории ҷашнҳои солинавӣ дар мактабҳо ва муассисаҳои томактабии Тоҷикистон оғоз шуд. Бархе аз волидон ва хонандагон умедвор буданд, ки ба онҳо ҷашнгирии солинав иҷоза дода мешавад.
Раёсати маорифи шаҳри Душанбе мегӯяд, ки ба ифтихори Соли Нави мелодӣ барномаҳои солинавӣ на танҳо дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ гузаронида мешавад, имкон дорад, ки озмунҳои фарҳангӣ ва шеърхониву расмкашӣ баргузор шавад. Вале ин бояд дар доираи дарсҳои тарбиявӣ гузаронида шаванд.
Асомиддин Бобозода, муовини сардори Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи шаҳри Душанбе мегӯяд, ҳарчанд барномаҳои ҷашнӣ дар дарсҳои тарбиявӣ иҷозат шуда боша, вале насб кардани арчаии солинавӣ дар мактабҳо манъ шудааст.
"Ин ҳама ба хотири таъмини амнияти кӯдакон ва ҷилавгирӣ аз издиҳом ва аз ҳар гуна омиле, ки ба раванди таълим халал мерасонад, анҷом дода шудааст",-гуфт Бобозода.
Номбурда афзуд, ки то ҳоло дар чаҳор ноҳияи Душанбе арчаҳои солинавӣ гузошта шуда, барномаҳои тафреҳӣ роҳандозӣ шудаанд, то мактаббачагон бо волидонашон истироҳат кунанд. Аммо дар муассисаҳои томактабӣ омода намудани барномаҳои солинавӣ ва гузоштани арчаҳои солинавӣ маҳдудияте вуҷуд надорад, - гуфт Бобозода.
Ҳамчунин дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар мавриди маҳдудиятҳо ё иҷозати насби арчаи ҷашнӣ соли равон дар ин бора супориши нав ворид нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 2012 Вазорати маориф ва илм мухолифи таҷлили соли нави милодӣ дар мактабҳо буд. Қаблан вазорат тасмими худро бо дархости волидайне, ки аз ҷамъоварии маблағ дар рӯзҳои таҷлили солинавӣ шикоят кардаанд, марбут дониста буд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Женский футбол в Таджикистане ломает стереотипы, но ему очень нужна поддержка
Как США покупали и захватывали земли других стран
Как изменились цены на продукты питания в Таджикистане по сравнению с январем 2024 года
Почему таджикские футболисты за рубежом отказываются играть за сборную Таджикистана?
Кремль: Путин открыт к встрече с Трампом
"Талибан" требует от Запада уплаты репараций за 20 лет войны в Афганистане
Центральная Азия для США - не приоритет
Узбекистан с 2027 года может запретить пластиковые пакеты
«Безусловное освобождение»: Суд приговорил Трампа по делу Сторми Дэниэлс
США ввели санкции против российского нефтегазового сектора: "Газпром нефть - Таджикистан" в списке
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста