Муҳоҷирони меҳнатӣ ва хориҷиёне, ки ба Русия ба муддати зиёда аз се моҳ сафар мекунанд, бояд ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузашта, изи ангуштонашонро (дактилоскопия) супоранд. Муҳоҷирон ба анҷоми расмиёти зикршуда дар муддати 30 рӯз ва боқимонда шаҳрвандони хориҷӣ - 90 рӯз уҳдадор шуданд.
Дар Русия аз 29 декабр тағйирот ба қонунгузорӣ ҳукми қонунӣ гирифт, ки мувофиқи он, муҳоҷирони корӣ ва хориҷиёне, ки ба ин кишвар ба муддати тӯлонӣ меоянд, бояд ҳатман изи ангуштонашонро супурда, сурат гиранд ва аз муоинаи тиббӣ гузаранд, менависад РБК.
Тавре ки дар ВКД шарҳ додаанд, муҳоҷирони меҳнатӣ ин расмиётро бояд дар муддати 30 рӯз аз замони вуруд ва хориҷиёне, ки дар Русия мақсади кор надоранд - дар муддати 90 рӯз - 3 моҳ анҷом диҳанд.
Муоинаи тиббӣ аз супурдани тест ба ташхиси надоштани бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сирояти ВНМО ва вобаста набудан ба нашъамандиро дарбар мегирад.
Супоридани изи ангуштон ва гузаштан аз муоинаи тиббӣ ба шаҳрвандони Беларус; кӯдакони синни аз 6-сола поинтар; шахсони мансабдори созмонҳои байнулмилалӣ; дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хидматӣ ва дигар категорияҳои шаҳрвандон лозим нест.
Мувофиқи фармони ВКД, муҳоҷирони кории изи ангуштонашонро супурда ба гирифтани патенти кор дар шакли корт бо чип, ки тасвири электронии рӯй (симо) ва изи ангуштони дастро дорад, оғоз мекунанд.
Дар корт силсила ва рақами патент, ному насаб ва номи хонаводагии дорандаи он, рӯзу моҳ ва соли таваллуд, шарвандӣ, силсила ва рақами ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, касбу кор ва ихтисос ва РМА дарҷ хоҳад ёфт. Дар он ҳамчунин номи минтақае, ки шахс дар он кор мекунад, зикр мешавад.
Президенти Русия Владимир Путин дар бораи ҳатман супоридани изи ангуштон ва гузаштан аз муоинаи тиббиро барои муҳоҷирони корӣ аз 1 июл ба имзо расонид.
Қаблан вазири умури дохилаи Русия Владимир Колоколтсев фармон содир намуд, ки мувофиқи он ба муҳоҷирони корӣ дар Русия дар шакли корт бо чип, ки тасвири электронии рӯй (симо) ва изи ангуштони дастро дорад, патенти кор дода мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
В Таджикистане начался прием заявок на учебу за рубежом. Какие документы необходимо собрать?
Парламент Абхазии отказался от ратификации инвестиционного соглашения с Россией
«Озоди»: Недалеко от Душанбе рухнул беспилотник
Талибы заявили о начале строительства афганского участка газопровода ТАПИ
Глава СПЧ России: «Нам не нужны люди, которые создают в городах кишлаки»
Как в Таджикистане дискриминируют женщин с инвалидностью
В Конгрессе США заявили о лабораторном происхождении коронавируса
В Кыргызстане планируют запретить использование мобильных телефонов в школах и вузах. А что в Таджикистане?
США ввели санкции против трех бывших узбекских чиновников за насилие над воспитанницами детдома
Президент Ирана встретится с Путиным для обсуждения ситуации в Сирии
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста