Арзиши сӯзишворӣ барои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар шаҳри Душанбе тайи якуним моҳи ахир арзон шуд.

Айни замон нархи чаканаи як литр бензини навъи АИ-92 дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт 10,20 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ (солярка) - 10,60 сомонӣ ва гази моеъ - 7,20 сомониро ташкил медиҳад.

Аввали нимаи дуюми моҳи ноябр замони муътадил шудани нархи сӯзишворӣ ва ҳатто арзон шудани он, як литр бензин 11 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ - 11,20 сомонӣ ва гази моеъ - 7,20 сомонӣ нарх дошт.

Сурат: Asia-Plus

Ба ин тариқ, дар ин давра нархи бензин ба андозаи 7,2% ва сӯзишвории дизелӣ - 5,4% поин рафта, лекин арзиши гази моеъ бетағйир боқӣ мемонад.

Қиматшавии начандон назарраси сӯзишворӣ барои автомашинаҳо ҳанӯз аз моҳи январ ба мушоҳида расида, лекин болоравии босуръати нархи он аз моҳи март оғоз гардид ва то нимаи моҳи ноябр (бо баъзан танаффус) идома ёфт.

Тибқи маълумоти расмӣ, арзиши бензин (АИ-92) дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории кишвар дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ ба андозаи 1,8 баробар, гази моеъ ва сӯзишвории дизелӣ - 1,7 баробар боло рафтааст.

Даҳаи аввали моҳи декабр мутахассисони Хадамоти зиддиинҳисорӣ пешгӯйӣ карда буданд, ки аз нимаи дуюми моҳ арзиши сӯзишворӣ ба эътидол омада, ҳатто аз тадриҷан ва давра ба давра поинравии нархи он эҳтимол меравад.

Ин пешгӯйии хушбинонаи худро онҳо чунин маънидод карданд, ки маъмулан дар мавсими зимистон бинобар сабаби камшавии талабот ба маводи сӯзишворӣ, қимати онҳо дар як сатҳ боқӣ мемонад ё ҳатто поин меравад.

“Арзиши онҳо маъмулан дар фасли баҳор ва тирамоҳ боло меравад”, - гуфта буданд ба “Азия-Плюс” дар Хадамот.

Гап сари он аст, ки дар мавсими баҳору тирамоҳ бо сабаби фаъолшавии корҳо дар бахши кишоварзӣ, талабот ба маводи сӯзишворӣ афзуда, мутаносибан, нархҳо ҳам зиёд мешаванд.

Тамоили болоравии нархҳои чаканаро ба сӯзишворӣ ширкатҳои таҳвилгар ва сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ бо барқарор шудани фаъолмандии иқтисодӣ дар ҷаҳон ва мутаносибан афзоиши талабот ба энергия асоснок мекунанд, ки дар навбати худ ба болоравии арзиши дигар молу маҳсулот боис мегардад.

Бино ба маълумоти омори расмӣ, давоми моҳҳои январ-ноябри соли равон сатҳи таваррум дар кишвар 7,5%-ро ташкил дода, нархи маҳсулоти озуқаворӣ ба андозаи 6,6%, маҳсулоти ғайриозуқа - 6,9% ва хидматрасониҳои пулакӣ - 11,5% боло рафт.

Тибқи маълумоти Агентии омор, дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 360 млн доллар ҳудуди 554 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст.

Ҳаҷми воридоти ин маҳсулот аз рӯи вазн ба миқдори 2,4% ва аз лиҳози нарх - 42% зиёд шудааст.

Ҳиссаи маҳсулоти нафтӣ дар арзиши умумии воридоти ҷумҳурӣ дар давраи зикршуда 9,7%-ро ташкил медиҳад.

Тақрибан 90% маҳсулоти нафтиро ширкатҳои воридкунандаи Тоҷикистон аз корхонаҳои Русия (Корхонаҳои коркарди нафти Омск ва Орск) дастрас мекунанд. Аз соли 2013 Русия аз интиқоли сӯзишворӣ ба Тоҷикистон боҷи содиротии гумрукӣ намеситонад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.