Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар натиҷаи гармои шадид эҳтимоли об шудани барф дар кӯҳҳо ва омадани селҳо вуҷуд дорад. Ҳамзамон ин ҳолат метавонад ба баланд шудани сатҳи оби рӯдхонаҳо сабаб шавад.

Бахусус ба касоне, ки сафарҳои роҳи дурро тарҳрезӣ кардаанд ва мехоҳанд аз гӯшае ба гӯшаи дигари кишвар раванд, бояд бештар эҳтиёткор бошанд. Хавфи обхезӣ бар асари гармо ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ зиёд аст.

Дар ҳамин иртибот КҲФ аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад хеле эҳтиёткор бошанд, бахусус ҳангоми аз роҳҳои кӯҳӣ гузаштан ва ҳузур дар соҳили дарёҳову кӯлҳо. Чанд тавсияи Кумита барои ин рӯзҳо:

* Кӯшиш кунед ҳарчи камтар зери нури офтоб бошед. Аммо дар ҳоли зарурат бо худ гирифтани чатр ва ё кулоҳи тобистонаро фаромӯш накунед;

* Ҳарчӣ бештар об истеъмол кунед;

* Дар ёд дошта бошед, ки бештар кӯдакону наврасон ва афроди солманд ба хатари гармо гирифтор мешаванд; ғамхорӣ дар ҳақи онҳоро фаромӯш накунед;

* Ҳангоми сафар бештар ба худ диққат диҳед, зеро вазъи саломатии инсон метавонад дар гармо бештар бад шавад;

Сурат: Нозим Қаландаров

* Бештар ҳангоми истироҳат ва оббозӣ эҳтиёткор бояд буд, қоидаҳои будубош дар соҳили дарёву рудхонаҳо, каналҳо, ҳавзҳои оббозӣ ва шаршараҳоро ҷиддан риоя кунед;

* Ба пӯшиши хуб эътибор диҳед. Талош кунед дар ин рӯзҳо асосан либосҳои омодашуда аз нахи пахта истифода намоед ва аз пӯшидани сару либоси синтетикӣ худдорӣ намоед.

Тавсияҳои муфид барои ҳифзи саломатӣ аз гармӣ

Гармои шадиди тобистон водор мекунад, ки дар низоми зиндагонии худ баъзе тағйирот ворид созем, то ба гармо мутобиқ шавем, саломатии худро ҳифз намоем. Ҳангоми гармии тоқатшикан боло рафтани ҳарорати бадан (болотар аз меъёри 37,0°С) душмани аслии саломатии инсон аст.

Тӯли таърихи дароз башар қонунҳоеро ҳам кашф кард, ки метавон онҳоро муқовимат бо гармо номид. Инҳо тадриҷан ба сурати қоидаҳои бехатарӣ тасвир шуданд ва чун тавсияҳои комилшуда барои ҳамаи касоне, ки дар иқлими гарм ҳаёт ба сар мебаранд ва ё мавсими тобистонро дар тафреҳгоҳҳои махсус пушти сар мегузоранд, ироа гардиданд.

Дар гузашта низ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахше аз ин қоидаҳоро дар сомонаи худ интишор дода буд, ки имрӯз ҳам такрори онҳо хеле бомавриданд.

Инак:

* тӯли рӯз тирезаҳои хонаатонро пӯшида нигоҳ доред, бахусус агар онҳо рӯ ба офтоб боз мешаванд. Шабонгаҳон, вақте ҳарорати ҳаво дар кӯча поин аст, метавонед тирезаҳоро боз монед, албатта агар ин бехатар бошад;

* ҳангоми тоза кардани ҳавои манзил дар рӯзҳо ва шабҳои гарм кӯдаконро дар хона тани танҳо нагузоред;

* як обпоши одӣ харед ва ҳангоми гармӣ аз вақт ба вақти дигар манзил ва атрофро об пошед;

Сурат: Нозим Каландаров

* агар дар хона ҳавополо доред, пас талош накунед ҳароратро аз +22 +23 дараҷа паст намоед. Маъмулан ҳама гуна касалиҳои вобаста ба сармохӯрдагӣ дар тобистон бар асари нодуруст истифода шудан аз дастгоҳҳои сардсозии ҳаво дар хона ва сӯистифода аз нӯшокиҳои сард ва яхмосҳо ба вуҷуд меоянд;

* нагузоред, ки ҳарорати баданатон хеле гарм шавад, бештар об нӯшед. Баданатонро бо оби сард пок кунед, вориди душ шавед, аз саратон об резед, пойҳоятонро муддатҳо дар оби сард нигоҳ доред;

* аз нурҳои мустақими офтоб дурӣ ҷӯед ва талош кунед ҳамеша дар соя бошед, то имкон доред, дар айёми гарми рӯз, аз соати 11 то 16 бе зарурат ба кӯча набароед. Бахусус, тавсия намешавад, ки шумо дар ин соатҳо бо кӯдакон гардиш кунед. Аз корҳои ҷисмонии вазнин низ парҳез кунед;

* дар тан либосҳо аз матоъҳои табиӣ дошта бошед, дар сар кулоҳи калони соядор, айнакҳои ҳимоя аз нури офтоб ва чатр гиред;

* бештар об нӯшед, мева истеъмол намоед ва меваҳо дорандагони аслии ҳар гуна витаминҳои ва намакҳои минералӣ мебошанд. Хуб мешавад, ки оби ҷӯшонида ва муносиб ба ҳарорати хона истеъмол кунед ва ё обҳои бегази минералӣ нушед. Бубинед, ки об зиёд сард набошад, зеро ин муҷиби сироят ба бемориҳои гулӯ шуда метавонад ва бар асари он сироятпазирии бадан паст мешавад. Аз нӯшидани обҳои ширин ва газдор, ҳамчунин шароб парҳез намоед;

* бачаҳоро дар воситаҳои нақлиёт нигоҳ надоред. Пеш аз он ки ба мошине нишинед, ки дар офтоб истодааст, дару даричаҳои онро аввал боз кунед ва аз рӯи имкон ҳавополои онро фаъол намоед;

Сурат: tiroz.org

* шахси гармозадаро зуд дар соя хобонед, дар ҷое, ки шамолрас бошад; ӯро маҷбур созед, ки қатра-қатра об нӯшад, баданашро бо матоъи намдор тоза кунед. Баъзан лозим меояд нафаси сунъӣ диҳанд ва ё маҳси дил;

* Бахусус ҳангоми истироҳат ва оббозӣ хеле бояд эҳтиёт кард, қоидаҳои ҳузур дар махзанҳои об: соҳили рӯдхонаҳо, каналҳо, обанборҳоро риоя намоед.

Одамоне, ки аз бемориҳои қалб ранҷ мебаранд дар гармо чӣ бояд кунанд?

1. Ҳамеша доруҳои таъиншударо бояд бо худ дошт.

2. Ҳатман он дуруеро, ки барои субҳ духтур таъин кардааст, истеъмол намуд.

3. Бо худ бояд оби бегаз дошт.

Asia-Plus

4. Рӯмол ва ё дастпоки коғазӣ бо худ дошт, то ин ки дар вақти зарурат онро тар намуда, дасту рӯй ва пойҳоро тар кард ва бо ин васила ҳарорати бадани худро мӯътадил нигоҳ дошт.

5. Дар офтоб худро насӯзонед ва кӯшиш кунед аз нурҳои сӯзони офтоб дурӣ ҷӯед.

6. Агар кӯча хеле гарм бошад, хуб мешавад, ки аз хона берун нашавед.

7. Либосҳо аз матоъи табиӣ пӯшед.

8. Рӯзона на камтар аз якуним литр об нӯшед.

9. Ба низоми таомҳо ва ғизои парҳезӣ гузаред, меъдаро бо ғизои вазнин пур накунед.

10. Хеле муҳим аст, ки шароб истеъмол нанамоед ва сигор ҳам накашед.

Оббозӣ ва шиноварӣ

Дар ин айём аксари мардум талош мекунанд истироҳати худро дар соҳили обҳо гузаронанд. Табиист, ки ҳадаф ба ҷуз истироҳат шиноварӣ низ мебошад.

Вале ин фасли гарм ва ҳузур дар соҳили обҳо қоидаҳои худро дорад. На ҳама шиноваранд ва на ҳама аз ин гуна қоидаҳо бохабар. Мо ҳар сол шоҳиди марги одамони зиёде дар обҳо мешавем, ки аксари онҳо бар асари беэҳтиётӣ ва надонистани одитарин қоидаҳои шиноварӣ рух додаанд.

Барои дурӣ ҷустан аз ҳар гуна ҳодисаи нохуш ва фоҷеа бояд як қатор қоидаҳои рафтор дар обро донист:

- аксари одамон на барои он ғарқ мешаванд, ки шиноварӣ наметавонанд, балки аз он ба фоҷеа мепечанд, ки аз соҳил дур мераванд ва ҳангоми бозгашт қувваташон намерасад. Дар ин ҳол онҳо ба воҳима дода мешаванд ва ҳисси боварӣ ба худ гум мешавад.

- танҳо баъди 1,5 - 2 соати ғизо хӯрдан, метавон оббозӣ кард;

- дар обҳои озод дар ҳарорати камтар аз 15 дараҷа гармии об оббозӣ тавсия дода намешавад, зеро дар ин гуна ҳолатҳо эҳтимоли ногаҳон аз ҳуш рафтан вуҷуд дорад ва табиист, ки одами аз ҳушрафтаро марг таҳдид мекунад;

- набояд дар ҷойҳое, ки ношиносанд ғаввосӣ кард, зеро ба қаъри он метавонад санг, кундаҳои гурмдор, арматурҳои сохтмонӣ бошанд;

 - то назди заврақҳои муҳаррикдошта шино накунед, чунки ҳангоми наздик шудани заврақ, сатҳи об боло меравад ва баъди гузашта рафтани он, сатҳи об якбора паст шуда, метавонад боиси ғарқшавии шахс гардад;

- барои оббозӣ ҳатман ҷойеро интихоб кард, ки махсус муайян шудааст;

- аз соҳил дур наравед;

- дар ҷойҳое, ки обсабзаҳо мерӯянд, набояд шино кард, чунки хатари ба онҳо печидан ва дар гирдоб ғарқ шудан пайдо мегардад;

-набояд баъди дар офтоб гарм шудан ва ё сардии об ба он ворид шуд;

- дар ҳоли  мастӣ оббозӣ кардан қаъиян манъ аст;

- набояд бо бистарҳои дамдодашуда, камераҳои мошинҳо, бозичаҳои резинии дамкардашуда оббозӣ кард. Онҳо метавонанд дар об даранд ва инсон ногаҳон зери об монад ва дар ин ҳол хатари фоҷеа зиёд аст;

 - агар шумо оббозӣ карда наметавонед ва нохост вориди об шудед, дар об рӯболо бихобед, дастонатонро ба ду тараф кушоед, метавонед чуқур-чуқур ва тез-тез нафас кашед;


- набояд касеро ба об тела дод, бахусус агар вай аслан бехабар бошад, чун ин ҳолат ба касони ҳассос метавонад марговар бошад;

- дар об ҳангоми оббозӣ набояд саргарми ҳар гуна бозиҳо шуд. Агар шумо басуръат ба шарикатон наздик мешавед ва ӯро аз пояш мекашед, дар ин ҳолат шарики шумо метавонад ба қаъри об фурӯ равад ва нафасгир шавад;

- набояд ҳар гуна садоҳои изтиробангез сар дод;

- агар ҳарорати бадани шумо паст аст ё баланд, набояд шиноварӣ кунед. Зеро ин оқибати басо ногувор дошта метавонад. Дар чунин ҳолат дар об будан хеле хатарнок аст;

 - агар хаста шудед, пас пуштнокӣ хобида, дар руи об истироҳат кунед, барои ин  бозувон ва пойҳоятонро ҷафс накунед, ба сар дар об хобед ва истироҳат намоед;

- агар шумо хунук хӯрда бошед, дасту пойҳоятонро бо навбат ҷунбонида, гарм шавед ва чун замоне мегузарад, дубора ба самти соҳил ҳаракат кунед.

 


Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.