Дар бораи таъсири тағйироти нав ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба фаъолияти рӯзноманигорон ва ҳуқуқи дастрасӣ ба маълумот “Азия-Плюс” назари коршиносонро пурсид.
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшинос вуа муовини раиси ҲСДТ:
- Чунин таҷриба аввал дар Русия баъд аз оғози низоъи ҳарбӣ бо Украина мавриди амал қарор гирифт. Аммо баҳонаю ҳадафҳо дигар буданд. Дар Тоҷикистон низ мувофиқи мақсад донистанд, ки чунин меъёрҳоро ба парлумон пешниҳод намоянд. Бидуни шак, ба расмият даровардан ва мавриди амал қарор додани ин тағйирот, на танҳо Вазорати мудофиа, балки дигар ниҳодҳои мақомоти қудратӣ манфиатдор мебошанд.
Барои нигоҳ доштани эътибору нуфузи хизмати ҳарбӣ, ҳамчун шарти риояи уҳдадориҳои конститусионии шаҳрвандон бояд дигар тадбирҳоро андешид. Дар ин хусус матлабҳои зиёд нашр шудаанд ва оид ба дарку пазируфтани пешниҳодҳо иродаи сиёсӣ ва таҷрибаи дигар давлатҳо зарур аст.
Баъд аз қабули тағйироти пешниҳодгардида на танҳо масъулияти созмонҳои иҷтимоие, тадриҷан раванди ҷалби дурусти ҷавононро ба сафи артиш бо дарназардошти авлавияти арзишу ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон пайгирию назорат мекунанд, бештар мешавад, балки масъулияти иловагиро ба зиммаи журналистону матбуоти даврӣ ва воситаҳои дигари ахбори оммаю блогерҳо низ ба вуҷуд меорад.
Зеро минбаъд бидуни санҷиш ошкору муайян намудани манбаи иттилоотӣ ва ангезаҳои дастрасии маводҳо оид ба навиштану паҳн кардан ва дастрас намудани онҳо ба хонандаю бинанда ва шунаванда эҳтимоли ҷалби онҳоро ба мурофиаи судӣ бештар мекунад.
Ҳамин тавр, гуфтан мумкин аст, ки сӯиистифода ва имконияти дасткорӣ (манипулятсия) ва тафсири нодуруст, бахусус таҳдиду фишор бештар шуда, воситаи назорати мардумӣ ва матбуоти даврию воситаҳои ахбори омма таъсир ва аҳмияти худро гум карда, заминаҳои мусоидро ҷиҳати падидаю зуҳуроти номатлуб ташаккул медиҳад.
Абдумалик Қодиров, журналист:
- Ба назарам, мансабдорони мо бо ин роҳ мехоҳанд кирдорҳои ғайриқонунии худро, ки аксаран содир мекунанд, сафед карда, барои ҳар як интиқод нисбати худашон монеа эҷод мекунанд. Яъне, мехоҳанд қонуни “ғайриқонунӣ” қабул кунанд, то аъмоли ғайриқонунии худро қонунӣ гардонанд.
Ин ба чӣ оварда расонида метавонад?
Аввал, ин амали пӯшидаи “зидди конститутсионӣ” аст. Конститутсияи мо озодии баёнро кафолат дода, монеъа эҷод кардан барои он мухолифи меъёрҳои конститутсия мебошад.
Баъдан “манъи” интиқод ба он оварда мерасонад, ки “ин бачаҳо” беҷазо мондани худро ҳис карда, чӣ гуна ва кадом вақте ки хоҳанд, ба қонуншиканӣ даст мезананд ва дар ниҳояти кор ин ба норозигии ҷомеа боис шуда метавонад. Ин барои кишвари мо хеле номатлуб аст.
Ва ниҳоят, чунин «манъ»-и интиқод обрӯи байналмилалии кишварро коста хоҳад кард: мо бе ин ҳам дар зинаҳои охири рейтингҳои байнулмилалӣ қарор дошта, қабули тағйироти пешниҳодкардаи Вазорати мудофиа моро ба зинаҳои поинтарин мебарад. Ин ба кам шудани сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвар бис хоҳад гашт, ки имрӯз мо ба он ниёз дорем.
Аз ин рӯ, ба мақомоти қонунгузор тавсия медиҳам, ки пеш аз қабули ин тағйирот, аввал “ҳафт бор чен карда, баъд як бор бибуранд”.
Ҷарима ё ҳабси маъмурӣ
Ёдрас мекунем, ки чанде пеш Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба парлумон пешниҳод кардааст, ки барои нашри маълумоти бардурӯғу беасос доир ба артиш ва маъракаи даъват, аз ҷумла сабти ҳолати сарбозшикор ё “облава” ҷазо таъин карда шавад.
“Ин лоиҳа бо мақсади пешгирӣ намудан аз паҳн кардани ҳар гуна маълумоти бардурӯғ ва носаҳеҳ тавассути воситаҳои ахбори омма, интернет ё шабакаҳои дигари алоқаи барқӣ оид ба шарту шароити хизмат дар сафи артиш ё оид ба раванди баргузории маъракаҳои даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, инчунин дигар ахбору овозаҳои бардурӯғу бофташудае, ки боиси коста гардидани шаъну шарафи артиш ва хизматчиёни ҳарбии он мегардад, таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод гардидааст”, - гуфтанд ба “Азия-Плюс” дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ.
Дар лоиҳа муҷозот барои шахсони воқеӣ ҷарима ба андозаи аз 20 то 40 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 1280 то 1560 сомонӣ) ва ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз пешниҳод гардидааст.
Барои шахсони ҳуқуқӣ таъини ҷарима аз 200 то 250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо - аз 12,6 ҳазор то 16 ҳазор сомонӣ пешниҳод шудааст.
Ба таъкиди масъулини вазорат, ин тарҳ дар натиҷаи омӯзиши таҷрибаи дигар кишварҳо амалӣ мешавад ва дар марҳилаи аввал танҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ пешбинӣ мешавад.
“Афзоиши шумораи хабарҳои бардурӯғи паҳншуда дар бораи артиш аз ҷониби баъзе кормандони ВАО ва дигар ашхоси дорои мақсаду нақшаҳои ғаразнок, ҷустуҷӯйи роҳҳои нави мубориза бо чунин маълумоти бардурӯғ, аз ҷумла ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистонро тақозо менамояд”, - гуфтанд дар Вазорат.
Таъини ҷазо барои нашру паҳни хабари ба гуфтаи мақомот бардурӯғ аз ҷониби шаҳрвандон ва ВАО дар ҳолест, ки ҳамасола, бо шуруъи даъвати ҳарбӣ навори боздошт ва иҷборан ба артиш бурдани ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр мешавад, ки корбарон онро сарбозшикор ё “облава” меноманд.