Шурӯъ, аз 30 августи соли 2022 ҳаракати қатораҳои мусофирбар байни Тоҷикистон-Русия-Тоҷикистон баъди беш аз ду соли таваққуф, дубора барқарор мешавад.
Анвар Латифзода, як масъули КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" аз сар гирифтани ҳаракати қатораҳои мусофирбарро байни ду кишвар тасдиқ кард ва илова намуд, ки ин тасмим чанде пештар дар пайи сафари роҳбарияти КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ба Русия ва мулоқоташ бо ҳамтоёнашон дар ин кишвар рӯи даст гирифта шуд.
Дар ҳамин ҳол, ӯ аз ҷузъиёти бештари масъала, аз ҷумла вақту соат ва шарту шароити ҳаракати қатораҳо худдорӣ кард ва гуфт, пагоҳ, дар робита ба ин масъала маълумоти бештар медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳои русӣ ҳам дар робита ба барқарор шудани ҳаракати қатораҳо иттилоъ медиҳанд ва ҳамчунин, ҷадвали ҳаракати қатораҳоро нашр кардаанд.
Аз ҷумла, “Спутник Тоҷикистон” менависад, ки қатораи мусофирбари №329/330 аз Душанбе ба Волгоград ҳафтае як маротиба - рӯзҳои сешанбе ва аз Волгоград ба Душанбе рӯзҳои ҷумъа ҳаракат хоҳад кард.
Аввалин қатораи мусофирбар баъди танаффуси тӯлонӣ, рӯзи 30 августи соли равон аз Душанбе ба Волгоград сафар раҳсипор хоҳад шуд.
Ҳамин тариқ, ҳаракати қатораҳои мусофиркаш аз Хуҷанд ба Волгоград ва баръакс низ ҳар ҳафта як маротиба сурат хоҳад гирифт. Ин қатора аз Хучанд рузҳои чоршанбе ва аз Волгоград рузҳои шанбе ба сафар мебарояд.
Нахустин ҳаракати қатора аз Хуҷанд ба Волгоград рӯзи 7 сентябри соли равон тавассути қатораи мусофирбари №359/360 сурат мегирад.
Расонаҳои русӣ бо такя ба ширкати “Роҳи оҳани Русия” хабар медиҳанд, ки дар ояндаи наздик фурӯши чиптаҳо оғоз мешавад.
Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз 17 марти соли 2020 ҳаракати қатораҳо миёни Тоҷикистон ва Русия бо далели хуруҷи бемории коронавирус муваққатан қатъ шуда буд.
Таджикистанцев призвали не брать у незнакомцев никаких посылок и документов
Сироджиддин Насриддинов — дипломат и первый посол Таджикистана в России отмечает 85-летие
Пять лет Covid-19: Позитивные аспекты «крупнейшего психологического эксперимента в истории»
В СНБО Украины назвали самую массированную атаку дронов на города России «сигналом Путину»
В День таджикской печати 9 журналистов получили премию имени Лохути
Бывшего президента Филиппин Родриго Дутерте арестовали по ордеру МУС
Год вызовов и побед: чего добилась "Азия-Плюс" в 2024 году
Пешком, верхом, на машине и по воздуху: Древние маршруты Таджикистана и Центральной Азии
В Саудовской Аравии начались переговоры Украины и США
Администрация США запустила приложение для "самодепортации" мигрантов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста