Маркази миллии тестии Тоҷикистон хабар додааст, довталабоне, ки бо сабаби кам будани баллашон ба донишгоҳҳо роҳхат нагирифтанд, метавонанд дар озмуни тақсимоти такрорӣ ширкат кунанд.
Барои иштирок дар ин озмун довталабонро зарур аст, ки аз 12 то 15 август дар нуқтаи бақайдгирӣ ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, варақаи бақайдгирӣ ё даъватнома ва рақами расид аз филиали “Амонатбонк” оид ба пардохти маблағи иловагӣ худро аз нав номнавис кунанд.
Гуфта мешавад дар озмуни тақсимоти такрорӣ низ баллҳои қаблан бадастовардаи довталабон ба назар гирифта мешавад.
Маркази миллии тестӣ гуфтааст, ки маълумоти муфассал дар бораи азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрориро дар сомонааш баъдан ҷой хоҳад дод.
Ёдовар мешавем, ки қаблан аз Маркази миллии тестӣ ба «Азия-Плюс» хабар дода буданд, ки дар натиҷаи марҳилаи аввали тақсимот 57 ҳазору 988 довталаб ҳуқуқи таҳсил дар донишгоҳҳои кишварро пайдо карданд.
Ба гуфтаи ин марказ, барои ширкат дар имтиҳонҳо 96 ҳазору 21 дархост ворид шуда, 80 ҳазору 942 хатмкунанда барои супоридани имтиҳонҳо омадаанд.
Дар ҳамин ҳол, 22 ҳазору 470 довталаб аз ин шумора натавонистанд аз озмун гузаранд, вале онҳо имкони аз 12 то 15 август супоридани имтиҳонҳоро доранд.
Наряды к Наврузу: где в Душанбе найти эксклюзивные образы к празднику?
Кто такая Латифа аш-Шараа — первая леди Сирии?
В Алматы наградили мужчину, спасшего заложницу в аэропорту
Что даст Центральной Азии транспортное развитие Афганистана?
Бизнес с женским лицом: как Шахло Ватанова строит текстильный бизнес и вдохновляет женщин
Трамп заявил, что Украина «может не выжить» даже при наличии помощи США
В Сирии убиты около тысячи алавитов-сторонников бывшего президента страны Башара Асада
Шараф Давлатмуродов одержал первую победу в лиге LFA
Стоимость утилизации автомобилей в Таджикистане возрастет до 16 тысяч сомони?
Молодая жительница Душанбе задержана за вымогательство
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста