Дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе , шурӯъ аз 1-ум то 31-уми августи соли равон, ҳамарӯза аз соати 9:00 то 19:00 дар чанде аз нуқтаҳои савдо ва хизматрасонии шаҳри Душанбе ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ баргузор мегардад. Дар ин бора шуъбаи иттилоотии шаҳрдорӣ иттилоъ дод.
Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз таъсиси якрамкаҳо дастрасии аҳолӣ ба либос ва лавозимоти мактабӣ мебошад.
Манбаъ, афзуд, дар ярмарка тақрибан 20 корхонаву коргоҳи истеҳсолии пойтахт ва соҳибкорони ватанӣ намудҳои гуногуни сару либос ва лавозимоти мактабиро ба аҳолӣ пешниҳод мекунанд.
Чунин ярмаркаҳо ҳамарӯза дар чор ноҳияи пойтахт аз соати 9:00 то 19:00 баргузор гардида, то оғози соли нави хониш фаъолият менамоянд.
“Ярмаркаҳои либосҳои мактабӣ дар назди марказҳои савдои “Панҷшер” «Истиқлол», ҶСП «Гулистони Душанбе», ҶДММ «Варзоб ТҶ»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, назди марказҳоии савдои «Садбарг», «Шукрона», «Ховарон», Бозори «Корвон», ҶДММ «Нассоҷии Тоҷик» ва «Ганҷина»-и ноҳияи Фирдавсӣ ва дар дохили Бозори «Сафариён»-и ноҳияи Сино ва кӯчаи Валаматзода 8 (назди бинои ҳукумати Шоҳмансур) баргузор мегарданд”, - омадааст дар қарори шаҳрдорӣ.
Бояд гуфт, ки бо мақсади ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти босифат “Тоҷикстандарт” стандарти «Либосҳои мактабӣ–шартҳои умумии техникӣ»-ро таҳия карда, ба корхонаю коргоҳҳои соҳа ҷиҳати дар асоси он истеҳсол намудани молу маҳсулоти худӣ пешниҳод шудааст.
Ин ниҳод мегӯяд, ки барои гирифтани сертификати дӯхти либоси мактабӣ соли 2020-ум 56 корхона, 2021-ум 62 корхона ва 2022-юм 70 корхонаи ватанӣ барои дарёфти иҷозатномаи дӯхти либоси мактабӣ муроҷиат намуданд.
Темурҷон Абдулваҳобзода директори “Тоҷикстандарт” низ 21 июли соли 2022 зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки «тамоюли истеҳсоли либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ сол аз сол афзоиш дошта, барои беҳбуд бахшидани сифати онҳо аз ҷониби агентӣ дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дахлдори мамлакат кор бурда мешавад».
Дар ҳамин ҳол, дар шабакаҳои иҷтимоӣ волидон аз сифати начандон хуб доштани либосҳои мактабӣ, ки дар ярмаркаҳо пешниҳод мегардад, гила намуда, меӯянд, ки баъди чанд маротиба истифода ва шустан сифати худро гум мекунад.
Ба гуфтаи волидон, нарху навои либоси мактабӣ дар ярмаркаҳо низ чандон арзон набуда, вале бинобар талаб намудани «чек»-и онҳо дар муассасаҳои таълимӣ, маҷбуранд ин либосҳоро харидорӣ намоянд.





Лимоны Таджикистана: ароматный вклад в экономику страны
США сместили Мадуро: венесуэльский президент оказался в руках американских военных
ТОП-15 самых читаемых новостей «Азия-Плюс» за 2025 год
2025 год как точка опоры: как таджикское дзюдо перешло от отдельных успехов к системному росту
Что ждет мигрантов в России в 2026 году?
Озода Рахмон оказала помощь матери Кобилджона Алиева в размере 300 тысяч сомони
Год в поиске: что чаще всего гуглили таджикистанцы в 2025 году?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 3 января 2026 года
Трагедия в Одинцово, итоги года от президента и тяжелые утраты: главные события декабря по версии «Азия-Плюс»
7 душевнх историй «Азия-Плюс» в 2025 году, которые дают надежду
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста