Вазорати маориф ва илми кишвар норасоии омӯзгоронро дар ҳудуди кишвар аз тақрибан 3,5 ҳазори ду моҳ пеш ба 544 нафар расонидааст. Дар ин бора дафтари матбуотии ин ниҳод хабар медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки як моҳ пештар, рӯзи 19 июли соли равон, Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфта буд, ки то 1 майи соли 2022 дар кишвар беш аз 3 ҳазору 400 нафар омӯзгор намерасад.

"Ин мушкил дар саросари ҷаҳон ҷой дорад, - иброз дошт вазир. - Дар назди Вазорат ситоди доимӣ амал карда, ин мушкилотро мавриди баррасӣ қарор медиҳад ва роҳҳои ҳаллашро меҷӯяд”.

Вазорати маориф ва илм мегӯяд, дар натиҷаи гузаронидани ситоди Вазорати маориф ва илм оид ба таъмин намудани мактабҳо бо омӯзгорон, ки 12 июл ба кор оғоз намуда буд, эҳтиёҷ ба омӯзгорон аз 3406 нафар ба 544 нафар паст фароварда шуд.

Ба иттилои ин ниҳод, ҳоло дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) 113 омӯзгор, вилояти Хатлон 25, вилояти Суғд 60,  шаҳри Душанбе 35 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 311 омӯзгор намерасад.

Ин дар ҳолест, ки то 1 майи соли равон, ВМКБ ба 169 нафар, вилояти Хатлон ба 852 нафар, вилояти Суғд ба 720 нафар, шаҳри Душанбе ба 159 нафар, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 1506 нафар омӯзгор эҳтиёҷ доштанд.

Дар ҳамин ҳол, гуфта нашудааст, ки норасоии омӯзгорон аз кадом ҳисоб ҳал карда шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар кишвар таътили тобистона дар мактабҳо давом дорад ва бештари омӯзгорон то моҳи сентябр ва октябр ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд.

Дар ҳамин ҳол, худи омӯзгорон мегӯянд, маҳз маоши паст ва ҷорӣ нагардидани имтиёзҳое ки аз ҷониби ҳукумат пешниҳод мешавад, яке аз сабабҳои тарки соҳа карданашон мебошад.

Зимнан, вазири маориф ва илм дар нишатси матбуотии моҳи июл гуфта буд, ки имсол беш аз 14 ҳазор  донишҷӯ риштаи омузгориро хатм мекунанд, ки аз ин шумора ҳудуди 7 ҳазорашон тариқи ройгон таҳсил мекунанд. Ӯ афзуд, ки нафароне ки тариқи ройгон таҳсил мекунанд, бояд ҳатман баъди хатм бо кор  таъмин карда шаванд.

“Тибқи талаботи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Ситоди корӣ то 31 августи соли 2022 идома ёфта, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз ҳисоби мутахассисони ҷавон ва собиқ омӯзгорон таъмин карда мешавад”, - гуфта шудааст дар ҷаласае ки дар робита ба таъмини омӯзгорон дар мактабҳо гузашт.

Ин ниҳод изҳори боварӣ кардааст, ки то оғози соли нави таҳсили 2022-2023 норасоии кадриро пурра баратараф мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи феврали соли ҷорӣ вазири пешини маориф Маҳмадюсуф Имомзода дар ин робита изҳор намуда буд, ки ҳарчанд ин мушкилот ҷой дошта бошад ҳам, лекин аз ин фоҷеа сохтан лозим нест.

“Аз мактаб рафтан, ба мактаб қабул кардан, ҳамин динамика дар соҳаи мо ҳаст, ин падидаи нав нест. Сабабу омилҳои аз кор рафтани омӯзгорон маош, фавт, беморӣ, муҳоҷират, нафақа ва иваз намудани ҷои зист аст, - гуфта буд Имомзода.

Бино ба маълумоти вазорат, айни замон дар ҷумҳурӣ 3 ҳазору 940 мактаби таҳсилоти умумӣ фаъолият дошта, 128 ҳазору 827 нафар омӯзгор дар онҳо машғули коранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.