Пас аз имзои амри президенти Русия Владимир Путин дар бораи сафарбаркунии ҳайати захираҳои ҳарбӣ муҳоҷирони тоҷик дар дуроҳа қарор гирифтаанд. Онҳо мехоҳанд шаҳрванди Русия бошанд, ё бидуни он кори худро идома диҳанд, аммо намехоҳанд ба ҷанг раванд. Шахсоне, ки аллакай шиносномаи Русияро гирифта, дар синни даъват ҳастанд, сардаргуманд.
Эътимод ба қонун ва ваъдаи Путин
Хушрӯзи Камолиддин, ҷавони 23-солаи тоҷик, донишгоҳро дар Русия бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Ӯ 3 моҳ пеш шаҳрвандии Русияро соҳиб шуд ва акнун барои қабул ба кор дар мақомоти давлатӣ бояд ба хидмат равад.
“Барои он ки ҳамчун ҳуқуқшинос дар ягон мақомоти тафтишотӣ кор кунам, бояд хидмати ҳарбиро адо намоям”, - мегӯяд ӯ.
Хушрӯз дар мавриди эълони сафарбаркунӣ зиёд андеша намекунад ва бовар дорад, ки ӯро ба ҷанг намефиристанд.
“Ман дар синни даъватиям, тибқи қонун, агар ман ба хидмат ҳам равам, маро ба ҷанг намефиристанд. Онҳоеро мефиристанд, ки аллакай хизмат кардаанд. Дар ин бора Владимир Путин ҳам гуфт”, - изҳор менамояд Хушрӯз.
Аммо бо вуҷуди ин, ӯ умедвор аст, ки ҷанг ҳарчи зудтар ба анҷом мерасад ва ӯро ба ҷанг намефиристанд.
Ҳоли муҳоҷири тоҷик Акмал Раҳимов сангинтар аз вазъи Хушрӯз аст. Ӯ ҳам шаҳрванди Русия аст ва ҳам дар қайди комиссариати ҳарбӣ қарор дорад.
“Ба ташвиш афтодаам. Се фарзанд дорам ва роҳи аз даъват канор монданро меҷӯям. Ягона роҳ тарки Русия кардан аст, аммо он ҳам душвор. Бар замми ин, дар Тоҷикистон чӣ кор мекунам?”, - мегӯяд Акмал.
“Касе мурдан намехоҳад”
Дилшод Салимов, муҳоҷири дигар, ки ҳуҷҷатҳояшро барои гирифтани шаҳрвандии Русия супоридааст, мегӯяд, амри сафарбаркунӣ тамоми нақшаҳои ӯро тағйир дод.
“Ростӣ, намедонам чӣ кор кунам. Ман бо ҳадафи гирифтани шаҳрвандии Русия омада будам. Барои ин хеле зиёд заҳмат кашидам ва маблағ ҳам сарф кардам. Ҳоло, ки ба мақсадам наздик расидам, амри сафарбаркунӣ баромад. Дар дуроҳа мондаам”, - мегӯяд Дилшод.
Ӯ бовар дорад, ки аз лаҳзаи гирифтани шиноснома ӯро ба ҷанг мефиристанд, чун дар Тоҷикистон хидмати ҳарбиро адо кардааст.
“Ба қавле, кадри тайёр ҳастам ва эҳтимоли ба ҷанг фиристодани ман зиёд аст”, - мегӯяд ӯ.
Аз ин сабаб, ҳоло Дилшод роҳи баромад аз ин бунбастро меҷӯяд.
“Агар то омода шудани шиносномаи ман ҷанг тамом нашавад ва ҳамаи шаҳрвандони хориҷии ба шаҳрвандӣ пазируфтаро ба ҷанг фиристанд, шояд ҳуҷҷатҳоямро бозпас гирам ва аз баҳри шаҳрвандии Русия бароям. Касе мурдан намехоҳад”, - мегӯяд ӯ.
“Аз Русия меравам, аммо ба ҷанг нахоҳам рафт”
Шерзод Умаров, муҳоҷири дигари меҳнатӣ, ки ӯ ҳам ҳуҷҷатҳояшро барои пазируфта шудан ба шаҳрвандии Русия супоридааст, бо қатъият мегӯяд, ки ба ҷанг нахоҳад рафт ва ҳоло дар бораи бозпас гирифтани ҳуҷҷатҳояш андеша мекунад.
“Мунтазирам, ки раванди сафарбаркунӣ чӣ гуна ҷараён мегирад. Агар ҳамаи муҳоҷирони шиноснома гирифтаро ба ҷанг фиристанд, ҳуҷҷатҳоямро бозпас мегирам. Агар ягон фишору маҷбуркуниро эҳсос намоям, тарки ин кишвар мекунам”, - мегӯяд Шерзод.
Бепарвоӣ ва кори маъмулӣ
Фаррух Самиев, муҳоҷири тоҷик, ки шаҳрвандии Русияро нагирифтааст ва ҳам нияти гирифтан надорад, мегӯяд аз фаъолияти нуқтаи ҷалби хоҳишмандон ба сафи артиши Русия дар Маркази муҳоҷирати Сахарово, ки ваъдаи давоми як сол пазируфтан ба шаҳрвандии ин кишварро додааст, хабардор аст, аммо ба ин пешниҳод ҳеҷ таваҷҷуҳ надорад.
“Мо, ҳамаи дӯстоне, ки дар Маскав фаъолият дорем, оид ба нуқтаи ҷалби хоҳишмандон ба сафи артиши Русия дар Маркази муҳоҷирати Сахарово ва имтиёзҳои пешниҳодгардида маълумот дорем, аммо ростӣ, ҳеҷ кадоми мо рағбати ҷангидан бар ивази шаҳрвандиро надорем”, - гуфт Фаррух.
Ӯ мегӯяд, шаҳрвандӣ бар ивази ҷанг ба касе лозим нест.
“Бовар дорам, ки нафарони бар ивази пул ё шиноснома ба артиши Русия пайвастаро дар сафи пеши ҷанг мегузоранд ва аз он ҷо зинда баргаштан дар гумон аст. Дар ин ҳолат, на пули ваъдагиву на шиносномаи Русия ба касе лозим нест”, - илова кард Фаррух.
Ягона муаммое, ки Фаррух ва дӯстонашро ба ташвиш овардааст, ин эҳтимоли бад шудани вазъи иқтисодии Русия ва таъсири он ба ҷайбашон аст.
Бехабарӣ аз моддаи 401
Ҳамаи ҳамсӯҳбатони мо бо фикри худ, роҳеро ҷустуҷӯ доранд. Хушрӯз мехоҳад хидмати ҳарбиро адо ва дар мақомоти давлатии Русия кор кунад, Акмал мехоҳад дар Русия кор кунад, аммо намехоҳад ба ҷанг равад, Дилшод мехоҳад роҳи бидуни ҷанг ба даст овардани шиносномаро пайдо намояд, Фаррух умедвор аст, ки ин ҷанг ба ҷайбаш таъсир нагузорад.
Дар ин моваро, охирин нукта, ки онҳоро ба ташвиш меорад, ин моддаи 401–и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки тибқи он, барои ҷалб ва иштирок дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 12 то 20- солро пешбинӣ кардааст.
Дар умум, ҳамаи қаҳрамонҳои моро як хоҳиш ба ҳам мепайвандад: ҳеҷ кадоми онҳо намехоҳанд ба ҷанг раванд ва ҳамаашон мехоҳанд ҷанг ҳар чи зудтар анҷом ёбад.
Дар ҳамин ҳол, Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват кард, ки ба ҷанг дар қаламрави давлати хориҷа нараванд ва дар сурати зарурат, ба сафорат, консулгариҳо ва намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия муроҷиат кунанд.