Шахсони дорои якчанд шаҳрвандӣ, аз ҷумла шаҳрвандии Русия, тибқи қонун ҳамчун шаҳрванди Федератсияи Русия дониста мешаванд. Дар ин бора дар портали «Объясняем.рф» хабар дода мешавад, ки аз ҷониби ҳукумати Русия барои огоҳ кардани шаҳрвандон дар бораи масъалаҳои рӯзмарраи қобили таваҷҷуҳи ҳамагон ва муҳим роҳандозӣ шудааст.

Гуфта мешавад, нисбати шахсони дорои якчанд шаҳрвандӣ, аз ҷумла шаҳрвандии Русия ба мисли шаҳрвандони қатории Русия ҳамаи ҳуқуқу уҳдадориҳо бо шумули ҳимояи Ватан мавриди амал қарор мегиранд.

Қоидаҳои гузаштан аз сарҳад низ барои онҳо ба мисли ҳамаи шаҳрвандони Русия аст.

Дар портал таъкид мешавад, ки шаҳрвандони Русия, ки дар ҳайати захираҳои Қувваҳои мусаллаҳ қарор доранд, тибқи сафарбарсозӣ ба хидмати ҳарбӣ даъват мешаванд. Инҳо касоне мебошанд, ки ихтисоси ҳарбӣ доранд. Ба шахсоне, ки таҷрибаи ҷангӣ доранду дар амалиёти ҳарбӣ иштирок кардааст, афзалият дода мешавад.

Рӯзи 26 сентябр дар Вазорати мудофиаи Русия изҳор намуданд, ки дар шароити баргузории қисман сафарбарсозии ҳайати захираҳои ҳарбӣ дар Русия, маҳдудиятҳо ба равуои шаҳрвандон пешбинӣ намешавад.

Аммо ВАО-и Русия менависанд, ки ҳукумати Русия мехоҳад сарҳадро барои мардони синнусоли мувофиқ барои сафарбарсозӣ бандад. Аз 28 сентябр. Ин “баъди раъйпурсиҳо” дар ҷумҳуриҳои эътирофнашудаи Донетску Луганск ва вилоятҳои Херсону Запорожеи Украина сурат мегирад. Раъйпурсиҳо шоми 27 сентябр ба анҷом мерасанд.

Ин ба монанди “раводидҳои сафар” мешавад: барои сафар ба хориҷи кишвар аз Русия мардонро лозим меояд, ки аз комиссариати ҳарбӣ (военкомат) иҷозат гиранд.

Қаблан раиси Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти Русия Валерий Фадеев пешниҳод намуд, ки синни даъват барои хориҷиёне, ки шиносномаи Русияро гирифтаанд, то 45-50 сол баланд бардошта шавад.

“Масъалаи сафарбарсозӣ барои ҷомеа хеле ҳассос буда, ин ҷо бештар адолат ва шаффофияти расмиёти он талаб мешавад. Яке аз мушкилот ба муҳоҷирони корӣ ва дигар шаҳрвандон дахл дорад, ки ба Русия омада, шаҳрвандӣ гирифтаанд”, - иброз дошта буд вай.

Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи қонунгузории амалкунанда, “агар синни онҳо аз 27-сола боло бошад, ба хидмати ҳарбӣ даъват нашуда, мутаносибан ихтисоси ҳарбӣ гирифта наметавонанд ва ба ҳайати захираҳои ҳарбӣ дохил намешаванд”.

“Тибқи Конститутсия, ҳимояи Ватан бидуни фарқият байни гирифтани шаҳрвандӣ тибқи макони зода шудан ё ба шаҳрвандии дигар кишвар пазируфта шудан (натурализатсия) қарз ва уҳдадории шаҳрванди Русия аст. Ин холигии ҳуқуқӣ бояд бартараф ва масъалаи то 45 ё 50-сола боло бурдани синни даъвати афроди ба шаҳрвандӣ қабулшуда баррасӣ шавад”, - пешниҳод намуд Фадеев.

Ӯ зикр кард, ки ин ҷо сари сафарсозии фаврии хориҷиёни ба шаҳрвандӣ қабулшуда сухан намеравад, зеро ин табъиз хоҳад буд.

Ҳамчунин узви Шӯрои ҳуқуқи башар Кирилл Кабанов низ қаблан пешниҳод намуда буд, ки шаҳрвандони Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистону Тоҷикистон барои саркашӣ аз хидматӣ ҳарбӣ аз шаҳрвандӣ маҳрум карда шаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.