Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов буд, ки бо Манижа Ахмедова мавзуи ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ ба баҳс кашиданд.
Хоҷагиҳои деҳконӣ дар кадом шаклҳои ташкили-ҳуқуқӣ таъсис дода мешаванд?
Қонуни ҶТ «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» санаи 15 марти соли 2016 қабул гардидааст. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, ташкилии фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои аъзои онро муайян намуда, ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди фаъолияти хоҷагидории мазкур равона шудааст.
Хоҷагии деҳқонӣ – субъекти соҳибкорӣ, ки дар он истеҳсол, нигоҳдорӣ, коркард ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба фаъолияти шахсии як нафар ё фаъолияти якҷояи гурӯҳи шахсони воқеӣ дар қитъаи замин ва молу мулки ба онҳо тааллуқдошта асос ёфтааст.
Хоҷагии деҳқонӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи як нафар ё гурӯҳи шахсони воқеӣ дар шаклҳои зерин таъсис дода мешавад:
- бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, бо шумораи аз 1 то 50 нафар аъзо;
- бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ бе назардошти шумораи аъзо.
Хоҷагии деҳқоние, ки бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ аз тарафи як нафар ва (ё) бо теъдоди аз 2 то 50 шахси воқеӣ дар асоси шартнома дар бораи фаъолияти якҷоя таъсис дода мешавад. хоҷагии деҳқони бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ фаъолияти худро аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ бо сабт намудани калимаҳои «Хоҷагии деҳқонӣ» дар номи худ амалӣ менамояд.
Хоҷагии деҳқонӣ бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ метавонад фаъолияти худро аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ ба сифати ширкат ё ҷамъияти хоҷагидорӣ, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, бо сабт намудани калимаҳои «Хоҷагии деҳқонӣ»дар номи худ амалӣ намояд. Хоҷагиҳои деҳконӣ дар Равзанаи ягонаи бақайдгирии соҳибкорони инфироди ва шахсони ҳуқуқӣ ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд.
Хоҷагиҳои деҳқонӣ мувофиқи кадом ҳуҷҷати таъсисёбӣ фаъолият мекунанд?
Хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, ки аз ҷониби зиёда аз як шахс таъсис дода шудааст, дар асоси шартнома дар бораи фаъолияти якҷоя амал менамояд.Дар шартномаи фаъолияти якҷоя азҷумла иттилоотҳои зерин дарҷ карда мешаванд:
- шумораи аъзо, насаб, ном, номи падари ҳар як узвихоҷагии деҳқонӣ;
- ҳуқуқу ӯҳдадориҳое, ки маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ ба зиммаи роҳбари хоҷагии деҳқонӣ вогузор менамояд;
- ҳуқуқу ӯҳдадориҳои аъзои хоҷагии деҳқонӣ;
- тартиби баромадан ё хориҷ кардан аз узвият;
- тартиби қабули узви нав ба хоҷагии деҳқонӣ;
- молу мулк ва андозаи саҳми замини узви хоҷагии деҳқонӣ дар қитъаи замини истифодаи якҷоя.
Хоҷагии деҳқонӣ бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ дар асоси оиннома ва агар муассисон зиёда аз як нафар бошанд - дар асоси шартномаи таъсисӣ фаъолият менамояд.
Шаҳрванде, ки хоҳиши ташкил намудани хоҷагии деҳқониро дорад, барои гирифтани қитъаи замин ба кадом мақомоти давлатӣ муроҷиат менамояд? Мўҳлати қабули қарор дар бораи додан ё надодани қитъаи замин чанд рўз мебошад?
Мувофиқи талаботи моддаи 23 Қонуни ҶТ «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)», шаҳрвандоне, ки хоҳиши ташкил намудани хоҷагии деҳқониро доранд, барои гирифтани қитъаи замин ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр) ариза медиҳанд. Дар ариза мақсади гирифтани қитъаи замини дархостшуда, масоҳат ва рӯйхати аъзои хоҷагии деҳқонии ташкилшаванда нишон дода мешаванд. Қарор дар хусуси ба шаҳрвандон додани қитъаи замин аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр) дар давоми як моҳ қабул карда мешавад. Дар ҳолати мавҷуд набудани фонди махсуси замин аризаи шаҳрванд (шаҳрвандон) дар хусуси гирифтани қитъаи замин барои таъсиси хоҷагии деҳқонӣ ба навбат гузошта мешавад.
Қитъаи замин барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ бо ҳуқуқи истифодабарии якумраи меросӣ бо ҳуқуқи бегонанамудан ё бе ҳуқуқи бегона намудан дар асоси аризаи шаҳрванд (шаҳрвандон) тибқи қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатииноҳияҳо(шаҳрҳо)дода мешавад. Қитъаи замин барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ ҳамчун қоида дар як мавзеъ яклухт дода мешавад. Хоҷагии деҳқонӣ барои пешбурди фаъолияти худ метавонад бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври илова қитъаи заминро ба иҷора ё барои истифодабарии муҳлатнок гирад.
Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.
10 вопросов, которые нужно задать врачу об ожирении
Главный военный прокурор Таджикистана выступил за предотвращение незаконных методов набора призывников
Эмомали Рахмон произвёл кадровые назначения в органах суда и прокуратуры
В Душанбе сбили работницу коммунальных служб: она скончалась в больнице
СМИ: ЕС приостановил разработку пакета военной помощи Украине из-за Венгрии
Сносить нельзя оставить. Где мэрия Душанбе поставит запятую?
В Таджикистане в месяц Рамазан изменили график подачи света населению
В Казахстане насчитали 400 прорывоопасных гидротехнических сооружений
Таджикистан и Кыргызстан намерены восстановить прямые авиарейсы между двумя странами
В Австралии умер один из старейших доноров в мире. Его плазма спасла 2,4 млн детей
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста