Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Русия аз 10 октябри соли 2022 теъдоди квотаҳоро ба қабули муҳоҷирон дар баъзе минтақаҳо зиёд кард.

Аз ҳама бештар дар Шарқи Дур

Аз ҳама бештар - қариб 34 ҳазор нафар муҳоҷиронро Ҳавзаи федералии Шарқи Дур қабул карда метавонад, хабар медиҳад Vostok.Today. Вазорати меҳнати Русия барои ин ҳавза истисно кард, зеро захираҳои меҳнатии худи он талаботи кадрҳоро дар сохтмонҳо ва истеҳсолоти бузург таъмин карда наметавонанд.

Барои муқоиса: Сибир 7300, Ҳавзаи федералии марказӣ - 29 000, Приволже - 6300 нафар, кишвари Хабаровск - 7418, Приморе - 5711, Сахалин ва Курил - 164 ва вилояти Амурск -16500 нафар муҳоҷиронро қабул карда метавонанд.

Дар фармони вазорат ҳамчунин ихтисосҳо низ зикр шудаанд, ки ба онҳо квота ҷудо кардан мумкин аст, аз ҷумла кормандонни корхонаҳои кӯҳкорӣ, сохтмончиён ва ғайра.

Дар вилояти Магадан тасмим гирифтаанд, ки ташкилотҳои ҷамъиятии намояндагони Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистонро таъсис диҳанд, то ки бо мақомоти давлатӣ ҳамкории пурсамар ба роҳ монда шавад.

Ба муҳоҷирон кор дар кадом соҳаҳо иҷоза шудааст?

Бино ба маълумоти Вазорати меҳнати Русия, дар соли 2023 шумори квотаҳо ба додани иҷозаи кор ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки бар асоси раводид ба Русия меоянд, 123,9 ҳазор ададро ташкил медиҳад. Шумори захираҳо дар соли 2023 ба 41,3 ҳазор нафар баробар аст.

Мувофиқи қарори ҳукумат, муҳоҷирон метавонанд дар соҳаҳои зерин ба шуғл фаро гирифта шаванд:

- парвариши сабзавот, соҳаи хоҷагии ҷангал, коркарди чӯб ва истеҳсоли маснуот аз чӯб ба ҷуз мебел, истеҳсоли маснуот аз коҳ ва мавод барои бофандагӣ;

- сохтмон, савдои яклухти ашёи хом аз чӯб ва маводи коркарднашудаи хоҷагии ҷангал;

- савдои чаканаи машрубот  ва маснуоти тамоку;

- нақлиёти мусофирбар ва боркаши автомобилӣ;

- хидматрасонӣ ба бино ва қаламравҳо;

- фаъолият дар соҳаи варзиш.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.