Аз муноқишаи мусаллаҳонаи ахир дар минтақаи наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон ду моҳ сипарӣ шуд. Даргириҳои моҳи сентябр дар таърихи баҳсҳои марзӣ хунинтарин ва бераҳмтарин буданд: даҳҳо кушта, сарнавиштҳои шикаста ва хонаҳои харобшуда.

Мақомоти Тоҷикистон ваъда доданд, ки хонаҳоро то 1 ноябр барқарор мекунанд. Мо аз мавзеъҳои осебдида боздид намудем, то ки бо ҳаёту рӯзгори имрӯзаи ин оилаҳои аз манзил маҳрумшуда аз наздик шинос шавем.

Имрӯзҳо дар манотиқи марзии осебдида корҳои сохтмон босуръат идома доранд. Ва ҳарчанд кор то авввали моҳи ноябр ба анҷом нарасид, аммо сокинон то ҳол умедворанд, ки дар ҳафтаҳои оянда онҳо ба манзилҳои нави худ муқим хоҳанд шуд.

Деҳаи Сомониён

Барои харидани масолеҳи сохтмон аз ҳисоби давлат маблағ ҷудо шуда бошад ҳам, вале дар худи корҳои сохтмон бригадаҳои ихтиёриён иштирок доранд. Сокинони деҳаҳои ҳамсоя ба ёрии ҳамватанон шитофта, бунёди хонаҳо тариқи “ҳашар” ҷараён дорад.

Зиндагӣ аз нав оғоз мешавад

Аз ҳар як муноқишаи нав дар деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ зарар бештар мешавад. Ба гуфтаи роҳбарияти ҷамоат, ин дафъа 46 оила аз хона маҳрум шуданд.

Дар ин ҷо 34 хона пурра вайрон шуда, тамоми молу мулки сокинон ба коми оташ рафт. Зарари расида аз ин муноқиша ҳудуди 4,5 млн сомонӣ арзёбӣ мешавад.

Комилҷон Муъминов сокини куҳансоли деҳа буда, беш аз 30 сол боз дар ин ҷо зиндагӣ мекунад. Ба сохтмони хонаи калон барои зиндагии бароҳати оилааш ӯ тамоми умри худро сарф кард. Дар муноқишаи соли гузашта манзили ӯ қисман осеб дида буд, аммо дар ин муноқиша аз он танҳо пораҳо боқӣ мондаанд.

Хонаи нави Комилҷон Муъминов

“Вақти даргирӣ танҳо духтарам дар хона буд. Хушбахтона, шавҳараш фурсат ёфтааст, ки ӯро бо худ барад. Ман бо ҳамсарам дар Русия муолиҷа мегирифтем, писаронамон ҳам дар муҳоҷирати корӣ қарор доштанд. Дар бораи муноқишаи навбатӣ аз Интернет хабардор шудам ва субҳи рӯзи дигар билет харида, ба хона омадам. Ба писаронам иҷоза надодам, ки баргарданд.

Барои чӣ? Ҳозир ҳамин қадар хароҷот дорем ва пули зиёд лозим аст, охир аз манзили мо чизе боқӣ намонд”, - қисса мекунад Комилҷон.

Корҳои сохтмон дар хонаи Комилҷон ҳоло идома доранд. Тибқи лоиҳа мақомот ба ӯ бояд ду хона созанд ва яктоаш қариб омода аст.  Дигар биноҳои ёрирасони осебдидаро эҳтимол ба худи соҳиби хона лозим меояд, ки бисозад.

Бо Аброриддин Розиқов ҳангоми ёриаш ба пӯшонидани боми хона вохӯрдем. Ба ҷойи хонаи пешинаи дуошёнаи ӯ тибқи лоиҳа хонаи якошёна сохта истодаанд.

“Ба ҷуз хона, аз манбаи даромадам - комбайни ғалладаравӣ маҳрум шудам, ки мақомот ҷуброни зиёни онро ҳам ваъда дода буданд. Лекин ҳозир дар ин бора хомӯшанд, намедонам минбаъд бо чӣ кор аҳли оилаамро таъмин мекунам, - мегӯяд ин мард. -  Фақат қарзҳоям 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд”.

Аброриддин Розиқов

Ба оянда бовар нест

Хонаи Урмонбой Сафаров қариб омода буда, танҳо баъзе корҳо боқӣ мондаанд. Намо (фасад)-и хона шояд бо хоҳиши соҳибони он бо ороишоти тоза рангубор шудааст.

То муноқишаи мусаллаҳона дар хонаи калони Сафаров се оила зиндагӣ мекарданд - волидон ва писарон бор оилаҳои худ. Ҳамаи онҳо бо корҳои кишоварзӣ машғул буда, аз ҳисоби фурӯши ҳосил рӯзгори худро таъмин мекарданд.

Хонаи нави оилаи Сафаровҳо

Молу мулки сӯхташуда ва захираи сабзавоту меваи дар тӯли солҳо ҷамъовардашударо касе барнамегардонад, аз ин рӯ, оиларо лозим меояд, ки дубора зиндагиро барқарор кунанд.

“Зимистон меояд, одамон бояд тезтар ба хонаашон кӯчанд, — мегӯяд бригадир, сокини деҳаи ҳамсоя. — Бинобар ин, мо кӯшиш дорем, ки кори сохтмонро зудтар анҷом диҳем. Азбаски чанд сол боз дар деҳаи Сомониён низоъҳо рух медиҳанд, ин кор дар мо ба роҳ монда шудааст. Аз деҳаҳои ҳамсоя бинокоронро ҷамъ оварда, корҳоро тақсим ва он дар як вақт дар якчанд хона гузаронида мешавад”.

Хонаҳои сокинони осебдида тариқи "ҳашар" сохта мешаванд

Урмонбой Сафаров дар ин деҳа 33 сол боз зиндагӣ мекунад, писарону набераҳояш дар ин ҷо ба дунё омадаанд. Дигар ҷойе надорад, ки равад ва деҳаро тарк карданӣ ҳам нест.

“Намедонем пагоҳ чӣ мешавад, ба оянда боварӣ нест. Ҳар шаб бо изтироб хоб меравем, ба ҳар як садою бодиққат гӯш медиҳем, — мегӯяд ин мард. - Баъзан шабона ба берун мебароем, то ба атроф назар кунем ва бовар ҳосил кунем, ки ҳама ҷо тинҷ аст. Ростӣ,  мутмаин нестем, ки ин муноқиша дигар такрор нахоҳад шуд».

Сомониён ҳақиқатан ҳам имрӯз дар воқеияти нав зиндагӣ дорад. Сарҳадбононе, ки деҳаро посбонӣ мекунанд ва сарбозоне, ки дар канори роҳ меистанд, барои аҳолии деҳа – калонсолону кӯдакон як амри маъмулӣ шудааст.

Сарбози тоҷик ва сокини хурдсоли деҳаи Сомониён

Саҳни мактаби ягона ва харобшудаи деҳа махсусан серодам аст. Дар ин ҷо натанҳо барои барқарор намудани бинои харобшуда кор давом дорад, балки дар наздикии он бинои нави дуошьёнаи мактаб сохта мешавад. Сохтмон дар моҳи август оғоз шуда, он бояд расо пас як сол анҷом ёбад.

Дар муноқишаи мусаллаҳона кӯдакони деҳаи Сомониён аз ягона мактабашон маҳрум шуда буданд

“Кӯдакон маҷбуранд дар деҳаи ҳамсоя таҳсил кунанд, ки то он ҷо як километр пиёда рафтан лозим меояд. Роҳи ин мактаб на танҳо барои кӯдакон, ҳатто барои калонсолон хатарнок аст, - мегӯяд яке аз сокинони деҳа. - Ман фарзандонамро намегузорам, ки раванд. Аз зери хатар буданашон нахонданашон беҳтар аст. Кас намедонад, ки аз ҳамсояҳои ноороми мо боз чиро инизор шудан мумкин аст”.

Дар паҳлӯи мактаби харобшуда бинои нави мактаб сохта мешавад

Дастгирии ҷамоат

Деҳаи хушманзараи сарҳадии Овчиқалъача низ зарари зиёд дид. Ва агар баҳсҳои гузашта дар ин ҷо танҳо бо тирпарониҳо маҳдуд мешуданд, пас аз муноқишаи ахир одамон то ҳол ба худ омада наметавонанд.

Ба гуфтаи раиси ҷамоат Абдуҳамид Одинаев, дар пайи муноқиша дар ин деҳа 12 хона комилан тахриб шуда, хисороти он беш аз 6,5 млн сомонӣ арзёбӣ мешавад. Талафоти ҷонӣ ҳам ҳаст - 14 нафар ҳалок шуданд.

Худи раис сокини дехаи Овчиқалъача буда, бинобар ин, аз вазъияти ҷойдошта дар зодгоҳаш самимона андуҳгин аст ва кӯшиш мекунад, ки мушкили сокинонро ба қадри имкон ҳал намояд.

Мақомот ваъда медиҳанд, ки то охири моҳи ноябр сохтмони ҳамаи хонаҳо ба охир мерасад

“Мутаассифона, буҷети ҷамоат барои ҷуброни тамоми зарари расонида ба мардум кифоят намекунад, вале мо ба қадри имкон кумак мекунем. Ҳар рӯз бинокорону сокинони деҳаро бо хӯроки гарм таъмин мекунем, касе гурусна намемонад, — мегӯяд Одинаев. - Инчунин анбор ташкил кардем, ки ба он одамон барои зарардидагон сару либос, ашёи рӯзгор ва зарф меоранд. Қариб ҳар рӯз назди онҳо меравем, аз ҷиҳати маънавӣ дастгирӣ мекунем, зеро ҳоло ба онҳо хеле душвор аст”.

Дар назар аст, ки то охири моҳи ноябр хонаҳои онҳо пурар сохта мешаванд.

Худи сокинон ҳам дастгирии ҷамоатро ҳис мекунанд. Ҳоло Сурайё Ҳоҷибоева ҳамроҳи фарзандонаш дар як бинои хурди ёрирасони ҳавлӣ зиндагӣ мекунад, ки ба таври мӯъҷизанок аз тирпаронӣ осеб надидааст. Дар ҷойи хонаи вайронааш хонаи нав қомат рост мекунад.

Сурайё ва писаронаш бо ҳар коре, ки аз дасташон меояд, ба бинокорон ёрӣ мерасонанд

“Қариб ҳар рӯз намояндагони ҷамоат ба назди мо омада, рафти сохтмонро назорат мекунанд, мепурсанд, ки маводи ғизоӣ кофист ва боз ба чӣ эҳтиёҷ дорем. Агар имкон дошта бошанд, кумак мекунанд. Охир дар ин ҷо комилан ҳама чиз сӯхтааст”, - мегӯяд Сурайё бо ашк дар чашмон.

Вай рӯзеро ба ёд меорад, ки оилааш маҷбур шуд чанд соат дар таҳхона пинҳон шаванд. Аз фишор (стресс)-е, ки паси сар кард, зуд-зуд дарди сар мешавад, вале ҳоло вақте надорад, ки ба беморхона равад.

“Шавҳарам дар Русия кор мекунад ва аз ин рӯ, худам бояд корҳои сохтмонро назорат карда, ба устоҳо кумак кунам ва барои ба духтур муроҷиат кардан вақт надорам, -  мегӯяд Сурайё. – Худо хоҳад, вақте ки ба хонаи нав рафтем, баъд оромона ба саломатии худамон машғул мешавем”.

Дар сохтмон аз масолеҳи зиддисӯхтор истифода мекунанд.

Дар хонаи Абдурасул Зохидов тирезаҳои пластикӣ гузошта шуданд. То ба охир расидани сохтмон ҳанӯз кори бисьёре дар пеш буда, мард дар ташвиш аст, чунки оилаи ӯ, аз ҷумла набераҳои хурдсолаш бо сабаби набудани ҷойи зисти дигар, ҳоло дар як анбори хурдакаки намнок зиндагӣ мекунанд.

Ба одамон лозим меояд, ки ҳоло дар чунин шароит зиндагӣ кунанд

Вақте дар бораи муноқишаи марзӣ сухан равад, кунҷҳои лабонаш ба ларза меоянд. Вай таҳхонаи торикро нишон медиҳад, ки дар он оилааш аз тирпарронӣ пинҳон шуда буданд. Дар он ҷо зиёда аз ҳашт соат нишастаанд.

Намояндагони ҷамоат ҳар рӯз ба назди сокинони осебдида меоянд

Зимнан, ҳангоми тарҳрезии манзилҳои нав барои сокинони ноҳияҳои наздисарҳадӣ бисёр нуктаҳои муҳим ба назар гирифта шуданд. Ҳамин тавр, дар сохтмон ва ороиши бино аз масолеҳи зиддисӯхтор истифода шуда, болорҳои чӯбини бом бо бетони монолитӣ (порчагӣ) иваз карда шуданд. Ғайр аз ин, барои бехатарӣ дар манзилҳо сохтмони таҳхонаҳо пешбинӣ шудаанд.

Дар ҳавлии Марғуба Юлчиева то ҳол тағораҳои сӯхтаву пачақшуда хобидаанд. Дар онҳо зан ба мағозаҳои калони вилоят сабзавоту мева бурда, ба ин васила рӯзгорашро таъмин мекард.


«Хонаи мо натанҳо вайрон шуд, балки моро ғорат ҳам карданд. Пул, тилло ва ҳар чизе, ки бо меҳнати ҳалол тӯли солҳои зиёд ба даст оварда будем, ғорат шуд, — бо таассуф мегӯяд Марғуба. - Акнун зиндагиро дубора аз нав сар кардан лозим аст".

Аммо зан ноумед намешавад. Хислати ҳаётдӯстиаш ба ӯ кӯмак мекунад, ки давраҳои душворро паси сар кунад. Ӯ хонаи нави сохташавандаи дуошьёнаро нишон дода, орзу дорад, ки зудтар зиндагиашро дар он оғоз кунад.

Хонаи Марғуба Юлчиева

«Муҳимаш, ин ҷанги бемаънӣ хотима ёбад, дигар ҳама чиз ёфт мешавад. Баҳор, ки омад, боз бой мешавем”, — механдад зан.

Ташвишу ҳароси сокинони Овчиқалъача аз такрори муноқишаҳо беҳуда нест. Деҳа аз ду тараф бо талу теппаҳо иҳота шуда, сокинони Овчиқалъача бо чашмони худ мебинанд, ки ҳамсояҳо дар теппаҳо чӣ гуна сохторҳои бетонӣ месозанд.

Дар талу теппаҳо қирғизҳо иншооти номаълуми бетонӣ месозанд

“Ду моҳ пеш ин ҷо чизе набуд. Ин хонаҳо барои шаҳрвандони одӣ нестанд. Дар он ҷо низомиён мустақаранд, мо ҳамаи инро мебинем, онҳо ба чизе омодагӣ мегиранд, - мутмаинанд сокинон. — Мо барои сокинони осоишта хона месозем, онҳо бошанд, барои ҳарбиён”.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.