Давоми се рӯзи охир дар кӯчаҳои Душанбе таксиҳое, ба чашм мерасанд, ки бидуни рақами қайди давлатӣ ҳаракат доранд ё ҷое рафта наметавонанд. Ҳамчунин, наворҳои кандани рақамҳои қайди давлатии таксиҳо аз ҷониби мақомот дар шабакаҳои иҷтимоӣ норозигии ронандагонро ба миён овардааст. Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе гуфтааст, танҳо дар давоми ду рӯз фаъолияти беш аз 200 таксиро боздоштаанд ва ҳамаи ин мошинҳо ба талаботи техникӣ ва ҳуҷҷатҳои расмӣ ҷавобгӯй набудаанд.
Бахтиёр Вайсзода, сардори БДА дар шаҳри Душанбе хабарҳо дар бораи баркандани рақами қайди давлатии таксиҳоро шарҳ дода гуфтааст, ки он “амалиёти мақсаднок ба хотири аз назар гузаронидани ҳолати техникии онҳост”.
Дар 2 рӯз фаъолияти 200 таксиро боздоштанд
Ӯ дар дар суҳбат бо ҳафтаномаи “Тоҷикистон” гуфтааст, ҳарчанд имрӯз дар 12 ҷамъияти хурди мусофирбар 4 ҳазору 100 квота муқаррар шудааст, вале ҳоло зиёда аз 6 ҳазор мошини хурд бо хизматрасонии таксӣ дар пойтахт фаъолият мекунанд.
“Ҳар кадоме кӯшиш мекунанд, ки барои гирифтани мусофир аз якдигар пеш гузаранд, дар ҷойҳои номувофиқ мусофир мегиранд ё мефароранд. Ҳатто, дар қатори дуюм ё дар истгоҳҳо истода, ба ҳаракати автобусу троллейбус монеаи ҳаракат пеш меоранд. Дар натиҷа боиси садамаҳои нақлиётӣ ҳам мегарданд. Чандин ҳодисаи нақлиётӣ бо айби ронандагони ҷамъиятҳои мусофиркаш рух додааст. Дар давоми ду рӯзи охир кормандони БДА беш 200 таксиро, ки марбут ба ширкатҳои мусофиркаш ҳастанд, боздошт намудаанд. Ин мошинҳо ба талаботи техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои расмӣ ҷавобгӯ нестанд”,- изҳор доштааст сардори БДА дар шаҳри Душанбе.
Бахтиёр Вайсзода, хабари баровардани мошинҳои соли бароришашон то 2016-ро аз кӯчаҳои Душанбе рад карда, гуфтааст, ки “баръакс, ширкатҳои хизматрасони мусофиркаш барои ҳамкорӣ ба мақомоти БДА муроҷиат кардаанд, то мушкилоти мавҷуда бартараф гардад”.
“Мо ба ин масъала рабт надорем”. Шарҳи зиддунақизи мақоми танзимкунандаи нақлиёти пойтахт
Аз назар гузаронидани ҳолати техникии таксиҳо унвон кардани баркании рақамҳои таксиҳо аз ҷониби БДА дар шаҳри Душанбе дар ҳолест, ки дирӯз, 30-юми ноябр, як масъули “Душанбенақлиётхадамотрасон” дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфта буд, ки барканданди рақамҳои қайди давлатии таксиҳо дар асоси қарори дахлдори Вазорати нақлиёти Тоҷикистон сурат мегирад.
Вай афзуд, ки тибқи ин қарор, ҳаракати таксиҳои соли бароришашон то соли 2016 дар кӯчаҳои Душанбе манъ карда мешавад ва он “бо мақсади таъмини бехатарии мусофиркашонӣ, беҳбуди сатҳи хизматрасонӣ дар пойтахт ва афзалият додан ба нақлиёти ҷамъиятии бузургҳаҷм рӯи даст гирифта шудааст”.
Вале имрӯз, 1-уми декабр, МДК “Душанбенақлиётхадамотрасон” бо нашри вокуниш дар саҳифаи фейсбукии худ иттилое, ки аз ҷониби корманди онҳо ба “Азия-Плюс” дода шуд, “нодуруст” хонда гуфтанд, “иттилоотҳо аз номи МДК "Душанбенақлиётхадамотрасон" доир ба санҷиши фаъолияти воситаҳои нақлиёти кироякаш (таксӣ) аз ҷониби ниҳодҳои дахлдор гирифта шудааст, асоси воқеъи надорад”.
Бояд гуфт, ки дар вокуниш ба таври мушаххас гуфта нашудаст, ки кадом қисмати иттилоъ нодуруст аст ва ҳамчунин, сабаби баркании рақамҳои қайди давлатии таксиҳо низ шарҳ дода нашудааст. Дертар аз МДК “Душанбенақлиётхадамотрасон”, гуфтанд, корманде, ки иттилоъро ба “Азия-Плюс” дода буд, дигар дар муассисаи онҳо кор намекунад ва ҳақ надорад, ки дар робита ба ин масъала шарҳе ироа намояд.
Ҳадаф-коҳиши таксиҳои “зиёдатӣ”?
Шоми 1-уми декабр Ҳамзаалӣ Ғаниев, директори МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» баъди баррасии тӯлонӣ масъалаи мазкурро ба “Азия-Плюс” чунин шарҳ дод:
“Тадбирҳое, ки дар пойтахт нисбат ба таксиҳо гузаронида мешавад, чорабинии нақшавии Бозрасии давлатии автомобилӣ аст, ки ҳадафаш санҷиши ҳолати техникии мошинҳо ва мутобиқати онҳо ба меъёрҳои бехатарӣ мебошад. МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» ба ин масъала рабте надорад».
Ҳамчунин, аз МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» ба рӯзноманигори “Азия-Плюс” квотаи муқараршударо барои ширкатҳои таксӣ тасдиқ карданд ва гуфтанд, барои ҳар як ширкат тибқи заминаи моддию техникӣ квотаҳо ҷудо карда шудааст.
Дар ҳоле, ки сардори БДА дар шаҳри Душанбе оид ба аз меъёри муқарраршуда зиёд будани мошинҳо дар ширкатҳои таксӣ ҳарф мезананд ва МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» низ онро тасдиқ мекунад, ҳеҷ як ниҳоде сабаби кандани рақамҳои қайди давлатии таксиҳоро кам кардани шумораи таксиҳо дар пойтахт намегӯяд.
Ронандагон бошанд савол медиҳанд, ки чаро кормандони БДА барои “вайрон кардани қоида” ҳуҷҷатгузорӣ ва ҷарима накарда, якбора рақами қайди давлатии онҳоро мекананд?
Аз ширкатҳои таксӣ масъалаи мазкурро шарҳ надоданд ва кӯшиш мекунанд, аз суоли рӯзноманигорон дар робита ба ин масъала дурӣ ҷӯянд. Вале ба гуфтаи ронандагони таксӣ, бархе аз ширкатҳо мошинҳои истеҳсоли то соли 2016-ро аз пойгоҳи худ берун кардаанд.
«Ширкатҳо ба ин ронандагон пешниҳод карданд, ки дар шаҳру навоҳии гирду атрофи пойтахт кор кунанд, вале бисёриҳо рад карданд. Ширкатҳо онҳоро аз базаи худ хориҷ карданд ва ҳоло онҳо намедонанд, чӣ кор кунанд”, - гуфт як ронандаи таксӣ, ки нахост аз ӯ ном барем.
Бехатарӣ ё бозигари нав дар бозор?
Маҳдудияти нав дар пасманзари сарозер шудани як таксӣ аз болои пуле дар Душанбе ва бархӯрдани он ба автобус сурат мегирад, ки ду рӯз пеш дар пойтахт рух дода буд. Аз шаҳрдории Душанбе МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» тасдиқ карданд, ки «санҷиш»-и таксиҳо қисман ба ин ҳодиса рабт дорад ва аз ин рӯ, коршоямӣ ё бехатарии техникии таксиҳои дигар аз санҷиш гузаронида мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, давоми чанд вақти охир дар бораи ворид шудани ширкати русии “Яндекс Gо” ба бозори хидматрасонии таксиҳо дар Душанбе сару садоҳо паҳн мешавад. Ин ширкат аллакай дар сегменти тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғотро ба роҳ монда, насби замимаи онҳоро ба сокинони пойтахти Тоҷикистон пешниҳод кардааст. Дар барнома гуфта мешавад: "Мо ба шумо ҳангоми фаъол шудани хидматрасонӣ хабар медиҳем".
Дар ҳамин ҳол, аз шаҳрдории Душанбе гуфтанд, ки дар ин бора хабар надоранд ва аз ширкате дар робита ба ин масъала дархост нагирифтаанд.
«Барои гирифтани иҷозатнома ва кор дар соҳаи ҳамлу нақли мусофирбар ширкатҳо бояд ба мақомоти дахлдор муроҷиат намуда, ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод кунанд. Дар ҳоли ҳозир дар ин бора ба шаҳрдорӣ муроҷиат нашудааст», - гуфт як масъули шаҳрдории Душанбе.
Открытие таджикского химика из Канады украсило обложку престижного научного журнала
Транспортно-логистический форум в Душанбе наметил пути сотрудничества между ведущими таджикскими компаниями
В Узбекистане родителям запретили бить детей
Две бронзы выиграли таджикские борцы на поясах на ЧМ-2024 в Казани
В Душанбе отругавшая учеников за отсутствие формы учительница получила предупреждение руководства школы
Почему качественное топливо – основа долговечности и стабильной работы вашего автомобиля?
Насилие и материнская смертность. Как положить конец ранним бракам в странах Центральной Азии?
IRENA и Азербайджан запустят программу зеленой энергетики в Центральной Азии
В Таджикистане впервые приняли закон «О социальном предпринимательстве»
Очередная атака мошенников. На этот раз под удар попал «Амонатбанк»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста