Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шаҳрвандони кишварро огоҳ кардааст, ки то анҷоми азнавбақайдигирии симкортҳо бо шиносномаҳои нави намунаи соли 2014  (ID-корт) муҳлати кам боқӣ мондааст ва таъҷилан симкортҳояшонро бо шиносномаҳои нав ба қайд гиранд. Ин дар ҳолест, ки то анҷоми муҳлати азнавбақайдгирӣ беш аз як моҳ мондааст ва маълум нест, ки ин муҳлат бори дигар тамдид мешавад ё не.

Ин ниҳод субҳи имрӯз, 5-уми январ, бо нашри як иттилоия хабар дод, ки “таъҷилан барои иваз намудани шиносномаҳои худ ба хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муроҷиат намоянд”.

ВКД ҳамчунин, рӯйхати ҳуҷҷатҳое, ки барои ивази шиносномаи намунаи соли 1996 ба намунаи соли 2014 (ID-корт) зарур аст, нашр кардааст.

Моҳи феврали соли 2019 ҳукумати Тоҷикистон бо қарори махсус операторои алоқаи мобилии кишварро уҳдадор кард, ки то 15 августи ҳамон сол симкортҳои муштариёнро бо шиносномаҳои коғазии намунаи соли 1999 бо кортҳои идентификатсионӣ (ID-шиносномаҳо)-и намунаи соли 2014 дубора ба қайд гирад. Дар ҳамин ҳол, меъёр ҷорӣ шуда буд: бо як шиноснома на зиёдтар аз ду симкорт сабти ном мешавад.

Лекин мақомот базудӣ фаҳмиданд, ки ивази шиноснома ва дубора сабти ном кардани ин миқдор муштариён дар муҳлати кӯтоҳ ғайриимкон аст ва аз ин рӯ, муҳлати сабти дубора то 15 феврали соли 2020 дароз карда шуд. Аммо ним соли иловагӣ ва он ҳам дар шароити пандемияи коронавирус ҳеҷ натиҷаи дилхоҳ надод. Ба ҳукумат лозим омад, ки муҳлати сабти дубораро боз то 15 феврали соли 2022 дароз кунад.

Вале ин муҳлат ҳам кифоя накард ва то моҳи феврали соли гузашта беш аз 2 млн симкорт дубора сабти ном нашудаанд.

Он замон “Азия-Плюс” ҳисоб карда буд, ки агар ин дафъа ҳам симкортҳо пурра дубора сабтином нашаванд, зиёда аз 2 млн нафар тоҷикистониён метавонанд бе алоқаи мобилӣ монанд ва ин ба буҷет ба маблағи ҳудуди 500 млн сомонӣ зарар меорад.

Ҳамин тариқ, 3 рӯз пеш аз анҷоми муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳо бо шиносномаҳои нав бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 12 феврал муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳо дубора то 15 феврали соли 2023  тамдид шуд.

Тибқи маълуомти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, теъдоди умумии корбарони шабакаи умумиҷаҳонии Интернет дар ҷумҳурӣ 4,2 млн нафарро ташкил медиҳад.

Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ дар моҳи июли соли гузшта гуфта буд, ки то 30-юми июни соли 2022 зиёда аз 2,8 млн нафар муштариён симкортҳои худро бо ID-шиносномаҳо дубора ба қайд нагузоштанд, ки 1,4 млн нафарашон корбарони фаъол мебошанд.

Ба таъкиди вай, инҳо асосан шахсони пиронсол мебошанд, ки намехоҳанд ID-шиносномаи намунаи соли 2014 гиранд.

Ҳамин тариқ, то анҷоми муҳлати дубораи азнавбақайдгирии симкортҳо бо шиносномаи намунаи нав беш аз як моҳи дигар боқӣ мондааст ва маълум нест, ки ин муҳлат боз тамдид мешавад ё не. Дар сурати тамдид нагардидани муҳлат симкорти онҳое, ки бо шиносномаи намунаи соли 1996 ба қайд гирифта шудааст, хомӯш мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.