Возири маориф ва илми кишвар бо як фармоиши худ таътили зимистонаи мактаббачагонро то 16-уми январ тамдид кард ва сабаби онро сардии ҳаво ва ҳифзи саломатии мактабхонҳо шарҳ дод.
Қаблан, аз вазорати маориф гуфта буданд, ки дар ҳамаи мактабҳои кишвар то 31 декабр чоряки дуюм ҷамъбаст гардида, аз 1 то 10-уми январи соли 2023 хонандагони мактабҳои Тоҷикистон ба таътили даҳрӯзаи зимистона мераванд.
Тибқи иттилои Эҳсони Хушбахт, сухангӯи вазорати маориф ва илми кишвар, ки имрӯз, 10-уми январ, дар ихтиёри "Азия-Плюс" гузошт, бо назардошти сард омадани ҳаво ва бо мақсади ҳифзи саломатии тарбиятгирандагону хонандагон дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми январи соли 2023 дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии кишвар новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ таътили зимистонаи хонандагон то 16 январи соли 2023 тамдид карда шуд.
“Машғулиятҳо дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ аз 16-уми январ оғоз гардида, соатҳои дарсии дар давоми таътил иҷронашуда тибқи ҷадвали алоҳидаи тасдиқгардидаи дарси иловагӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2022-2023 аз ҳисоби таътили баҳорӣ ва тобистона ҷуброн карда мешавад”, - гуфт Эҳсони Хушбахт.
Ҳамзамон, дар асоси фармоиши вазири маориф сардорони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, директорони муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта ва хусусӣ уҳдадор гардидаанд, ки ҷиҳати ба таътил баромадани хонандагон тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки тибқи пешгӯии мутахассисони ҳавосанҷии кишвар, шурӯъ аз имрӯз, 10-уми январ, дар Тоҷикистон ҳарорат рӯзона то 2 -7 ва шабона баъзан то 12 -17 дараҷа хунук мешавад. Дар ин рӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ борон ва барфи тар меборад.
Ин гуна ҳавои сард, на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми минтақаро фаро мегирад ва дар робита ба ин, баъзе аз ҳамсоякишварҳо таътили зимистонаи мактаббачагонро тамдид намуданд.
Аз ҷумла, чанде пеш мақомоти Ӯзбекистон тасмим гирифтанд, ки бинобар сабаби сармо таътили зимистонаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро тамдид кунанд.Дар ин кишвар дарсҳо аз 18-уми январ оғоз мегардад.
Всемирный банк подтвердил поддержку Таджикистана в развитии зеленой экономики и устойчивого роста
В Душанбе детей отобрали у матери, заставлявшей их заниматься попрошайничеством
Таджикистанцев, обвиняемых в атаке на «Крокус Сити Холл», признали вменяемыми
Когда в Душанбе, наконец, появятся велодорожки?
В России предложили запретить мигрантам из реестра МВД работать в качестве самозанятых
В результате землетрясения в Таджикистане разрушены более 90 домов
Таджикские дзюдоисты взяли две бронзы на турнире в Тбилиси
Землетрясение в Таджикистане унесло жизнь трехлетнего ребенка
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 14 апреля 2025 года
Целебная трава Таджикистана. Весенние блюда на все дни недели
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста