Аз 1 то 10-уми январи соли 2023 хонандагони мактабҳои Тоҷикистон ба таътили даҳрӯзаи зимистона мераванд.
Эҳсони Сафарзода, сухангӯи Вазорати маориф ва илм бо тасдиқи ин хабар ба “Азия-Плюс” гуфт, дар ҳамаи мактабҳои кишвар то 31 декабр чоряки дуюм ҷамъбаст гардида, хонандагон ба таътили зимистона мебароянд.
Ӯ гуфт, рӯзи 11-уми январ ҳамаи хонандагон ба дарс бармегарданд.
Ба таъкиди вай, дар таътили зимистона хонандагон ба барномаҳои илмию адабӣ, китобхонаҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, дарсҳои иловагии компютерӣ, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ва фанҳои риёзӣ, дақиқ ҷалб мешаванд.
“Инчунин, ба хонандагон барои мутолиа рӯйхати ададбиёти бадеӣ пешниҳод мегардад”, - гуфт Эҳсон Сафарзода.
Вазорати маориф ва илм аз волидайн даъват кардааст, ки дар таътили зимистона назорати ҷиддӣ бурда, нагузоранд, ки фарзандонашон бештари вақти худро бо истифодаи телефони мобилӣ ва корҳои беҳуда гузаронанд. Ҳамчунин, волидайн монеи оворагардӣ ва сарфи беҳудаи вақти онҳо дар кӯчаю марказҳои интернетӣ бояд шаванд.
Сухангӯи вазорат гуфт, таътил танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва омодагӣ ба озмуни «Муаллими сол», гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд.
“Дар ин давра дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ доир мегарданд, ки хонандагон ба онҳо омодагӣ мегиранд. Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон ҳамасола дар таътили зимистона доир мешавад. Он моҳи ноябр миёни мактаббачагон гузаронида шуда, сипас дар сатҳи ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад”, - гуфт вай.
Хонандагон дар Тоҷикистон дар давоми соли таҳсил се маротиба 10 рӯзӣ ва як маротиба дар ҷамъбатси сол ҳудуди 3 моҳ таътил мекунанд.
Дар гузашта реҷаи таътил дар мактабҳо баҳсҳои гуногунро ба бор оварда буд. Аз ҷумла, бори охир дар таътили моҳи ноябр баҳсе рӯй зад, ки муҳлати таътили тирамоҳиро дароз кардаанд. Вале мақомот инро рад кард ва гуфт, хонандагон аз 1 то 10 ноябр таътил мекунанд.
Тарҳи “Зистан мехоҳам”: 931 зодаи Тоҷикистон дар ҳайати артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд
Ҳукумат барои идомаи сохтмони “Роғун” 200 млн сомонии иловагӣ равона мекунад
Боздошти корманди “Русский дом” дар Қирғизистон бо иттиҳоми ҷалби зархаридон ба ҷанг
“Расид наёрӣ, шаҳодатномаи хатм намедиҳам”. Шикоят аз ҳуҷҷатсупории иҷборӣ ба Маркази миллии тестӣ
Сардори нави Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД кист?
Комроншоҳ Устопирён дубора ба майдон бармегардад. Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии куштӣ киҳо намояндагӣ мекунанд?
Рухшона Ҳакимоваро аз “СИЗО” ба маҳбаси занонаи Норак интиқол додаанд
Барои “ислоҳу тарбия”-и маҳбусони бо терроризм маҳкумшуда беш аз 38,5 млн сомонӣ ҷудо мекунанд
Қурби доллар нисбати сомонӣ то сатҳи панҷ моҳ пеш поин рафт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 3
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста