Бо фарорасии сармои ҳақиқӣ, дар пойтахти ҷумҳурӣ ва чанде аз шаҳру навоҳӣ мушкилоти сохтори хидматрасонӣ аён шуд. Масалан, дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои калони Тоҷикистон хидматрасонии нақлиёт ба зимистон чандон омода набуд.

Равуои нақлиёти ҷамъиятии шаҳр мувофиқи ҷадвал риоя нашуда, мардум муддати тӯлонӣ дар истгоҳҳои сард автобусу троллейбусу микроавтобусҳо (маршруткаҳо)-ро мунтазир шуданд. Субҳи барвақт таксиҳо ҳам кам буданд ва «таксиҳои ҳафтсомонӣ» гӯиё “тухми анқо” шуданд. Дар натиҷа бисьёр одамон ба кор дер мондаву ба ҷойи даркорӣ расида натавонистанд.

Сурат: Asia-Plus

Қобили зикр аст, ки ҳолати мавҷудаи марбут ба нақлиёти ҷамъиятӣ дар ҳолест, ки мактабхонҳову донишҷӯён имрӯз аз он истифода намекунанд, зеро таътили онҳо боз як ҳафтаи дигар дароз шуд.

Дар ҳамин ҳол, шаҳрдории пойтахт итминон дод, ки барои хидматрасонӣ ба мусофирон дар шаҳри Душанбе ба сурати умум, 3 ҳазору 949 адад нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла 375 троллейбусу автобус, 963 микроавтобус (маршрутка) ба роҳҳои пойтахт баромаданд. Боқимонда таксиҳои ширкатҳои гуногун мебошанд.

Тавре ки аз шаҳрдории пойтахт хабар доданд, ба корҳои тозакунии роҳҳои шаҳр 193 адад техника сафарбар шуда, лекин барои тозакунии ҳамаи роҳҳо фурсат намеёфтанд.

Мушкилот дар шабакаҳои коммуналӣ

Мушкилоти қатъи нерӯи барқ ​​дар пойтахт то ҳол мушоҳида нашудааст, аммо дар минтақаҳо ҷой дорад. Зикр кардан бмаврид аст, ки бо сабаби омода набудан ба мавсими зимистон (дар ин бора пештар навишта будем), дар деҳоти ҷумҳурӣ трансформаторҳо аз кор баромада, аҳолии маҳаллӣ маҷбур шуданд, ки барои таъмири онҳо аз ҳисоби худашон маблағ ҷамъ кунанд.

Аз минтақаҳо мардум дар бораи канда шудани симҳо, кафидани қубурҳои обрасон хабар доданд. Сокинони Душанбе асосан аз гармидиҳии начандон қаноатбахш шикоят мекунанд. Дар деҳот хонаҳо аз ҳисоби худи сокинон бо ҳезуму ангишти захирагардида гарм карда мешавад.

Сурат аз drive2.com

КВД “Обу корези Душанбе” хабар медиҳад, ки аз оғози мавсими сармо ҳамарӯза барои бартараф намудани садамаҳо дар шабакаи таъминот бо об бригадаҳо сафарбар мешаванд.

“Кафшергарон ва сантехникҳо ба чуқурии то 7 метр фаромада, мушкилотро бартараф мекунанд”, - гуфтанд дар ин корхона.

Тавре ки дар саҳифаи ин корхона дар Facebook хабар дода шуд, рӯзи 10 январ коргарон 5 соат кор кардаанд, то ки садамаро дар қубури масоҳаташ 500 мм дар чуқурии 4,5 метр дар кӯчаи Айнӣ бартараф созанд.

Пиёдагардҳои лағжон

Мушкилоти дигаре, ки шаҳрвандонро ба таври ҷиддӣ ба ташвиш меорад, сафолакҳо (плиткаҳо)-и лағжони рӯи роҳравҳо ва назди биноҳо мебошанд.

Воқеан, дар Тоҷикистон бинокорон барои зебоӣ бештар аз сафолакҳои ҳамвор ва мармар истифода мебаранд, ки дар болои онҳо на танҳо дар барф, балки ҳатто дар гармои тобистон лағжидан мумкин аст.


Ғайр аз ин, ба хубӣ аён аст, ки пиёдагарду роҳравҳо бо маводи зиддилағжиш коркард намешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.