Субҳи имрӯз, 11 январ роҳҳои шаҳри Душанбе барфпӯш шуда, ба ҳаракати нақлиёт душворӣ пеш овард.

Тавре ки аз шаҳрдории пойтахт хабар доданд, айни замон ба корҳои тозакунии роҳҳои шаҳр 193 адад техника сафарбар шудааст.

Сурат: Меҳрангез Турсунзода

“Имрӯз барои хидматрасонӣ ба мусофирон дар шаҳри Душанбе нақлиёт кофӣ аст. Ба сурати умум, 3 ҳазору 949 адад нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла 375 троллейбусу автобус, 963 микроавтобус (маршрутка) ба роҳҳои пойтахт баромаданд. Боқимонда таксиҳои ширкатҳои гуногун мебошанд”, - гуфтанд дар шаҳрдории пойтахт.

Сурат: Asia-Plus

Дар ҳамин ҳол, дар шаҳрдорӣ зикр карданд, ки “ин шумор нақлиёт барои хидматрасонӣ ба сокинони шаҳр кофист”.

Дар ҳамин ҳол, бисёре аз сокинони шаҳр имрӯз дар роҳҳо ба мушкилот дучор шуданд. Бо вуҷуди равуои нақлиёти ҷамъиятӣ, истифода аз он мушкил буд ва ба ҷуз роҳҳои марказӣ, дигар роҳҳои шаҳр тоза нашуда буданд.

Қобили зикр аст, ки ҳолати мавҷудаи марбут ба нақлиёти ҷамъиятӣ дар ҳолест, ки мактабхонҳову донишҷӯён имрӯз аз он истифода намекунанд, зеро таътили онҳо боз як ҳафтаи дигар дароз шуд.

Сурат: Asia-Plus

Мвофиқи маълумоти назарпурсӣ дар Telegram-канали “Азия-Плюс”, ки дар он аз соати 10:00 то 12:07 дақиқаи имрӯз 1901 нафар корбарон иштирок карданд, имрӯз аз нақлиёти ҷамъиятӣ 27%-и онҳо истифода бурда, 20% - бо нақлиёти шахсӣ 10 - бо такси  ва 16% - пиёда ба кору ҷойи даркорӣ рафтаанд.


Дар муроҷиати раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, ки дар АМИТ “Ховар” нашр шудааст, аз тамоми сокинон ва меҳмонони пойтахт хоҳиш карда мешавад, ки дар рӯзҳои сарди зимистон, яъне аз 10 то 14 январи соли равон бидуни зарурат ба сафар набароянд.

“Аз сокинон дархост мешавад, ки аз гаштугузори бемаврид худдорӣ карда, нақлиёти шахсии худро истифода баранд ва аз нақлиёти мусофиркашии ҷамъиятӣ самаранок истифода баранд”, - омадааст дар муроҷиат.

Сурат: Asia-Plus

Ҳамчунин хоҳиш мешавад, ки дар истифодаи дастгоҳ ва таҷҳизоти барқӣ эҳтиёткор буда, фарзандони худро беназорат нагузоранд.

Ёдрас мекунем, ки бино ба маълумоти обуҳавошиносон, дар давраи аз 11 то 15 январ дар аксари қаламрави кишвар обуҳаво хунук шуда, боришот дар назар аст.

Аз 12 то 15 январ дар бисёре аз ноҳияҳои водӣ ва доманакӯҳ ҳарорат шабона 13-18 дараҷа ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад.

Сурат: Asia-Plus

Боридани барф имрӯз ҳам идома ёфта, дар роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо туман, фаромадани тармаву барфтӯдаҳо пешбинӣ шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.