Муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳо, ки пас аз тамдид то 15-уми феврали соли 2023 муқаррар гардида буд, барои як соли дигар дароз карда шуд. Дар ин бора Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон имрӯз, 15-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ, иттилоъ дод.
Аммо вазир дақиқ нагуфт, ки ин бор муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳо то кай тамдид карда шуд.
Тибқи иттилои Хадамоти алоқаи кишвар, дар аввали моҳи январи соли 2023 шумораи симкортҳое, ки марҳилаи азнавбақайдгириро гузаштанд, 5,56 млн-ро ташкил менамуд. 2 млн симкорт бошад, марҳилаи азнавбақайдгириро нагузашта будаанд, ки аз ин шумора, 880 ҳазори он фаъол аст.
Азнавбақайдгирии симкортҳо моҳи феврали соли 2019 бо қарори ҳукумати Тоҷикистон ҳатмӣ гардид. Операторҳои алоқаи мобилии кишвар уҳдадор гардиданд, ки то 15-уми августи ҳамон сол симкортҳои муштариёнро бо шиносномаҳои коғазии намунаи соли 1999 бо кортҳои идентификатсионӣ (ID-шиносномаҳо)-и намунаи соли 2014 дубора ба қайд гирад. Дар ҳамин ҳол, меъёр ҷорӣ шуда буд: бо як шиноснома на зиёдтар аз ду симкорт сабти ном мешавад.
Лекин мақомот базудӣ фаҳмиданд, ки ивази шиноснома ва дубора сабти ном кардани ин миқдор муштариён дар муҳлати кӯтоҳ ғайриимкон аст ва аз ин рӯ, муҳлати сабти дубора то 15 феврали соли 2020 дароз карда шуд. Аммо ним соли иловагӣ ва он ҳам дар шароити пандемияи коронавирус ҳеҷ натиҷаи дилхоҳ надод. Ба ҳукумат лозим омад, ки муҳлати сабти дубораро боз то 15 феврали соли 2022 дароз кунад.
Вале ин муҳлат ҳам кифоя накард ва то моҳи феврали соли гузашта беш аз 2 млн симкорт дубора сабти ном нашудаанд. 3 рӯз пеш аз анҷоми муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳо бо шиносномаҳои нав бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 12 феврал муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳо маротибаи сеюм то 15 феврали соли 2023 тамдид шуд.
В Душанбе открыли новый ресторан «Додо Пицца»
Всемирный банк готов вложить $150 миллиардов в проекты по экологии
Где в Душанбе найти логопеда?
Афиша от «Азия-Плюс»: балет «Жизель», вечер японских мотивов и гастротур к аметистовым шахтам
В Душанбе наградили лучших женщин-госслужащих
FORMULA55 продлила контракт с двукратной обладательницей Кубка мира по боксу Мижгоной Самадовой
В Исфаре сотрудники военкомата получили 40 тысяч сомони за поддельные военные билеты
В России с 1 декабря стартует эксперимент по сдаче биометрии иностранцами при въезде в страну
Президент COP29 призвал радикально увеличить климатическое финансирование
Как исследовательница культуры из Таджикистана рассказывает миру о женской боли на войне
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста