Рӯзи душанбе, 13 феврал дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар он бори аввал теъдоди муҳоҷирони корӣ, ки ба Русия рафтаанд, садо надод. Мегӯянд, ки бо сабаби мувофиқат накардани рақамҳо бо маълумоти Русия.
Пас аз сухани ифтитоҳӣ ва ҳисоботи мухтасар дар бораи фаъолияти вазорат дар соли 2022, вазири нави меҳнат Гулнора Ҳасанзода аз рӯзноманигорон дархост намуд, ки саволҳоро пешниҳод кунанд, вале на ба ҳамаи онҳо посух гуфт.
Чӣ қадар муҳоҷирони корӣ ба Русия рафтанд?
Тайи чанд соли ахир омори муҳоҷирони корӣ аз кишвар, асосан ба Русия, сабаби баҳсҳо дар матбуот шудааст. Гап сари он аст, ки рақамҳои омори Русия ва Тоҷикистон хеле зиёд фарқ доранд.
Дар нишасти матбуотӣ тамоми сафарҳо ва тавофуқҳое, ки дар Русия ҳосил шуда буданд, ба таври муфассал номбар шуда, дар бораи ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони мо, ифтитоҳи намояндагии Русия оид ба муҳоҷират дар Тоҷикистон ва ғайра маълумот дода шуд.
Лекин чизи асосӣ гуфта нашуд - ба ҳар ҳол, чӣ қадар шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли 2022 барои коркунӣ ба Русия рафтаанд?
Ҳарчанд ин савол чандин маротиба садо дод, лекин Вазорати меҳнат аз теъдоди дақиқи муҳоҷирони корӣ ном набурд. Ҳатто дархост ҳам буд, ки ҳадди ақал дар бораи чӣ қадар будани занон миёни муҳоҷирони маълумот дода шавад.
“Рақамҳои дақиқ баъдан номбар карда мешаванд, - гуфт Гулнора Ҳасанзода. - Айни замон ҳамроҳ бо ҳамтоёни Русия ин рақамҳо дақиқ мешаванд”.
Ҳасанзода шарҳ дод, ки муҳоҷирон на танҳо ба Русия мераванд, балки аз ин кишвар бармегарданд ва шумораи баргаштаҳо бештар буда, фарқи байни рафтану омадан 224 ҳазор нафар ва бақия (салдо) ба фоидаи Тоҷикистон аст.
Дар робита ба занон бошад, Ҳасанзода боз ҳам ҳеҷ рақамеро номбар накарда, танҳо зикр кард, ки муҳоҷирати кории занон 1,2% коҳиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, танҳо аз моҳи январ то сентябри соли 2022 2,7 млн нафар муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд, хабар медиҳад RT бо истинод ба маълумоти ВКД Русия.
Қобили зикр аст, ки аз соли 2014 мақомоти Тоҷикистон аз пешниҳоди маълумот ба намояндагони ВАО дар бораи ҳаҷми интиқоли пул худдорӣ мекунанд, ҳарчанд дар ин бора ҳеҷ гуна маҳдудияти қонунӣ вуҷуд надорад. Қаблан ВАО-и Тоҷикистон ин маълумотро дар сомонаи Бонки марказии Русия дарёфт мекарданд. Аммо пас аз оғози муноқишаи мусаллаҳона байни Русия ва Украина, ин ниҳоди молиявии Русия аз нашри чунин маълумот худдорӣ мекунад. Дар бораи сабабҳо ва мӯҳлати боздоштани нашри чунин маълумот чизе зикр намешавад.
Сафарбарии муташаккилона хуб, вале начандон писандида аст
Бино ба маълумоти Вазорати меҳнати Тоҷикистон, дар соли 2022 тариқи сафарбарии муташаккилона 2 ҳазору 13 нафар тоҷикистониён дар хориҷи кишвар бо кор таъмин карда шудаанд, аз ҷумла:
Русия - 1709
Британияи Кабир – 383
Қазоқистон - 223
Кореяи Ҷанубӣ – 58
Лаҳистон (Полша) – 35
Туркия – 29
Руминия - 11
Амороти Муттаҳидаи Араб – 6.
Бо вуҷуди он, ки ахиран Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон барои кор дар кишварҳои дигарро афзоиш додааст, мардум то ҳол ба мустақилона сафар кардан афзалият медиҳанд.
Илова бар ин, гуногунсамт кардани муҳоҷирати меҳнатӣ масъалаи рӯзмарра боқӣ мемонад. Дар Тоҷикистон кишварҳоеро меҷӯянд, ки ба ҷуз Русия, тоҷикон тавонанд барои кор бираванд, вале то ҳол чунин ҷойҳо каманд.
Бо 3,6 ҳазор сомонӣ тиҷорат роҳандозӣ кардан мумкин аст?
Соли 2022 барои роҳандозии фаъолияти соҳибкорӣ ба 1000 нафар шаҳрвандони бекор 3,6 млн сомонӣ - ба ҳар кадоме 3 ҳазору 600 сомонӣ ҷудо карда шуд.
Рӯзноманигорон пурсиданд: “бо ин пул ягон хел тиҷорати хурд роҳандозӣ кардан имкон дорад?” ва сардори Раёсати бозори кор ва шуғли аҳолӣ Ниёз Қурбонов омори зеринро овард: соли гузашта ҳамагӣ 3240 нафар ба маблағи 10 млн 675 ҳазору 59 сомонӣ қарзҳои бефоиз гирифтаанд.
Ба ҳар кадоме аз соҳибкори навкор ҳудуди 3,3 ҳазор сомонӣ рост меояд.
Ба саволи такрории кофӣ будани ин маблағ барои оғози тиҷорат худи Гулнора Ҳасанзода чунин посух дод: “Барои ҷудо кардани қарзҳои калон бонкҳо мавҷуданд, мо дар доираи имкониятҳои худ кумак мекунем”.
Ҷойҳои корӣ ва неругоҳи “Роғун”
Бино ба маълумоти Вазорати меҳнат, соли 2022 дар Тоҷикистон 190 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис дода шуда, аз он танҳо 37% (70,3 ҳазор)-аш доимӣ мебошад.
“Имрӯз дар Тоҷикистон 19 ҳазор ҷойҳои кории холӣ ҳаст, - хабар дод Ҳасанзода. - Дар сохмтони НБО “Роғун” ба зиёда аз 2 ҳазор нафр коргарони ихтисосҳои гуногун ниёз доранд”.
Ба саволи “чаро ҷавонон барои кор дар “Роғун” шитоб надоранд”, посух дод, ки “барои ҳалли ин масъала ситод оид ба ҷалби кадрҳо ба сохтмони НБО “Роғун” таъсис дода шудааст”.
Рӯзноманигорон ба сабабҳояш таваҷҷуҳ зоҳир намуданд, аз ҷумла шароити кор, саривақт пардохт шудани музди меҳнат, мувофиқати ихтисос ба ҷойҳои корӣ ё дигар сабабҳо.
Лекин ин саволҳо бе посух монданд...
Кадом рақамҳо зикр шуданд?
Дар бораи боло бурдани маош ва оид ба коҳиши камбизоатӣ.
Тайи ду соли ахир сатҳи камбизоатӣ ба андозаи 0,9% коҳиш ёфта, акнун ин нишондиҳанда 22,5%-ро ташкил медиҳад.
Ба ҳолати 1 декабри соли 2022 музди меҳнати миёна дар ҷумҳурӣ 1730,12 сомонӣ (166,62 доллар)-ро ташкил дода дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 13,4% ё худ 204,7 сомонӣ зиёд шудааст.
Дар ин маълумот ҷузъиёт ҷой надошт - тақсимот аз рӯи соҳаҳо, дар кадом соҳа маош баландтарину дар кадомаш аз ҳама паст.
Бино ба маълумоти соли гузашта, баландтарин маошро дар Тоҷикистон кормандони созмон ва намояндагиҳои хориҷӣ (11,3 ҳазор сомонӣ - ҳудуди 1,1 ҳазор доллар) мегиранд. Маоши пасттарин дар бахши кишоварзӣ (633,8 сомонӣ - ҳудуди 61 доллар) ба қайд гирифта шудааст.
Вазири меҳнат 20-25% зиёд шудани музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳоро дар соли равон бахусус зикр кард.
Саволи нозук
Ва боз. Гулнора Ҳасанзода вазири тозатаъин буда, пеш аз ӯ вазоратро Ширин Амонзода роҳбарӣ мекард, ки бо сабаби сиёсати нодурусти кадрӣ аз мансаб барканор шуд. Лекин ин расман чӣ маънӣ дорад, ба мо шарҳ надоданд. Тибқи овозаҳо, муовинони ӯ (онҳо ҳам аз вазифа озод шуданд) бо пора дастгир шудаанд.
Аз ин рӯ, табиист, ки рӯзноманигорон ба ин масъала таваҷҷуҳ доштанд. Лекин ин ҳам бе посух монд.
Ҳама кӯшишҳо барои шунидани ақидаи вазири нав дар бораи хатогиҳои роҳбарияти қаблӣ ва чӣ гуна Ҳасанзода онҳоро ислоҳ карданист, бенатиҷа анҷом ёфт. Вай бо ҳар васила ин масъаларо нодида мегирифт ва дар хадамоти матбуотӣ гуфтанд, ки масъалаи кадрии ҳукумат дар салоҳияти Вазорати меҳнат нест.
Аввалин нишасти матбуотии вазири нав бо ҳамин анҷом ёфт ва ӯ ваъда дод, ки минбаъд ҳамкориро бо матбуот бештар ривоҷ медиҳад.