Пеш аз таҷлили ҷашни Наврӯз дар шаҳри Душанбе ярмаркаҳои маҳсулоти мавриди ниёзи аввал бо нархҳои нисбатан арзон ташкил карда мешаванд.
Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории пойтахт хабар доданд, кори ярмаркаҳо аз 16 март оғоз гардида, то 20 март давом мекунад.
Ярмаркаҳо дар даромадгоҳи бозорҳои “Меҳргон”, “Саховат”, назди бинои ҳукумати ноҳияи Сино (Қарияи Боло) ва боғи “Куруши Кабир” ташкил карда мешаванд.
Дар ин ярмаркаҳо бо нархҳои нисбатан арзонтар аз бозор гӯшту орд, равған, шакар ва сабзавот харидан мумкин аст.
Ёдрас мекунем, ки дар пойтахт 15 ярмаркаи доимо амалкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ амал мекунанд: дар бозорҳои “Деҳқон”, “Яккачинор”, назди масҷиди Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (Испечак-2), дар маҳаллаи 104-ум (истгоҳи охири маршруткаҳо), дар кӯчаи Маяковскии маҳаллаи 32-юм ва ғайра).
Гуфта мешавад, нархҳо дар ин ярмаркаҳо нисбатан арзону дастрасанд. Аз ҷумла, дар ин ҷо 1 халта орд 265 сомонӣ, 1 кило картошка - 3,8 сомонӣ, 1 кило пиёз - 4 сомонӣ, 1 кило сабзӣ - 2 сомонӣ, 1 кило гӯшти гов - 55 сомонӣ, 5 литр равғани растанӣ - 90 сомонӣ, 1 кило шакар - 8,2 сомонӣ нарх доранд.
Кем был редактор самой массовой газеты в истории Таджикистана?
Казахстан помог Таджикистану мазутом и продуктами питания
Как десять Пентагонов. Китай построит крупнейший в мире подземный военный комплекс
Гражданам Таджикистана разрешили пересекать российско-белорусскую границу наземным транспортом
Пятерка производителей электроэнергии Таджикистана. Кто сколько выработал в 2024 году?
Воздух в Таджикистане стал чище? Так утверждают в руководстве Госкомприроды
Доктор Косимзода: «Проказы в Таджикистане нет, но мы должны быть начеку»
Имамы в Кыргызстане разрешили Минздраву пересаживать органы трупов
TIKA реализовало проект по обучению компьютерной грамотности сотрудников пенитенциарной системы Таджикистана
Чтобы отблагодарить и приучить к чистоте: в Душанбе завершилась экологическая кампания #OzmuniSabz2024
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста