Дар соли 2023, як сол пас аз оғози ҷанги Русияву Украина, масъалаи таъсири он ба муҳоҷирати корӣ ба Русия махсусан муҳим мешавад. Пеш аз ҳама, барои он кишварҳое, ки таъминкунандагони асосии қувваи корӣ ба бозори меҳнати Русия мебошанд, аз ҷумла: Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон.

Қисмати зиёди аҳолии калонсоли онҳо дар Русия кор мекунанд ва интиқоли маблағ аз муҳоҷирони пулкоркун яке аз манбаъҳои муҳими воридот ба буҷети онҳо мебошад.

Ҳамин тавр, тибқи гузориши портали ИДМ, дар сохтори интиқол пул аз Русия ба Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеӣ, ки ба 1,8 млрд доллар баробар аст, 95%-ашро рубл ташкил медиҳад.

Масъала сари он аст, ки моҳҳои наздик вазъи муҳоҷирати корӣ ба Русия ва даромади муҳоҷирони корӣ чӣ мешавад, мақом ва сохтори шуғли онҳо дар шароити нав чӣ гуна тағйир хоҳад ёфт? Метавон коҳиши онро интизор шуд ё баръакс, сиёсати воридотивазкунии аз ҷониби ҳукумати Русия эълоншуда барои муҳоҷирон имкониятҳои нав фароҳам меорад?

Барои посух додан ба ин саволҳо, биёед бодиққат ба тамоюлҳои асосӣ дар иқтисоди Русия ва бозори меҳнат назар кунем.

Пеш аз ҳама дар он бахшҳои иқтисод, ки аксари муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя машғули кор ҳастанд, инҳо бахши сохтмон, тиҷорат ва хидматрасонӣ мебошанд.

Сипас самт ва тамоюлҳои асосиеро, ки дар моҳҳои охир дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ бартарӣ доранд, баррасӣ хоҳем кард. Ва дар ҷамъбаст, ҷиҳати посух ба саволи он, ки кадом сенарияҳо ва вариантҳои асосии рушди муҳоҷирати меҳнатӣ барои соли ҷорӣ 2023 бештар ба назар мерасанд, кӯшиш хоҳем кард.

Вазъият дар иқтисоди Русия ба муҳоҷирон имкони даромади муътадилро торафт камтар мегузорад

Иқтисод ва бозори кори Русия дар зери таҳримҳо

Муносибати аксарияти иқтисодчиёни маъруфи Русияро ба оқибатҳои таҳримҳо ба иқтисоди Русия метавон ба таври мухтасар ҳамчун “рӯҳафтодагӣ (пессимизм)-и мӯътадил” арзёбӣ кард. Пешгӯиҳои ноумедонаи аввали соли гузашта дар бораи фурӯпошии иқтисоди Русия дар натиҷаи таҳримҳои густурдаи байналмилалӣ амалӣ нагардид: иқтисоди Русия дар соли аввали таҳримҳо истодагарӣ карда, соли аввали таҳримҳоро нисбатан муваффақона паси сар кард.

Ба ин тариқ, тибқи маълумоти Вазорати молияи Русия, коҳиши ММД дар соли 2022 ба ҷои 12%-и дар аввал пешбинишуда ҳамагӣ 2,7% -ро ташкил дод. Ба мақомот муяссар шуд, ки аз фурӯпошии қурби рубл пешгирӣ кунанд ва нархи маҳсулоти асосиро ба эътидол оваранд.

Дар маҷмӯъ, ҳукумати Русия таваррумро, ки дар баҳори соли 2022 аз миқёси 17% берун рафта буд, тавонист дар ҳудуди 12,5-13% нигоҳ дорад, ки ин дар навбати худ, ба пешгирии якбора паст шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат кард.

Сабаби асосии чунин суботи иқтисоди Русия ин аст: аввалан, кишвар захираҳои назарраси молиявӣ ҷамъоварӣ кардааст, ки ба мақомоти Русия имкон дод зарари аз таҳримҳо воридшударо тавассути ворид кардани маблағҳои иловагӣ ба иқтисодиёт ҷуброн кунанд.

Ҳамин тариқ, давоми соли гузашта мақомот барои пӯшонидани касри буҷет маблағҳои зиёд, барои дастгирии бахши кишоварзӣ, соҳаи сохтмон ва индексатсияи маоши кормандони буҷетӣ  кумакпулиҳо ҷудо карданд, ки асосан болоравии нархҳоро ҷуброн карданд.

Сониян, сарфи назар аз таҳримҳо, болоравии нарх ба маводи сӯзишворӣ ​​ба Русия имкон дод, ки зарари бозори Аврупоро ҷуброн кунад.

Дар натиҷа, тибқи гузориши Current Time, даромад аз содироти маводи сӯзишворӣ ​​дар соли 2022 ба 383,7 млрд доллар расид, ки 43% зиёдтар нисбат ба соли 2021 ва рекорди мутлақ тайи 27 сол мебошад.

Ҷараёни даромад аз бахши энергетика ба мақомоти Русия имкон дод, ки барои дастгирии бахши сохтмон маблағҳои зиёд ҷудо кунанд, инчунин он ба бахшҳои хидматрасонӣ ва савдои чакана, ки аксарияти муҳоҷирони корӣ дар онҷо кор мекунанд, таъсири мусбат расонд.

Дар маҷмӯъ, тибқи натиҷаҳои соли гузашта мақомот ҳатто тавонистанд сатҳи бекориро аз 4,4% (январи соли 2022) то ба 3,6% (январи соли 2023) коҳиш диҳанд, ки ин ҳам ба вазъи умумии шуғл ва ҳам ба вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ таъсири мусбат расонд.

Аммо, дар аввали соли 2023 маълум шуд, ки манзараи умумӣ воқеан хеле мушкилтар ба назар мерасад ва дурнамо он қадр хурсандиовар нест. Пеш аз ҳама, ба навиштаи “Коммерсант”, дар моҳҳои январ-март даромад аз бахши нафту газ, ки асоси некуаҳволӣ ва суботи иқтисоди Русия аст, башиддат кам шуда, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта қариб 45% коҳиш ёфтааст.

Сабаби коҳиш ҷорисозии таҳримҳо ба бахши нафту газ аст, ки Ғарб дар моҳи декабри соли 2022 ва феврали соли 2023 қабул карда буд.

Ба гуфтаи коршиносони канали Varlamov, "Ғарби дастаҷамъона" аз ҷорӣ кардани таҳримҳои бузург ба соҳаи нафту гази Русия дар соли 2020 худдорӣ варзид, то ки ба болоравии босуръати нархи сӯзишворӣ дар ҷаҳон роҳ надиҳад ва сардиҳои зимистонро оромона паси сар кунад.

Сурат аз торнамои centralasia.media

Аз ин рӯ, ин гурӯҳи таҳримҳо танҳо дар моҳи декабри соли 2022 (ҳадди ниҳоии нафти Русия) ва феврали соли 2023 (таҳримҳо нисбати маҳсулоти нафтӣ) ҷорӣ шуда, иқтисоди Русия паёмадҳои воқеии онҳоро танҳо дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ эҳсос кард.

Ғайр аз ин, Ғарб дар соли 2022 ба нафти Русия пурра эмбарго (манъ) ҷорӣ накарда, танҳо дастрасӣ ба бозори Аврупоро барои интиқолдиҳандагони энергетикии Русия қатъ кард. Дар натиҷа, Русия маҷбур аст, ки онҳоро танҳо дар бозорҳои алтернативӣ (Чин ва Ҳинд) фурӯшад. Ин бозорҳо аллакай захираи зиёд доранд, аз ин рӯ нафту гази Русия дар онҷо бо тахфифи зиёд фурӯхта мешаванд.

Ба ин тариқ, тамоюли асосӣ дар соли 2023 коҳиши манбаъҳои асосии маблағгузорӣ ба иқтисоди Русия мебошад, ки як занҷири зуҳуроти бӯҳронии ба ҳам алоқамандро оғоз мекунад: пули камтар дар иқтисод маънои коҳиши даромад ва хароҷоти истеъмолиро дорад. Ва ин дар навбати худ, минбаъд ба коҳиши соҳаи хидматрасонӣ, савдо ва сохтмон — ҳамон соҳаҳои иқтисод боис мегардад, ки аксарияти аҳолӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ дар онҳо бо кор машғуланд.

Дар ҳамин ҳол, бештари коршиносон бар ин назаранд, ки захираҳои молии Русия то ҳол назаррас боқӣ мондааст ва ин ба мақомоти Русия имкон медиҳад, ки ҳадди ақал то як ё якуним соли дигар сӯрохиҳоро дар буҷет ва иқтисод рӯйпӯш кунанд.

Аммо худи захираҳо дар ин шароит коҳиш ёфта, ҳукуматро ба кам кардани хароҷоту сарфаи хароҷоти иҷтимоӣ маҷбур мекунанд, яъне онҳо дигар наметавонанд мисли пештара барои дастгирии бахшҳои иқтисодиёт ва индексатсияи маошу нафақа кумакпулӣ ҷудо кунанд.

Ба ибораи дигар, фурӯпошӣ (коллапс) намешавад, лекин буҳрон ба сатҳи зиндагӣ ва шуғли аҳолӣ таъсир мерасонад.

Ин раванд аллакай оғоз шудааст: ба навиштаи «Новая газета», дар арафаи соли 2023 даромади воқеии русиягиҳо 6,5% аз сатҳи тобуҳронии соли 2013 поин рафтааст. Moscow Times дар ин робита менависад, ки то поёни соли 2022 қобилияти харидории даромади русиягиҳо аз 24 маҳсулоти асосии ғизоӣ дар 18-тоаш коҳиш ёфтааст; Аз ҷумла, ба навиштаи «Коммерсант», дар остонаи соли 2023 ҳузур дар марказҳои савдо дар Маскав ва Санкт-Петербург нисбат ба соли гузашта 10-15% камтар ва беш аз 30% аз рақамҳои соли 2020 поин рафтааст.

Вазъият ва тамоюлҳои асосӣ дар соҳаи муҳоҷирати корӣ

Тағйироти дар боло зикршуда дар иқтисоди Русия ба муҳоҷирони меҳнатӣ чӣ гуна таъсир расониданд?

Муҳоҷирон тағйирёбии қурби рублро хеле хуб эҳсос мекунанд, агар он паст шавад, бозори кор барои онҳо камтар ҷолиб мешавад. Дар давраи поинравии рекордии рубл дар моҳҳои март-апрели соли 2022 ба ҳамин миқёс хуруҷи муҳоҷирони корӣ аз Русия мушоҳида шуд.

Ҳамагӣ дар ин муддат беш аз 400 ҳазор муҳоҷир ба кишварҳои худ баргаштанд, ки аз ин теъдод ҳудуди 60 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ва беш аз 130 ҳазор нафар аз Ӯзбекистон буданд.

Ба эътидол омадани қурби рубл аллакай дар моҳи июни соли 2022 ба барқарор шудани муҳоҷирати корӣ то сатҳи қаблӣ боис шуд.  Коҳиши ахири қурби рубл боз ба даромади онҳо зарба зад, аммо азбаски ин тирамоҳ кӯтоҳмуддат буд, ин ҳоло ба коҳиши умумии муҳоҷират оварда нарасонидааст.

Дар бозори кори Русия имрӯз мо якчанд тамоилҳои асосиро мушоҳида мекунем.

Дар навбати аввал, ҳам аз лиҳози иқтисодӣ ва ҳам аз нигоҳи ҳуқуқӣ метавон печидагии умумии вазъи муҳоҷирони корӣ дар Русияро зикр кард. Ба ин тариқ, хароҷоти муҳоҷирон барои билети ҳавопаймо, иқомат ва ҳуҷҷатгузорӣ зиёд шуд.

Сурат: ekaterinburg.bezformata.com

Аз ҷумла, дар оғози соли 2022 нархи парвоз барои муҳоҷирони тоҷик тақрибан ду баробар, қимати патент ба ҳисоби миёна 10-15% боло рафтааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ муҳоҷирон аз боло рафтани арзиши зиндагӣ дар Русия бар асари бӯҳрон – боло рафтани маблағи иҷораи манзил, хароҷот ба ғизо, роҳкиро ва ғайра шикоят мекунанд.

Илова бар ин, чанд сол боз дар як қатор минтақаҳои Русия барои ҷалби қувваи корӣ аз кишварҳои ҳамсоя мунтазам чораҳои маҳдудкунанда ҷорӣ карда мешаванд.

Ин ҳолат боиси афзоиши шадиди дархостҳо барои гирифтани шаҳрвандии Русия, бахусус миёни шаҳрвандони Тоҷикистон шудааст. Дар соли 2022 174 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, яъне теъдоди онҳо дар як сол 67% боло рафтааст.

Барои муқоиса: теъдоди шиносномаҳое, ки ба шаҳрвандони Қирғизистон дода шудаанд, дар ин муддат 22% афзоиш ёфта, 23 ҳазорро ташкил дод. Ба шаҳрвандони Ӯзбекистон 27 ҳазор шиносномаи Русия дода шудааст, ки 14,5% камтар нисбат ба соли 2021 мебошад.

Нашрияи «Current Time» маъруфияти шаҳрвандии Русияро дар миёни муҳоҷирони тоҷику қирғиз мавҷуд набудани алтернативаҳо шарҳ медиҳад, зеро бозори кори Русия барои онҳо ягона воситаи таъмини рӯзгори оилаҳои онҳо боқӣ мемонад.

Дар ҳамин ҳол, иқтисоди Русия ҳарчи бештар ба муҳоҷирони корӣ эҳтиёҷ дорад - қисман ба далели буҳрони демографӣ, инчунин бо сабаби сафарбарӣ ба таври оммавӣ ба хориҷа рафтани русиягиҳо дар охири соли 2022.

Бо сабаби ба заминаи низомӣ гузаштани иқтисод, ба муҳоҷирон оянда дар бахши комплекси ҳарбӣ-саноатии Русия метавонад талабот пайдо шавад.

Илова бар ин, ба навиштаи РБК, танҳо барои дар сатҳи 146 млн нафар нигоҳ доштани аҳолӣ, Русия бояд дар тӯли 80 сол ба ҳисоби миёна ҳамасола 390 ҳазор муҳоҷирро ҷалб кунад.

Дар натиҷа, соли гузашта ҳукумати Русия барои ҳавасмандсозии муҳоҷират, танзим ва қонунӣ кардани муҳоҷират ва тағйир додани расмиёти маъмурӣ (бюрократӣ) як қатор тадбирҳо андешид.

Охири моҳи марти соли 2022 дар Русия лоиҳаи қонун дар бораи феҳристҳои ягонаи коргарони хориҷӣ ва корфармоёни онҳо таҳия шуд; доир ба таъсиси марказҳои нави мутобиқшавӣ барои муҳоҷирон; ифтитоҳи намояндагиҳои Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷирати “Сахарово” дар кишварҳои хориҷи наздик тасмим гирифта шуд. Дар бораи таъини нафақа ба муҳоҷирон, инчунин боло бурдани ҳадди интиқоли маблағҳо ба хориҷа ва ғайра қарорҳо қабул шуданд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва чатҳо муҳоҷирон ин навовариҳоро ба таври гуногун арзёбӣ мекунанд: бархе аз онҳо изҳори нигаронӣ мекунанд, ки баъзе чораҳои танзими муҳоҷират метавонанд танҳо расмиёти маъмуриро мушкилтар ва хароҷоти муҳоҷиронро барои ҳуҷҷатгузорӣ зиёд кунанд.

Дар соли 2022 муҳоҷирони корӣ дар бахши сохтмон муваффақ буданд; чуноне ки дар боло зикр шуд, ба ин бахш то ҳол аз ҷониби мақомоти Русия фаъолона кумакпулӣ ҷудо мешавад. Вазъият дар соҳаи хидматрасонӣ ва савдо, чунон ки гуфта шуд, дар аввали сол хеле душвортар гардид.
Муҳоҷирони корӣ (дар навбати аввал аз Тоҷикистон ва Қирғизистон) то охирин имкон дар бозори кори Русия боқӣ хоҳанд монд

То имрӯз дар бораи он, ки давраи нави бӯҳрон ба муҳоҷирони меҳнатии машғули кор дар ин бахшҳои иқтисод чӣ гуна таъсир мерасонад, маълумоти дақиқ вуҷуд надорад.

Иқтисодчиён мегӯянд, бисёр чиз, аз ҷумла сатҳи шуғл ва даромади коргарону муҳоҷири маҳаллӣ ба он вобаста хоҳад буд, ки иқтисоди Русия баҳори имсол чӣ гуна аз “озмоиш” мегузарад.

Дар соҳаи шуғли аҳолӣ низ тағйирот ба амал омад: бинобар муҳоҷирати оммавии ҷавонони рус, дар бозори кор барои мутахассисони соҳибкасб, пеш аз ҳама табибон, омӯзгорон, менеҷерони ботаҷриба ва мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ (IT-мутахассисон) ҷойҳои кории холии бештар пайдо шуданд.

Ин метавонад боиси мавҷи нави муҳоҷирати кадрҳои соҳибихтисос, пеш аз ҳама табибон ва омӯзгорон аз кишварҳои хориҷи наздик ба Русия шавад.

Яке аз ҳолати ғайричашмдошт (“сюрприз”)-и асосӣ барои муҳоҷирони корӣ дар шароити нав, имкони сафарбар шудан (ихтиёрӣ ё ғайриихтиёрӣ) ба ҷанг бо Украина аст.  

Ба ин тариқ, тибқи гузориши Маркази зидди табъизи «Мемориал», тамоми соли гузашта давлат кӯшиш кард, ки муҳоҷирони меҳнатиро ба ҷанги Украина ҷалб кунад.

Дар ин гузориш гуфта мешавад, дар бораи он, ки чанд шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сафҳои Русия меҷанганд, рақами дақиқ вуҷуд надорад; аммо то сафарбарии оммавӣ дар моҳи сентябри соли 2022, теъдоди онҳо метавонад тақрибан 6 ҳазор нафарро ташкил диҳад.

Гурӯҳи асосии ҳадафнок барои сафарбарӣ дорандагони шиносномаи Русия (душаҳрвандӣ) буданд.

Тибқи маълумоти “Мемориал”, дар як қатор мавридҳо доир ба имзои маҷбурии қарордоди ҳарбӣ зери таҳдиди маҳрум кардан аз шиносномаи Русия дар сурати рад шудан сухан мерафт.

Ҷорӣ шудани механизми даъватномаҳои электронӣ ва феҳристи ягонаи шахсони сафарбаршуда дар моҳи апрели соли 2023, имкони шомил шудани шахсони душаҳрвандиро ба артиши Русия ва  амалиёти ҷангӣ дар Украина ба таври назаррас зиёд мекунад.

Минбаъд чӣ мешавад?

Се сенарияи эҳтимолии рушди вазъ дар бозори меҳнати Русия ва дар соҳаи муҳоҷирати корӣ вуҷуд дорад.

Сенарияи аввал ва аз ҳама мусбат дар назар дорад, ки муноқиша атрофи Украина дар чанд моҳи оянда бо бастани тавофуқномаи сулҳи мутақобилан қобили қабул миёни тарафҳо хотима меёбад.

Ин ба ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон медиҳад, ки таҳримҳо, пеш аз ҳама дар бахши нафту газро бекор кунад, ки ба тамоми бахшҳои иқтисод таъсири мусбат мерасонад.

Ин варианти мусоидтарин барои муҳоҷирон аст, зеро бекор шудани таҳримҳо, бешубҳа ба эҳёи иқтисод, ривоҷи фаъолияти соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ғайра боис мегардад.

Дуюм, сенарияи ба истилоҳ миёна ё "статус-кво" (вазъи мавҷуд) маънои онро дорад, ки амалиёти ҷанг тӯлонӣ гардида, низоъ амалан ба муддати номуайян мутаваққиф мешавад.

Дар ин сурат, таҳримҳо бекор намешаванд, балки тадриҷан шадидтар хоҳанд шуд, то ки раҳбарияти Русия аз захираҳои идомаи ҷанг маҳрум шавад. Дар ин ҳолат, ба эҳтимоли зиёд, хуруҷи оммавии муҳоҷирон ба кишварҳояшон сурат нагирифта, вале коҳиши даромади муҳоҷирон идома меёбад ва шароити ёфтани кор ва шуғли онҳо дар Русия бадтар мешавад.

Бо вуҷуди ин, вазъи мавҷуд наметавонад муддати тӯлонӣ идома ёбад, зеро бидуни вуруди долларҳо аз нафт, захираҳои худи Русия дар беҳтарин ҳолат, ба якуним-ду сол мерасад.

Пас аз ин, оқибатҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ барои Русия ва шарикони ИДМ метавонад хеле манфӣ гардад, яъне дар оянда вазъ метавонад тадриҷан ба сенарияи навбатии сеюм гузарад.

Сенарияи сеюм ҳам барои ҳамаи кишварҳои пасошӯравӣ ва ҳам барои Русия ва муҳоҷирони корӣ аз ҳама манфӣ аст. Ин аз назорат баромадани низоъ ва авҷ гирифтани минбаъдаи он бо оқибатҳои пешгӯинашаванда, пайвастани кишварҳои сеюм ба низоъ ва ғайраро дар назар дорад.

Дар ин ҳолат, таҳримҳои байналмилалӣ то ҳадди имкон пурзӯр карда мешаванд, масалан, дар Иттиҳоди Аврупо имрӯз имкони таҳримот зидди бахши кишоварзии Русияро баррасӣ мекунанд, ки то ҳол аз ҳароси босуръат боло рафтани нархи маҳсулот дар ҷаҳон, аз он худдорӣ меварзиданд.

Дар ин сенария шароит барои нигоҳ доштани муҳоҷирати меҳнатӣ низ то ҳадди имкон номусоид хоҳад буд.

Сурат аз торнамои centralasia.media

Ба андешаи ман, мутаассифона, ба амалишавии сенарияи аввал ва бештар мусбат имрӯз эҳтимоли камтар меравад. Айни замон ҳеҷ нишонае аз созиши сулҳ ба назар намерасад ва мавқеъҳои тарафҳо ҳарчи бештар мухолифанд.

Сенарияи сеюми аз ҳама манфӣ низ то ҳол аз эҳтимол дур ба назар мерасад, зеро ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ барои пешгирӣ аз авҷгирии беназорати низоъ тамоми талошро ба харҷ медиҳанд.

Ба ин тариқ, ба эҳтимоли зиёд, имсол сенарияи дуюми муноқишаи тӯлонӣ аз ҳама воқеӣ хоҳад буд. Ин барои муҳоҷирони корӣ низ чандон мусоид нест, зеро ба ин ё он гуна як қатор падидаҳои манфиро дар назар дорад: беқурбшавии рубл, коҳиши фаъолияти соҳибкорӣ ва камшавии даромадҳо.

Дар ин сурат тадриҷан ё зуд, вобаста ба сатҳи буҳрон метавон то андозае аз коҳиши муҳоҷират ва даромади муҳоҷирон интизорӣ дошт. Илова бар ин, ба коҳиши муҳоҷирати корӣ миқёси сафарбарӣ ба артиши Русия низ метавонад таъсир расонад - оё он суръат мегирад ё не, то чӣ андоза ба шахсони душаҳрвандӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ таъсир мерасонад ва ғайра.

Дар ҳамин ҳол, бештари коршиносони умури муҳоҷират дар минтақаи мо бар ин назаранд, ки муҳоҷирони корӣ (дар навбати аввал аз Тоҷикистон ва Қирғизистон) дар бозори кори Русия то имкони охир боқӣ хоҳанд монд. Тавре Вести.kg дар ин замина менависад, агар онҳоро дар ватанашон ҷои кор ва маоши рақобатпазир интизор мебуд, вазъ дигар мешуд.

Ин маънои онро дорад, ки ҳатто дар сурати боз поин рафтани қурби рубли русӣ, бисёре аз муҳоҷирони тоҷик мувофиқи имкон талош хоҳанд кард, ки давраи душвор дар бозори кори Русияро паси сар кунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.