Гулрухсор Сафӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, дар чорабинии бузургдошти “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ дар Теҳрон перомуни забон ва шеъри форсӣ ва Рӯдакиву Фирдавсӣ ҳарф задааст.

Навори суханронии ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт.

Гулрухсор дар ин чорабинӣ, ки рӯзи 15-уми май дар Китобхонаи миллии Эрон бахшида ба бузургдошти “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ баргузор гардидааст, аз сароғози шеъри форсӣ гуфта, таъкид кардааст, ки “устод Рӯдакӣ барои устод Фирдавсӣ раҳ кушод”.

“Ба саҳнаи забони миёнаи форсӣ ворид шудани устод Рӯдакӣ ва 40 сол хидмат карданаш дар дарбори Сомониён рустамона аст ва маҳз устод Рӯдакӣ ба устод Фирдавсӣ раҳ кушод. Баъди ин раҳкушоӣ, устод Фирдавсӣ, ки як деҳқон буданд, бузургтарин китоби сиёсии ҷанг ва сулҳи ҷаҳонро навиштанд. Ҳамин аст, ки ман мегӯям, мо зи дарди Рӯдакӣ рӯйидаем”, - гуфтааст Гулрухсор.

Шоир таъкид кардааст, ки ин забон мисли обҳои рӯдхонаҳои кӯҳистон ба сангҳои таъриху ба сангҳои хиёнат бархӯрда, мисли оби чашма пухта ва бомазза шудааст.

“Ман, ки ҷаҳон зиёд гаштаам, медонам, дар ҳама кишварҳо маҳфилҳову ташкилотҳову донишгоҳҳои забони форсӣ фаъол ҳастанд. Ман хотирҷамъ ҳастам аз забони форсӣ-тоҷикӣ”, - зикр намудааст Гулрухсор.

Ба таъкиди ӯ “дар замони шӯравӣ ҷашни Наврӯз ва дигар анъанаҳои миллии тоҷиконро манъ карданд, вале мардуми тоҷик бо баҳонаҳои гуногун шеърӣ форсӣ-тоҷикӣ месуруданд. Акнун бовар дорам, ки ин забон аз байн нарафт ва намеравад”.

Ӯ ҳамин тавр дар суханрониаш мегӯяд, ки “ман дар Эрон меҳмон нестам, мизбонам ва дар ватани худ ҳастам. Мо бояд таърихи сесадсолаи охирро ҷиддӣ биомӯзнем, чунки ин таърихи куштани фарҳанги мо аст. Сесад сол моро аз ҳам ҷудо карданд. Рустамро дар “Шоҳнома” накуштанд, Рустамро дар ҳамин сесад соли охир куштанд. Инро бояд ҷиддӣ гирифт”.

Лаҳзаи тақдими “Шоҳнома”-и шоҳӣ”
Акс аз саҳифаи фейсбуки Гулрухсор

Мавриди зикр аст, ки 15-уми май Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ аст ва ҳамасола дар кишварҳои форсизабон аз он ба таври бошукӯҳ таҷлил мекунанд.

Имсол як теъдод зиёиёни тоҷик барои иштирок дар намоишгоҳи байналимилалии “Китоби Теҳрон”, ки ба зодрӯзи Фирдавсӣ рост омад, рафта, мавлуди ин шоири ҳамосасарои тоҷику форсро таҷлил намуданд.

Гулрухсор бо нашри ду акс аз Теҳрон навишт, ки дар чорабинии бузургдошти “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ ва посдошти забони форсӣ дар Эрон ширкат варзидааст.

Дар ин ҷашнвора аз ҷониби Анҷумани фарҳангии Эрон ба Гулрухсор ““Шоҳнома”-и шоҳӣ” ҳам ҳадя шудааст.

Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли гузашта Гулрухсор ҳамроҳ бо Абдунабӣ Сатторзода ва Рустам Ваҳҳобзода ба узвияти Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон пазируфта шуда буданд.

Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ яке аз бонуфузтарин марказҳои илмии таҳқиқ ва тарғиби забону адаби форсӣ дар ҷаҳон буда, мақоми Академияи улумро дорад ва узвияти он баробар ба унвони академикӣ аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.