Дар бозорҳои шаҳри Душанбе дар арафаи Иди Қурбон ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мешавад, хабар доданд аз шаҳрдории пойтахт ба “Азия-Плюс”. Гуфта мешавад, ки дар ин бора Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе қарори дахлдорро имзо кардааст.

Ярмаркаҳо дар бозорҳои Душанбе аз 21 то 27-уми июн баргузор шуда, ба сокинон молу маҳсулот бо нархи дастрас пешниҳод карда мешаванд.

Ярмаркаҳо дар бозори Меҳргон, дар чорроҳаи кӯчаҳои Ҳусейнзода ва М.Турсунзода (назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмон), дар майдончаи назди бозори “Қарияи боло”, бозори “Саховат” ва “Бозори деҳқон” (Гипрозем) ташкил карда мешаванд.

Иди Қурбон ҷашнест, ки онро ҳамасола мусалмонони ҷаҳон дар рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа, пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр ҷашн мегиранд.  Дар Иди Қурбон мусалмонони ҷаҳон ба сафари ҳаҷ рафта, зиёрати хонаи Худоро ба ҷо меоранд. Ашхоси тавонманд дар ин рӯз, тибқи расми ин ойини мазҳабӣ, чорво қурбонӣ карда, ба ҳамсояҳои камбизоат ва мардуми дастнигар либосворӣ ва ё пулу маводи ғизоӣ кӯмак мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти пешакии Шӯрои уламои Тоҷикистон, имсол Иди Қурбон 28-уми июн таҷлил мешавад.

Ба ин тартиб, дар авали ҳафтаи оянда тоҷикистониён бо назардошти рӯзи якшанбе чаҳор рӯз пайиҳам истироҳат хоҳанд кард.

Барои пайиҳам омадани рӯзҳои истироҳат мувофиқи қарор “Дар бораи гузарондани рӯзҳои ид ба рӯзҳои дигари кории соли 2023”, рӯзи шанбеи 24-уми июн рӯзи корӣ буда, истироҳат ба рӯзи душанбеи 26-уми июн гузаронида мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.